Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Воқеан, устод Айнӣ пеш аз ин ба ивази музди ошпазию ҷомашӯии Зуҳур-махдум девони Соибро ба даст дароварда буд ва баъдан ба ивази ҳуҷраи Мулло Рӯзиро рӯфтану либосҳояшро бемузду миннат шустан девони Ҳофизро ба даст меорад. Лиҳозо, имкони бештару мукаррар хондани ин девонҳо, ба вижа девони Соибу Ҷомӣ, ки онҳоро ба тозагӣ ба фарочанг оварда буд, беш аз пеш барояш имконпазир мегардад. Дар ин бора устод Айнӣ дар идомаи нақлаш меафзояд: «Он тобистон (1895) бештар ман ба адабиёт шуғл кардам. Девони Соиб ва Ҷомиро такрор ба такрор мехондам».9 Аз ин маълумотҳо возеҳ мегардад, ки устод Айнӣ ҳини дар мадраса хондан на танҳо ба «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ, балки ба девони ӯ низ ошноӣ пайдо менамояд ва онро «такрор ба такрор» мехонад. Шояд ҳамин «такрор ба такрор хондани девони Ҷомист», ки таъсири орову андеша ва ашъори Ҷомӣ ҳам дар назм, ҳам дар насри ӯ равшан ҳувайдост. Ба ҳарфи дигар, таъсирпазирӣ, назира гуфтан ба шеъри Ҷомӣ, бозсозӣ кардани мазомини ашъор, иқтибос ва орият гирифтани абёт, яъне хӯшачинӣ аз хирмани орову андешаву ашъори ӯ, ки дар осори назмиву насрии устод ба чашм мерасад, аз ҳамин ҷомигароии зиёди ӯ моя мегирад. Чунончи, устод Айнӣ ба ин марсияи машҳури Ҷомӣ:
Ин куҳан боғ, ки гул паҳлуи хор аст дар ӯ,
Нест як дил, ки на з-он хор фигор аст дар ӯ.
Барги роҳат маталаб, меваи мақсуд маҷӯй,
Барг бебаргию ғам меваву бор аст дар ӯ.
Нофаи мушк, ки бо ин ҳама атрафшонист,
Хуни афсурдаи оҳуи татор аст дар ӯ.
Бар раги уд, ки дар домани мутриб хуфтаст,
Манеҳ ангушт, ки сад нолаи зор аст дар ӯ.
Дафтари ғунча, к-аш авроқ чунин рангин аст,
Нақши камумрии гул нақши нигор аст дар ӯ.
Баҳри ибрат бикушо нофи замин чун нома,
Хати мушкини бутон бин, ки ғубор аст дар ӯ.
Чун ҷаҳон дар хами чавгони қазо гӯйсифат
Беқарор аст, чӣ имкони қарор аст дар ӯ?!
Беқарории ҷаҳон сабру қарорам бирабуд,
Коми дил в-орзуи ҷон зи канорам бирабуд.
Бинигар гардиши ин чархи ҷафоойинро,
Ки чӣ сон зеру забар кард мани мискинро?
Рехт сад гавҳарам аз чашм, чу дар силки вуҷуд
Бурд чун дур садафи лутф Сафиуддинро.
Аз ҳарими чаманам шохи гули тоза шикаст,
То биёрояд аз он равзаи ҳурулъинро.
Сим дар хок шавад суда, надонам зи чӣ рӯ
Сохт дар хок ниҳон он бадани симинро?
Бе рухаш дидани олам чу нахоҳад дили ман,
Бастам аз хуни ҷигар дидаи оламбинро.
Мояи шодиям ӯ буд, надонам ба чӣ чиз
Шод созам зи ғам ин хотири андуҳгинро.
Ҳирқати фурқати ӯ мезанад аз сина алам,
Мекашам дамбадам оҳе зи паи таскинро.
Ҳамдами оҳ, дило, роҳ ба иллиййин ҷӯй,
Бишнав ин нуктаву дар гӯши Сафиуддин гӯй...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор