Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист,
То даридам пардаи асрори зист.36

Аммо ин суханонро баъд аз сухани Нозим (Зи Хусрав чу навбат ба Ҷомӣ расид, Зи Ҷомӣ суханро тамомӣ расид), ки ҳамчун катиба дар оғози мақола овардем, Ғолиби Деҳлавӣ ва Саид Муҳаммад Алӣ гуфтаанд ва барҳақ дурри маънӣ суфтаанд:

Зи Ҷомӣ ба Урфию Толиб расид,
Зи Урфию Толиб ба Ғолиб расид.37
Ғолиби Деҳлавӣ
Чу Ғолиб зи Ҳиндустон рахт баст,
Ба ҷои вай Иқболи доно нишаст.
Яқин дон, сухандонии бостон
Бимонад ба Ҳиндустон ҷовидон.38
Саид Муҳаммад Алӣ

Бале, имрӯз низ бисёре аз шоирону пажӯҳишгарони Ҳинду Покистон аз афкору орои Ҷомӣ суд меҷӯянд, аз шеъру суханаш баҳра мебардоранд, ба ваҷд меоянд ва даст ба тамҷиду ситоишаш мезананд. Чунончи шоир ва донишманди покистонӣ Саид Муҳаммади Акрам мегӯяд:

Ҷоми Ҷомӣ аз майи ирфон пур аст,
То бирезад дар даҳони порсӣ.39

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Муиниддини Исфизорӣ. Равзатулҷаннот фӣ авсофи мадинатил Ҳирот. Теҳрон, 1339, с. 26-27.
  2. Абдураҳмони Ҷомӣ. Воситатулиқд ва Хотиматулҳаёт. М.,1980, с. 9.
  3. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1978, с. 15.
  4. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, Душанбе, Адиб, 1988, с. 208.
  5. Ҳ. Разӣ. Муқаддима. Девони комили Ҷомӣ, Теҳрон, 1341, с. 227.
  6. Девони ашъори Носиралии Сарҳиндӣ. Теҳрон, 1388, с. 354.
  7. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 17.
  8. Файзии Даканӣ. Девон, дастнависи ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ РСС Тоҷикистон, таҳти рақами 801,вар. 21 а.
  9. Абдуллоҷон Ғаффоров. Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дувуми асри XIX ва асри XX. Душанбе, 1975, с. 82.
  10. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ. Душанбе, Адиб, 1987, с. 160.
  11. Ҳамон ҷо, с. 120.
  12. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 294.
  13. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 149.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, с. 418.
  15. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 519.
  16. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 113.
  17. Аллома Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. Исломобод, Граффити, 1977, с. 34.
  18. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 263.
  19. Ҳамон ҷо, с. 290.
  20. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, с. 141.
  21. Абдуллоҷон Ғаффоров. Муҳаммад Иқбол. Душанбе, Дониш. 1977, с. 176.
  22. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1987, с. 285.
  23. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 75.
  24. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 372.
  25. Абдураҳмони Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо. Душанбе, Ирфон, 1989, с. 27.
  26. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 252.
  27. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 256.
  28. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 51.
  29. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 154.
  30. Ҳамон ҷо, с. 168.
  31. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 53.
  32. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 134.
  33. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 216.
  34. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ, с. 70.
  35. Ҳамон ҷо, с. 60.
  36. Ҳамон ҷо, с. 41.
  37. Хоҷа Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ. Ёдгори Ғолиб. Деҳлии нав, 1420, с. 132.
  38. Абдуллоҷон Ғаффоров. Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри XIX ва асри XX, с. 118.
  39. Саид Муҳаммади Акрам. Забони форсӣ. Омӯзгор, 21 июли соли 2006.
пешина
аз 86
навбатӣ