Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Баски Ҷомӣ сифати ҳусни ту некӯ гӯяд,
Ишқбозон суханаш вирди забон сохтаанд.24

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Девони Масъуди Саъд. Теҳрон, 1374, с. 404.
  2. Садриддин Айнӣ. Осори баргузида, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1977, с. 14.
  3. Ҳамон ҷо, с. 14-16.
  4. Ҳамон ҷо, с. 32.
  5. Ҳамон ҷо, с. 39-35.
  6. Ҳамон ҷо, с. 39.
  7. С. Айнӣ. Ёддоштҳо, к. 1, Душанбе, Сталинобод, 1954, с. 210-211.
  8. Садриддин Айнӣ. Осори баргузида, ҷ. 1, с. 43.
  9. Ҳамон ҷо, с. 46.
  10. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 77-79.
  11. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 8, Душанбе, Ирфон, 1981, с. 206-207.
  12. Ҳамон ҷо, с. 288-289.
  13. Ҳамон ҷо, с. 293.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 444.
  15. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе. Адиб, 1988, с. 98.
  16. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 8, с. 249.
  17. Садриддин Айнӣ. Осори баргузида, ҷ, 2, Душанбе, Ирфон, 1978, с. 307.
  18. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 71.
  19. Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик. Душанбе, Маориф, 1978, с. 80.
  20. Садриддин Айнӣ. Ахгари Инқилоб. Душанбе, Ирфон, 1974, с. 178.
  21. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ, 2, с. 78.
  22. Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. Душанбе, Адиб, 2010, с. 430.
  23. Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷ. 7, Душанбе, 1987, с. 5.
  24. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 478.

ҶОМӢ ВА ТУРСУНЗОДА

Ҷомӣ, ашъори диловези ту ҷинсест нафис,
Пуди он ҳусни адо, лутфи маонӣ тораш.
Ҷомӣ

Устод Турсунзода шоире пурмутолиа будааст. Ӯ на танҳо осори мардумӣ, адабиёти русу халқҳои ҷаҳон, ҳамзамонон, балки осори гузаштагонро низ бисёр мехондааст ва меомӯхтааст. Худи устод ин маъниро борҳо дар мақолаву гузоришу суханрониҳояш баён доштааст, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимми эҷодиёташ осори камназири гузаштагон, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон мебошад. Аз ин рӯ, ӯ на танҳо худ осори гузаштагонро меомӯхтааст ва аз онҳо дарси маҳорату нигорандагӣ мегирифтааст, балки дигаронро низ ба ин кор ҳидоят менамудааст: «Шоирон бояд осори классикони моро амиқ омӯзанд. Ба фикри ман, ҳар кас он чизеро, ки ҷустуҷӯ дорад, аз эҷодиёти онҳо пайдо карда метавонад. Шахсан худи ман аз эҷодиёти онҳо намунаҳои зоҳир гардидани эҳсосоти шаҳрвандӣ ва аз масъалаҳои ҷамъиятӣ шоирона ба шӯру ҳаяҷон омаданро ҷустуҷӯ дорам».1 Ҷомӣ, бешубҳа, яке аз ҳамин гуна классикони адабиёти мост, ки осораш ба Турсунзода таъсири файзбахш расонидааст. Ба ин маънӣ муҳаққиқони эҷодиёти ӯ низ ишораҳо кардаанд. Масалан, Ю. Бобоев дар хусуси пайравии ӯ ба Низомию Ҷомӣ дар достони «Офтоби мамлакат» (1935) чунин изҳори назар менамояд: «Турсунзода дар достони якуми худ- «Офтоби мамлакат» дар кӯшиши истифода кардани санъати тазод, дар айни замон, ба лаҳзаҳои ҷудогонаи тасвири аҳволи рӯҳияи қаҳрамонони асари «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ пайравӣ кардааст. Низомӣ дар муқобилгузории ҳоли ошиқон гуфтааст:

пешина
аз 86
навбатӣ