Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ҳар кас, ки назарбаланд бошад,
Фархундаву арҷманд бошад.
Ҳар кас, ки ба чизи кас назар дӯхт,
Худ иззати нафси хеш бифрӯхт.
Хоҳӣ, ки шавӣ азиз, эй ҷон,
Бахшою бидеҳ, магиру мастон.
Бахшой на бар тариқи исроф,
Мақсуд савоб дор, не лоф.16
Устод Айнӣ на танҳо дар асарҳои назмиаш, балки дар асарҳои насриаш, аз ҷумла «Марги судхур», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва ғайра низ аз ашъори Ҷомӣ барои тасдиқу таъйид ва қувват бахшидани ғояи асараш истифода кардааст. Чунончи, ӯ ҳолати рӯҳию равони Қорӣ-ишкамбаро, ки мунтазири тезтар омадани коркунони банк буд, дар поёни қиссаи «Марги судхур» таҷассум карда ва ин ҳолатро бо байти Ҷомӣ аз забони худи ӯ баён медорад ва мегӯяд: «Қорӣ-ишкамба бо дидани ин ҳол байти зерини Абдураҳмони Ҷомиро, ки дар хурдсолияш ёд гирифта буд, муносиби аҳволи худ ёфта хонд:
Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ,
Ҳар чӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ!».17
Аммо устод Айнӣ дар рисолаи таърихии худ-«Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» шеъри Ҷомиро айнан иқтибос накардаву наёварда, балки мазмунан онро мавриди бозсозӣ қарор дода ва ба иқтизои мақсаду маром ва барои барҷаста ва таъсирбахш кардани хулосаи асараш, ки аз тарғиби ғояи ватандӯстӣ иборат аст, моҳирона кор гирифтааст. Ба ҳарфи дигар, шеъри Ҷомӣ, ки як шеъри сирф ошиқона мебошад, ҳамчун сарчашмаи илҳом барои тавлиди шеъри ватандӯстонаи ӯ хидмат намудааст. Ин аст он байти Ҷомӣ:
Атри кафан зи хоки дарат кардам орзу,
Охир, бубин, ки мебарам ин орзу ба хок,18
ки дар як ғазали ошиқонаи ӯ омадааст ва устод Айнӣ аз он як шоҳбайти олии ватандӯстона халқ кардааст ва бад-ин тартиб афкорашро ҷамъбаст намудааст: «Хуҷандиён дар ин ҷо ду қабр кофтанд ва мурдаҳоро монанди шаҳидшудагон ношуста бо либоси хунолудашон гӯрондан хостанд. Аммо бинобар эҳтиёт пеш аз гӯронидани мурдаҳо ҷайбу кисаҳои онҳоро кофта диданд, ки шояд васиятномае барояд. Дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як парча коғази хатнок буд: хатро хонда диданд, дар он ҷо чунин навишта шуда буд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!». Дар охири хат ин байт ҳам буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор