Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Агарчи дар ин рӯйхат, ки устод овардааст, номи Ҷомӣ ба назар намерасад, аммо баъдан, ки доираи ошноӣ ва фарогии устод аз осори пешиниён густарда мегардад, мо ба ному осори Ҷомӣ дар навиштаву гуфтори ӯ тез-тез рӯ ба рӯ мешавем. Дурустараш, ҷомигароии ӯ аз замони дар мадраса хонданаш шурӯъ мешавад, зеро ӯ маҳз дар ҳамин айём ба бархе аз кутуб ва девонҳои шоирон дастрасӣ пайдо менамояд. Дар ҳамин ҳангом аст, ки ӯ «Маҳмуд ва Аёз» ном китобчаи шеърро, ки ба тарзи байтбарак буд», 4 ба даст меорад. Дар ҳамин ҳангом аст, ки ба ҳавлии Шарифҷон-махдум ва маҳфили шоирон роҳ меёбад ва ба «Шоҳнома» низ ошноӣ пайдо мекунад, зеро ба қавли ӯ, «худи Шарифҷон-махдум дар вақтҳои танҳо монданаш бисёр шеър ва асарҳои адабӣ мехонд ва ҷоҳои завқоварашро баланд хонда, ба ман ва Мирзо Абдулвоҳид эзоҳ карда медод. Гоҳо «Шоҳнома» барин баъзе китобҳоро ба мо хононда худ гӯш медод, ҷоҳои ғалатхондаи моро тасҳеҳ мекард ва ҷоҳои мо нафаҳмидагиро эзоҳ медод».5 Ниҳоят, дар ҳамин давраи мадрасахонист, ки ӯ «Шарҳи Мулло»-хон мешавад. Худи шоир ба ин маънӣ дар китоби «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» чунин менависад: «Дар соли таҳсили 1892-93 ман «Шарҳи Мулло»-хон шудам».6 Аммо ӯ дар «Ёддоштҳо» дар бораи «Шарҳи Мулло», зери унвони «Ҳосили таҳсили 19-сола», як маълумоти тафсилӣ низ роҷеъ ба дарсҳои мадраса ва хондани «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ медиҳад, ки қобили мутолиа аст: «Агар мо гӯем, ки ҳосили таҳсили 19-солаи талабаи мадрасаҳои Бухоро аз дарсҳои расмӣ ҳеҷ буд, хонандагон бовар нахоҳанд кард… Аммо вақте ки тафсилоти зеринро мутолиа намуданд, ҳақиқати тааҷҷубангез будани гуфтаҳои нависандаи ин сатрҳоро тасдиқ хоҳанд кард. Аз қайдҳои боло маълум шуд, ки дар мадрасаҳои Бухоро 8-сола умри талаба ба дарсҳои сарфу навҳи арабӣ сарф мешавад… Аммо аз панҷсола дарси расмии забони арабӣ дарси дарсхонагии «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ чизе ҳосил намешуд. Зеро талаба дар ҳар соли ин панҷ сол танҳо 5 ё даҳ сатри гуфтаҳои Ҷомиро, вай ҳам аз хутба ва муқаддимаҳо мегузашт ва бештарин вақти панҷсолаи талаба ба хондан ва муҳокима кардани шарҳ ва ҳошияҳои бисёре, ки дар болои асари Ҷомӣ таълиф ёфтаанд, мегузашт. Чунончи, баъд аз Ҷомӣ аз ҳамзамонони Ҷомӣ, мулло Исомиддин «Кофия»-ро шарҳ карда, дар бисёр ҷойҳо бо усули мунозираи схоластикӣ ба Ҷомӣ зид баромадааст. Пас аз вай шогирдони Абдураҳмони Ҷомӣ-мулло Абдулғафури Лорӣ ба «Шарҳи Мулло» ҳошия баста Ҷомиро мудофиа ва гуфтаҳои мулло Исомиддинро рад кардааст. Баъд аз вай, аз шогирдони мулло Абдулғафур-Лабиб ном касе як ҳошия баста гуфтаҳои Ҷомӣ ва Абдулғафурро эзоҳ карда, ба мулло Исомиддин сангпарронӣ кардааст. Баъд аз ҳамаи инҳо Мавлоно Шарифи Бухороӣ, ки дар охири асри XVII гузаштааст, ба «Шарҳи Мулло» як ҳошияи ботафсиле баста ҳамаи мунозираҳои ҳошияҳои дар боло зикршударо нақл карда, дар миёнаи онҳо муҳокима давондааст ва кӯшиш намудааст, ки «ҳаққи» беҳақиқати дар миёнаи мунозирачиёни гузаштаро изҳор намояд. Умри панҷсолаи домуллои сарсахт ва талабаҳои бадбахт дар муҳокима кардани ҳамин ҳошияҳо мегузашт, дар бисёр вақт, на танҳо масъалаҳои наҳви арабӣ ва гуфтаҳои Ҷомӣ аз миён мерафт, ҳатто гуфтаҳои ҳошиянависони мазкур ҳам ба як тараф монда, вақти дарси яксоата ба мунозираҳои байни устод ва шогирдон ва ба мунозираи байнихудии шогирдон сарф мешуд»7. Ба ҳар ҳол, ошноии устод ба Ҷомӣ ва осори ӯ аз ҳамин «Шарҳи Мулло» шурӯъ мешавад ва то поёни умраш идома меёбад. Воқеан, агар устод соли 1892-93 «Шарҳи Мулло»-хон шуда бошад, соли 1895 девони чопии Ҷомиро ба даст меорад ва имконияти бештари ошноиро бо шеъри ӯ пайдо менамояд. Дар ин бора боз худи устод дар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» менависад: «Дар сари тобистони соли 1895 Иброҳим Осим (яке аз шоирони охири асри XIX ва аввали асри XX-Ҷ. С.) ба мақсади саёҳат ба ҳаҷ рафт ва дар вақти рафтанаш ба ман як девони чопаи Ҷомиро ёдгорӣ дод, ки ҳанӯз дар дасти ман аст».8

пешина
аз 86
навбатӣ