Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Раҳ мадеҳ дар Каъба, эй пири ҳарам, Иқболро,
Ҳар замон дар остин дорад худованде дигар.16
Иқбол

Иқбол на танҳо дар сурудани ғазал ба Ҷомӣ назар доштааст ва аз қолабу вазну мазомини ӯ суд ҷустааст, балки дар гуфтани маснавӣ низ аз калому шеваи ӯ, барои баёни ҳадафҳои хеш, кор гирифтааст. Ба ин маънӣ, ӯ дар маснавии «Асрори худӣ» на фақат шефтагию эътиқоди худро нисбат ба насру назми дилпазиру пурмаънояш иброз медорад, балки як байти ӯро тазмин ҳам менамояд:

Куштаи андози Мулло Ҷомиям,
Назму насри ӯ илоҷи хомиям.
Шеъри лабрези маонӣ гуфтааст,
Дар санои хоҷа гавҳар суфтааст…
«Нусхаи кавнайнро дебоча ӯст,
Ҷумла олам бандагону хоҷа ӯст».17

Иқбол дар «Армуғони Ҳиҷоз» ду маротиба аз Ҷомӣ ёд мекунад. Бори аввал ҳамроҳ бо Фахруддини Ироқӣ ва барои дувум бо Мавлавии Балхии Румӣ. Инак, он ёдкардаҳо, ки аз ёдкардаҳои одиву маъмулӣ нестанд, балки ҳадафи бузурги маърифатӣ ва ибратпазирӣ доранд:

Гаҳе шеъри Ироқиро бихонам,
Гаҳе Ҷомӣ занад оташ ба ҷонам.
Надонам гарчи оҳанги арабро,
Шарики нағмаҳои сорбонам.18


Маро аз мантиқ ояд бӯи хомӣ,
Далели ӯ далели нотамомӣ.
Ба рӯям баста дарҳоро кушояд,
Ду байт аз пири Румӣ ё зи Ҷомӣ.19

Иқбол аз мазмуни шеъри Ҷомӣ низ барои бурузи андешаҳояш фоида бурдааст. Масалан, ин мазмуни Ҷомиро аз мақтаи як ғазалаш:

Бандаи ишқ шудӣ, тарки насаб гӯ, Ҷомӣ,
К-андар ин роҳ фалон ибни фалон чизе нест,20

чунин бозсозӣ намудааст:

Дар раҳи ишқ фалон ибни фалон чизе нест,
Яди байзои Калиме ба сиёҳе бахшанд.21

Зимнан бояд гуфт, ки ҳарду шоир ҳанӯз дар замони зиндагии хеш шӯҳратёр гардидаву умри ҷовидона ёфтаанд, зеро аз нӯги хомаи ҳарду низ афкору ашъори созандаву мутараққӣ ва зебову дархури тамоми замонҳову маконҳо таровиш кардаанд, ки аз онҳо метавонанд кулли инсонҳо баҳрабардорӣ намоянд. Масалан, ҳарду илмро меситоянд:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.22
Ҷомӣ
Илму давлат назми кори миллат аст,
Илму давлат эътибори миллат аст.23
Иқбол

Эшон аз китоб, ки аз лузуми муҳимми пешрафту тараққиёти башар аст, чунин ситоиш намудаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.24


пешина
аз 86
навбатӣ