Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
ҶОМӢ ВА АЙНӢ
Ҷомӣ, аз ишқ ҷӯ қабули сухан,
На зи лафзи бадеъу маънии хос.
Ҷомӣ
Устод Айнӣ, ки меъмори илму адабу фарҳанг ва эҳёгари миллату кишвари тоҷик маҳсуб меёбад, аз хурдӣ гароиши зиёд ба осори адибони пешин дошт. Хусусан, шеър дар сарнавишти ӯ нақш ва таъсири фавқулода ва шигарф дошт, зеро аз айёми кӯдакӣ гӯш ва ҳушаш ба шеъри шоирони гузашта, аз ҷумла Саъдиву Ҳофизу Ҷомиву Соиб ва дигарон, унс гирифта ва одат карда буд. Гӯё ин байти Масъуди Саъд баёнгари ҳолу аҳволи ӯ буд:
Гардун ба дарду ранҷ маро кушта буд, агар
Пайванди умри ман нашудӣ назми ҷонфизой.1
Албатта, дар ин роҳ нақши падари устод-Саидмуродхоҷа, ки худ марде шеърдӯст буд, хеле муассир ва даргир буд. Худи шоир дар ин боб дар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» чунин изҳори назар менамояд: «Дар вақтҳое ки ман ба синни мактаб расидам, дасти падарам намерасид, ки маро шахсан хононад. Бинобар ин, маро дар мактаби пеши масҷиди қишлоқи худамон-қишлоқи Соктаре гузошт. Чун ман дар он мактаб чизеро наёмӯхтам, маро аз он ҷо гирифта ба пеши зани имоми қишлоқ, ки мактаби духтаракона дошт ва нисбат ба мактабдори мард беҳтар буд, гузошт ва дар ин миён абҷад ва ҳисоби абҷадро ба ман ёд дода, ба кушода шудани зеҳнам сабаб шуд. Ман дар пеши бибихалифа (дар мактаби занона) Ҳофиз, чанд ҷузъ Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соиб (дар мактабҳои он замон соибхонӣ расм набошад ҳам, падарам, ки Соибро дӯст медошт ва чанд ғазали ӯро аз куҷо навишта гирифта будааст, бо ман ба бибихалифа фиристод, ки ҳамон ғазалҳоро ҳам ба ман хононад) хонда, дар даҳсолагӣ мактабро тамом карда баромадам. Лекин ҳанӯз савод надоштам… Аммо шеърҳоро дӯст медоштам, ҳарчанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда гаштани баъзе шеърҳо кӯшиш мекардам. Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб, Навоӣ, Фузулӣ барин шоирҳои гузаштаро «валӣ» медонистам ва шеъргӯии онҳоро аз ҷумлаи каромоти онҳо мешумурдам».2 Устод дар идомаи суханаш мегӯяд: «Аммо дар он миён воқеае рӯй дод, ки ин ақидаи маро зеру забар кард. Як рӯзи тобистон буд, падарам аз сари дӯкони чархтарошиаш хеста барои намози пешин таҳорат кард ва баромада ба масҷид рафт… Падарам зуд ва шитобкорона баргашта омад ва маро бардошта бар болои деворчае, ки дар миёни ҳавлии мо ва чорбоғи масҷид кашида шуда буд, рост гузошт ва гуфт: «Ҳозир аз мадраса як кас баромада ба масҷид меравад, ӯро хуб зеҳн монда бин. Ӯ домуллои акаат мебошад, ӯ шоир аст, ки шеърҳои бисёр хуб дорад… Ҳамин аст домуллои акаат, баъди аз намоз омаданам шеърҳои ӯро ба ту хонда медиҳам,-гуфт ва маро аз деворча фуроварда монда, худ ба масҷид рафт. Дар вақте ки падарам аз масҷид баргашта омад, ман дар рӯи даричаи ҳавлӣ, дар зери дарахтони зардолу бо Хайбар ном саги худ бозӣ мекардам. Падарам маро ҷеғ зада оварда, ҳамроҳи худ ба хона даровард ва аз токчаи хона як маҷмӯаеро, ки дар вай чизҳои гуногун навиштагӣ буд, гирифт ва аз охири он маҷмӯа чанд варақро кушод, ки дар онҳо падарам чанд ғазали Исо ном шоирро навишта монда будааст ва он ғазалҳоро ба ман нишон дода:-Ҳаминҳост шеърҳое, ки аз шеърҳои домуллои акаат навишта гирифтаам. Номи ин кас Исо-маҳдум аст ва тахаллусаш «Исо» аст,-гуфт ва он ғазалҳоро ягон-ягон ба ман хонда дода, маъниҳояшонро ба тарзе ки худ мефаҳмид, ба ман эзоҳ дод ва аз он ғазалҳо ин байтро:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор