Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гарчи медонам, ки рӯзе бениқоб ояд бурун,
То напиндорӣ, ки ҷон аз печу тоб ояд бурун.
Зарбате бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хок,
Нола кай бе захма аз тори рубоб ояд бурун.10

Аммо ин пайравии ягонаи Иқбол аз Ҷомӣ нест, балки ӯ ба чандин ғазали вай ҷавоб ва назира гуфтааст. Чунончи, ӯ ин ғазали машҳури худро:

Мисли оина машав маҳви ҷамоли дигарон,
Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон.
Оташ аз нолаи мурғони ҳарам гиру бисӯз
Ошиёне, ки ниҳодӣ ба ниҳоли дигарон.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Марди озодаму он гуна ғаюрам, ки маро
Метавон кушт ба як ҷоми зулоли дигарон.
Эй ки наздиктар аз ҷонию пинҳон зи нигоҳ,
Ҳаҷри ту хуштарам ояд зи висоли дигарон,11

ки вирди забони хоссу ом аст, дар пайравии ғазали зерини Ҷомӣ сурудааст:

Ману фикри ту, чӣ бинам ба ҷамоли дигарон,
Ҳам хаёли ту маро беҳ, ки висоли дигарон.
Ғайратам бо ту чунон аст, гарам даст диҳад,
Нагузорам, ки дароӣ ба хаёли дигарон.
Ба муҳолоти рақибон чӣ ниҳам самъи қабул?
Ҳоли мо гӯш кунӣ, беҳ, ки муҳоли дигарон.
Рӯзу шаб ташнаҷигар хоки дарат бӯса занам,
Ман, ки лаб тар накунам з-оби зулоли дигарон.
Ҳар чӣ, ҷуз дӯст, бурун мекунам аз хилвати дил,
Кай бувад дар ҳарами шоҳ маҷоли дигарон?
Мебарад номаи ӯ ҳудҳуду мо дур, дареғ,
Ки паридан натавонем ба боли дигарон.
Ҳоли Ҷомӣ зи ғамат зору ту аз сангдилӣ
Мекушоӣ назари лутф ба ҳоли дигарон.12

Иқбол ин ғазали худро:

Ҷонам даровехт бо рӯзгорон,
Ҷӯест нолон дар кӯҳсорон13

низ дар пайрави ғазали поёни Ҷомӣ гуфтааст:

Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.
Лола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад бар кӯҳсорон.14

Албатта, дар ин замина метавон намунаҳои дигарро ҳам афзуд, аммо мо дар ин мавқеъ бо овардани як намунаи дигар қаноат менамоем:

Эй зи мушкин турраат дар ҳар диле банде дигар,
Риштаи ҷонро ба ҳар мӯи ту пайванде дигар.
Зулфи ту, ё раб, чӣ занҷирест, к-аз савдои ӯ
Ҳар замон девона мегардад хирадманде дигар.
Чун раҳад мискин дилам з-он ҷаъди хам дар хам, ки ҳаст
Ҳар хаме сад ҳалқаву ҳар ҳалқае банде дигар.
Гар падар хуршеду модар моҳ бошад, филмасал,
Бар замин н-ояд ба хубӣ чун ту фарзанде дигар.
То самоъи қавли мутриб дод панди ман ҳаким,
Хуш намеояд, ки дорам гӯш дар панде дигар.15
Ҷомӣ
Метарошад фикри мо ҳар дам худованде дигар,
Раст аз як банд, то афтод дар банде дигар,
Бар сари бом о, ниқоб аз чеҳра бебокона каш,
Нест дар кӯи ту чун ман орзуманде дигар.
Баски ғайрат мебарам аз дидаи бинои хеш,
Аз нигаҳ бофам ба рухсори ту рӯбанде дигар.
Як нигаҳ, як хандаи дуздида, як тобанда ашк,
Баҳри паймони муҳаббат нест савганде дигар.
Ишқро нозам, ки аз бетобии рӯзи фироқ
Ҷони моро баст бо дарди ту пайванде дигар.
То шавӣ бебоктар дар нолаи мурғи баҳор,
Оташе гир аз ҳарими синаам чанде дигар…

пешина
аз 86
навбатӣ