Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳат ҳасту ҳаргиз озоре нест.25
Ҷомӣ
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.26
Иқбол
Ҳарду шоир коҳилию қаноату таслиму навмедиро маҳкум мекунанд, аммо қобилию талабу саъю кӯшишу умедро меситоянд ва тарғиб менамоянд, зеро:
Ҳар кӣ ба хас кард қаноат, хасест,
Беҳталабӣ кун, ки беҳ аз беҳ басест!27
Набурда ранҷи талаб, Ҷомиё, висол маҷӯй,
Нагашт соҳиби хирман касе, ки тухм накишт.28
Ҷомӣ
Эй, ки осуда нишинӣ лаби соҳил, бархез,
Ки туро кор ба гирдобу наҳанг аст ҳанӯз.29
Ҳар нигоре, ки маро пеши назар меояд,
Хуш нигорест, вале хуштар аз он мебоист.30
Иқбол
Лозим ба ёдоварист, ки чунин ҳамсониҳо дар афкору ашъори ин ду гӯяндаи бузург хеле зиёд ба назар мерасанд, аммо мо имкони баррасӣ ва нақли ҳамаи онҳоро алъон надорем. Лиҳозо, бо овардани намунаҳо иктифо менамоем:
Хоб маргу ҳаёт бедорист,
Сулҳи марг аз ҳаёт безорист.31
Ҷомӣ
Эй бародар, ман туро аз зиндагӣ додам нишон:
Хобро марги сабук дон, маргро хоби гарон!32
Иқбол
Қадри худ бишиносу машмар сар-сарӣ
Хешро, к-аз ҳар чӣ гӯям, бартарӣ.33
Ҷомӣ
Офтоб астӣ, яке дар худ нигар,
Аз нуҷуми дигарон тобе махар!34
Аз мақоми худ надорӣ огаҳӣ,
Бар зиёни хеш нозӣ, аблаҳӣ!35
Иқбол
Хулоса, як назари иҷмолӣ нишон медиҳад, ки Иқбол аз Ҷомӣ сабақи сухангустарӣ омӯхта, каломашро тазмин намуда ва ба мадҳу санояш пардохтааст. Бад-ин тартиб, ӯ суннати ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯӣ, зебоӣ офаридан ва пухтаву муҳкаму содаву равон гуфтанро дар асри хеш эҳё карда, ба мардум, ба вижа мардуми Шарқ, паёми сиёсиву иҷтимоӣ, ки аз озодиву бародарию баробарию худшиносиву тамаддунофаринӣ ва эҳтироми инсон иборат аст, додааст. Ба ҳарфи дигар, Иқбол бо судҷӯӣ аз шеъри Ҷомӣ, ки бештар рӯҳи имониву инсониву ишқӣ ва ирфониву тасаввуфӣ дорад, ба ашъораш ҷанбаи амалӣ ва амиқи ҳаётӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ахлоқию инқилобӣ бахшида, дар саҳнаи зиндагӣ ҳамчун шоиру андешаманди донову тавоно ва мушкилкушои инсон чеҳранамоӣ кардааст. Тавре ки худ бо сароҳат гуфтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор