Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Инқилоб Офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад.
Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон,
Инқилоб Офтобро монад…
Пеши тӯфони инқилоб ҷаҳон
Пеши тӯфон ҳубобро монад.
Мавсими инқилоб, рӯи замин
Ҳолати изтиробро монад.
Аҳли бедод мерасад ба ҷазо,
Арасоти ҳисобро монад.
Оқибат Шарқ мешавад бедор,
Гарчи ин фикр хобро монад.
Орзуе, ки дошт шоҳи Фаранг,
Ба назарҳо саробро монад.
Шарарафшонии наи килкам
Шуълаи Инқилобро монад,13
ки соф инқилобӣ буда, дар пайравии ин ғазали ошиқонаи Ҷомӣ қаламӣ шудааст:
Рӯи ту Офтобро монад,
Лаъли ту шаҳди нобро монад.
Чун кушодӣ даҳан ба ханда, лабат
Дурҷи дурри хушобро монад.
Наргиси ту зи хоб нима шуда,
Наргиси нимхобро монад.
Пора-пора дилам бар оташи шавқ
Пораҳои кабобро монад.
Пеши лабташнагони роҳи талаб
Ваъдаҳоят саробро монад.
Шуд гулистон китоби лутфу рухат
З-он китоб интихобро монад.
Хат бар он лаб хуш асту гирди зақан
Рақами носавобро монад.
Нақди ишқи туву дили вайрон
Ганҷу кунҷи харобро монад.
Назми Парвин чӣ равшан асту баланд,
Шеъри Ҷомӣ ҷавобро монад.14
Мурури дақиқу амиқ ва ҳамаҷониба дар осори устод Айнӣ нишон медиҳад, ки ашъори Ҷомӣ ҳамеша сармашқу раҳнамои кори эҷодиаш будааст. Бинобар ин, на танҳо аз нигоҳи забону баён, балки аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва ғояву аҳдоф низ дар байни осори эшон ҳамсониҳо ба чашм мехуранд, ки нишон додани онҳо, чи аз лиҳози аҳамияти анъанаву навоварӣ ва меросияту меросбарӣ ва чи аз лиҳози омӯхтани таърихи адабиёту сабкшиносӣ, ҳойизи аҳамияти муҳим мебошанд. Дигар, устод Айнӣ дар эҷоди асарҳояш танҳо ба ғазалҳои Ҷомӣ пайравӣ накарда, балки аз маснавиҳояш низ суд ҷустааст. Мо инро аз мушобиҳатҳои маъноӣ дар байни абёти бархе аз маснавиҳои Ҷомӣ ва осори Айнӣ бармало мушоҳида менамоем. Бигирем ин байти Ҷомиро аз маснавии «Субҳат-ул-аброр»:
Ҳиммате варз дар ин кохи мунир,
Ҳамчу хуршед бибахшу мапазир.
Файзи хур нест ба ҳар шебу фароз,
Баҳри нафъе, ки ба вай гардад боз.
Бар ато ситу саное маталаб,
В-аз атохоҳ ҷазое маталаб,
В-ар фитад з-ӯ дусадат ганҷ ба чанг,
Боздеҳ, в-арчи кашад кор ба ҷанг.15
ки ин абёти устод Айниро аз хулосаи достони «Сайри Ширбадан» ба зеҳни мо мерасонад, ки ҷанбаи қавии ахлоқӣ доранд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор