Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар!
Сад раҳ аз дасти қазо сина ба нохун кандӣ,
Гар наяфтодӣ аз он рахна дар имони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.
Ҷони худ бидҳаду ҷони ту иваз бистонад,
Гар бувад қобизи арвоҳ ба армони падар.
Шуд маро дида чу Яъқуб, Худоро, бифирист,
Бӯи пироҳанат, эй Юсуфи Канъони падар!
Ҳамчу гул гар бизанад чок гиребони ҳаёт
Дасти хори сари хоки туву домони падар.
Хоб дидат, ки дили ҷамъ парешон кардӣ,
Рост шуд оқибат ин хоби парешони падар.
Чун касе нест, к-аз ӯ сурати ҳолат пурсам,
Баҳри таскини дили худ зи хаёлат пурсам…,10
ки дар марги фарзандаш Сафиуддин навиштааст, ду марсия (яке дар шакли мусаддас, дигаре дар шакли таркиббанд) эҷод кардааст. Марсияи аввал, ки ба марги фарзанди Садри Зиё, ки дар хурдсолӣ, яъне соли 1916, вафот мекунад, аз номи Садри Зиё ба қалам дода шудааст. Он мисли марсияи Ҷомӣ хеле пурсӯзу гудоз аст:
Рафтӣ, эй гулбуни навруста, зи бӯстони падар,
Булбул омад ба фиғон аз дили нолони падар,
Зи фироқи ту зад оташ ба муҳиббони падар,
Дили бирёни падар, синаи сӯзони падар,
«Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар».
Баста будам ба ту дилро, ки ту худ дилбандӣ,
Чӣ шуд, охир, ки ба якбор дил аз ман кандӣ?
Меҳри фарзандию ойни ҷигарпайвандӣ,
Ин буд оё, ки падарро ба бало афкандӣ?
«Сад раҳ аз дасти қазо сина ба нохун кандӣ,
Гар наяфтодӣ аз он рахна дар имони падар».
Дар баҳорон, ки шавад шод зи гул то хошок,
Дидаи мо шуда чун абри баҳорӣ намнок,
Сина гардида зи ғам чун гули сурӣ сад чок,
Зи чӣ рафтӣ ба таҳи хок ту, эй гулбуни пок?!
«Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар»…
Ду-се соле рухи гулранг намоён кардӣ,
Хонаам аз гули рухсор гулистон кардӣ,
Падару хешу бародар – ҳама шодон кардӣ,
Зуд ҷамъийяти ин силсила вайрон кардӣ,
«Хоб дидам, ки дили ҷамъ парешон кардӣ,
Оқибат рост шуд ин хоби парешони падар!»…,11
аммо марсияи дувумаш пас аз даргузашти фоҷиавии бародари шоир-Сироҷиддин, яъне аз дасти амир кушта шудани ӯ, суруда шудааст. Лиҳозо, устод Айнӣ онро «Марсия дар кушта шудани бародарам Ҳоҷӣ Сироҷ дар зиндони амир» унвон гузоштааст, ки на танҳо нафрати ӯро ба сохти пӯсидаи амирӣ, ки додарашро бегуноҳ куштааст, балки рӯҳи инқилобию интиқомҷӯёнаи шоирро, ки баъди 75 чӯб хӯрдани худ аз дасти ҷаллодони амирӣ ба ёрии аскарони сурх озод шуда буд, низ ба намоиш мегузорад. Он аз 6 банд иборат аст, аммо мо дар ин мавқеъ танҳо бо овардани се банди он иктифо менамоем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор