Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!».19
Албатта, номи Ҷомӣ ва муроҷиат ба осори ӯ дар мақолаҳои устод Айнӣ низ ба назар мерасад. Аз ҷумла дар мақолаи «Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик» ӯ на фақат аз Ҷомӣ ном мебарад, балки барои исботи суханонаш, ки ба асбобҳои қадими мусиқӣ, ба вижа ғижжак, иртибот мегирад, байтеро аз ӯ ба масобаи шоҳид нақл менамояд. Чунончи, ӯ мегӯяд: «Ғижжак низ аз асбобҳои бисёр қадимӣ аст, ки тоҷикон ва ҳамаи халқҳои Шарқ менавозанд. Ҷомӣ дар ҳаққи ғижжак мегӯяд:
Садои ғижжакам кушту савти он ғижакӣ,
Ки шӯри маҷлиси ушшоқ шуд зи пурнамакӣ».20
Устод Айнӣ дар поёни китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (мақолаи «Маънии тоҷик») низ барои исботи нуқтаи назари хеш аз як ғазали Ҷомӣ, ки бо ин матлаъ:
Фоҳа риҳу-с-сабоҳ фа соҳа-д-ик,
Бода дардеҳ, ки субҳ шуд наздик21
шурӯъ мешавад, байти зеринро ба сифати мисол меорад:
«Пеши ҳиндуи чашми хунрезат
Гашта туркон забунтар аз тоҷик».22
Ҳамин тариқ, аз намунаҳои андаки нақлшуда маълум мегардад, ки устод Айнӣ аз айёми мадрасахонӣ, яъне хондани «Шарҳи Мулло», хусусан девони ӯ, ба осори Ҷомӣ ишқу алоқаи зиёд пайдо менамояд. Ин гуна ошноӣ ва мутолиаи мукаррари девони ӯ ба устод имконият медиҳад, ки на танҳо шаклу қолабу мавзӯъву мазмуну ғояи осор, балки сабки баёни ӯро, ки саҳли мумтанеъ аст, низ пайравӣ намояд. Ин аз муҳимтарин ҷиҳатҳои хуби таъсири Ҷомӣ ба устод Айнӣ буд, зеро дар замоне ки устод Айнӣ ба арсаи адабиёт қадам гузошт ва ба эҷоди осори адабиву бадеӣ пардохт, сабки печидаву гунги назму насри Бедил дар фазои адабии Мовароуннаҳр ҳокимият дошт ва қариб тамоми адибони даврро зери таъсири манфии худ қарор дода буд. Аммо устод Айнӣ бо пайравӣ аз кори аллома Аҳмади Дониш, ки бар зидди тақлидгарони Бедил мубориза эълон карда буд ва мутолиаи ашъори Ҳофизу Ҷомию Соиб ва дигар шоирони равшангӯи гузашта тавонист, ки худро аз тақлиди Бедил бираҳонад ва яке аз сарварони мубориза бар зидди тақлидгарони Бедил пас аз Аҳмади Дониш гардад. Дар ин замина, албатта, таъсири осори Ҷомӣ хеле бузург буд, зеро шеъри Ҷомӣ чун шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигар намояндагони бузурги адабиёти гузаштаамон бо содагӯию равонии худ нисбат ба гӯяндагони дигар имтиёз дошт. Аз ин рӯ, аксари муҳаққиқон осори ӯро саҳли мумтанеъ донистаанд. Аз ҷумла устод Раҳими Мусулмониён низ ағлаби ашъори ӯро саҳли мумтанеъ дониста ва гуфтааст: «Осори бадеии устодони сухан-классикони адабиётро саҳли мумтанеъ метавон номид. Устод Айнӣ осори Рӯдакиро «бисёр содда ва табиӣ», «бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар шумурда, таъкид мекунад, ки «агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ гӯем, мувофиқ меояд». Аксари ашъори Саъдӣ ва Ҷомӣ низ саҳли мумтанеъ мебошанд».23 Аз ин хотир, рӯ овардан ба ашъори содаву равшани Ҷомӣ, пайравию татаббӯъ намудани ашъори ӯ, истифодаи бархе аз абёти вай дар рисолаву асарҳои насриаш, далели роҳи дурустро интихоб кардани устод ва ҳам ба ниёзҳои иҷтимоиву сиёсиву инқилобии замон ҳамовозию ҳамфикрӣ намуданаш дар лаҳазоти муҳим ва сарнавиштсози миллати мо, ки баъд аз ҳазор сол ба истиқлолу озодӣ расида буд, маҳсуб меёбад. Аз сӯи дигар, рӯ овардани устод Айнӣ ба осори Ҷомӣ далели нуфузи ин шоир ва мутафаккири бузург ва аҳамияти баланди умумибашарию инсондӯстона ва хусусияти ҷовидонаву мондагор доштани чакидаҳои қалами ӯро дар замони нав, ки замони тағйиротҳои бузурги иҷтимоиву сиёсиву инқилобию фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт, нишон медиҳад. Дар воқеъ, осори Ҷомӣ ҳамеша барои мардумон ба сифати дастури зиндагӣ, ишқу ошиқӣ, муборизаву пайкор, ахлоқу муошират хидмат хоҳад кард ва вирди забони хоссу ом хоҳад буд. Ба қавли худи шоир:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор