Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дӯстон, фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?
Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст
Додарам, қуввати рӯҳу дилу қути ҷигарам.
Аз ҳуҷуми аламам қуввати фарёд намонд,
То чунин дашнаи бедод фалак зад ба сарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!..

Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту,
Нест ҷое зи ту ободу диле шод аз ту!
Ҳар ниҳоле, ки дар ин боғ барӯманд шуда
Канда гардида ба бедод зи бунёд аз ту!

Бод, эй модари айём, насиби ту ҳалок,
Ки ҳама меҳнату андӯҳу алам зод аз ту!
Дилу ҷону сару ҳушу хирадам рафт ба бод,
Хӯрдаам сахт чунон дашнаи бедод аз ту!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!..

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод!
Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам он тоҷ, ки зеби сари хунхоре шуд,
Бо сари соҳиби худ зебдеҳи зиндон бод!
Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Хоҳам он зумра, ки имрӯз таҳаккум дорад,
Дасти баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир
Сарнагун гашта, ба хуни худашон ғалтон бод!
К-ин ҳама зулм ба даврон, ки бад-ин ваҳшат рафт,
Баҳри омодагии ишрати ин ҳазрат рафт.12

Зимнан бояд гуфт, ки ин маросӣ, ки дар ҳолатҳои мухталиф ва вазъиятҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоиву ахлоқӣ иншо шудаанд ва бозтобдиҳандаи рӯҳ ва бардошти вай аз ҳолатҳои сахту сангини рӯзгор мебошанд, на танҳо аз ҳузури орову афкори Ҷомӣ дар зеҳну андешаи устод Айнӣ, балки аз таассур, риояи суннатҳои адабию меросдорию меросбарӣ ва иртиботи танготанги ӯ ба шеъри ин намояндаи бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ низ башорат медиҳанд. Аз сӯи дигар, муносибати эҷодкоронаи устод Айниро нисбат ба осори пешиниён, аз ҷумла Ҷомӣ, бозгӯ менамоянд. Аз ин хотир, агар мо аз ин дидгоҳ ба ашъори дигари ӯ рӯ биёварем ва онҳоро бо таровишҳои табъи Ҷомӣ бисанҷем, мисолҳои зиёде дар заминаи иртибот ва таассури ӯ аз ашъори Ҷомӣ пайдо менамоем. Масалан, устод Айнӣ ғазале дорад ба номи «Инқилоб»:

пешина
аз 86
навбатӣ