Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

То ба кай зи бекорӣ бо фасурдагӣ мурдан,
Нусхае ба каф дорӣ, ҷамъ созу аҷзо кун!

такрор хонда гуфт:- Одамони донишманд мардумро ба кор ҷеғ мезананд, бекориро ба мурдан баробар медонанд… Баъд падарам аз токчаи хона чанд варақ ғазалҳои Соибро гирифта аз байни онҳо ин матлаъро ба ман хонда дод:

Ба дӯши таваккул манеҳ бори худро,
Валинеъмати хеш кун кори худро!

ва гуфт:-Мебинӣ, ки одамони калон чӣ гуна ба якдигар ҳамфикранд. Бобо Соиб, ки 250 сол пеш аз замони мо гузаштааст ва Исо, ки одами замони мост, ҳар ду ба як мазмун гап мезананд ва мардумро аз бекорӣ ва аз таваккул ба тарафи кор мекашанд.

Ман бо дидани Исо ва шунидани шеърҳои ӯ, аз ақидаи аввалиам баргашта, дар ҳар замон ва ғайри валӣ будан дар имконияти шеъргӯӣ бовар карда бошам ҳам, хостам, ки ақидаи дувуми худро аз падарам тасдиқ кунонам ва пурсидам:-Магар дар замони мо ва аз ғайри валӣ будан ҳам шеър гуфтан мумкин аст?-Албатта, барои шеър гуфтан на замон шарт аст ва на валӣ будан. Ман ҳам дар таърихи бинои нави айвони масҷиди худамон як шеъри таърихӣ гуфтаам, -гӯён ин байтро хонд:

Ба соли «мурғ» ин айвон бино шуд,
Бидеҳ бо мурғи ӯ ту «об»-у «дона».

ва гуфт:-Агар калимаи «мурғ»-ро бо ҳисоби абҷад ҳисоб карда, ба вай шумораи ҳарфҳои «об»-у «дона»-ро зам кунӣ, санаи 1303 (1886) мебарояд, ки соли бинои ин айвон аст… Шеърҳои дигар ҳам гуфтаед?-ман пурсидам.-Не,-гуфт падарам, -яке байти дигар дар таърих гуфтаам, ки дар мавриди дигар ба ту хонда медиҳам. Ҳарчанд кӯшиш карда бошам ҳам, шеъри дигар гуфта натавонистам. Аммо ту кӯшиш кунӣ ва чизи бисёр хонӣ, шоир мешавӣ. Ин мусоҳиба дар ҳаёти ман-дар ҳаёти адабӣ ва ҳам дар ҳаёти кордӯстии ман, бисёр таъсири калон кард. Ман аз аввал зиёдтар ба шеърхонӣ ва шеърёдкунӣ шуғл кардам ва дар ин зимн саводам ҳам баромад».3

Тавре ки аз ин иқтибос, ки мо онро батафсил нақл кардем, мебинем, падари устод на танҳо дар хатту савод баровардани фарзандаш, балки дар тарбияи завқи шеърдӯстии ӯ низ саҳми муҳим доштааст ва ӯ нахустин бор ба шеъри шоирон, ба номи онҳо дар пеши бибихалифа ошноӣ пайдо карда бошад ҳам, аммо, асосан, тавассути падараш ба дунёи шеъру шоирӣ роҳ ёфтааст.

пешина
аз 86
навбатӣ