Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Маҷнун ба миёни мавҷи хун аст,
Лайлӣ ба ҳисоби кор чун аст?..
Маҷнун ҳама дарду доғ дорад,
Лайлӣ чӣ баҳору боғ дорад?..
Маҷнун зи фироқ дилрамидаст,
Лайлӣ ба чӣ роҳат орамидаст?..
Устод Турсунзода дар «Офтоби мамлакат» муносибати золимон ва мазлумонро дар замони пешазреволютсионии Тоҷикистон ин тавр нишон додааст:
Ӯ аз паи қатлу сар буридан,
Бечора ба қатл даррасидан.
Ӯ аз паи молу зар давидан
Бечора кулӯх дар газидан.
Ӯ мушт ба камбағал кашидан,
Бечора вале ба сар хамидан.
Дар ҷои дигари худи ҳамин достон барои тасвири ҳусну ҷамоли қаҳрамондухтар чунин тавсифҳо кор фармуда шудаанд, ки онҳоро айнан дар «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ ва асарҳои Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон бисёр дидан мумкин аст. Масалан: «Рухсораи… шаффоф чу санги мармарин», «Шаҳди суханаш… ширин зи ҳазор ангубин», «Чун нофаи мушк боди саҳро, орад ба машом бӯи гулҳо» ва монанди ин».2 Албатта, ин, гуфтаи муҳаққиқ ба давраи аввали эҷодиёти Турсунзода ва нахустин достони ӯ тааллуқ дошт, ки устод ҳанӯз тавқи шогирдӣ дар гардан аз гузаштагон, аз ҷумла Низомию Ҳофизу Ҷомӣ дошт ва аз эшон дарси маҳорат меомӯхт. Аммо устод Турсунзода дар тамоми давраҳои эҷодиёташ аз омӯхтан сар боз назадааст, худдорӣ наварзидааст. Ҳатто дар давраи сеюми эҷодиёташ, ки муҳаққиқон онро давраи камолоти шоирии ӯ донистаанд, классикгароӣ, эҷодкорона омӯхтани осори бузургони пешин, аз ҷумла Ҷомиро идома додааст. Ҳамин гуна садоқат ба омӯзиш, муносибати навоваронаю эҷодкорона ба анъана доштани устод Турсунзодаро дар давраи сеюми эҷодиёташ низ ҳамин муҳаққиқ дар мисоли эҷодиёти Ҷомӣ ба мушоҳида гирифта, бо овардани мисоли мушаххас тасбит намудааст. Чунончи, ӯ гуфтааст: «Ба мо аз эҷодиёти классики адабиёти асри XV-Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ чунин мисраъҳои шеъри «Нафрат ба дунон» маълуманд:
Ба дандон рахна дар фӯлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан,
Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан,
Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор,
Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан,
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд
Зи бори миннати дунон кашидан.
Аз ин мисраъҳои Ҷомӣ равшан аст, ки суханвар дар дунё ҳамеша кӯшиш мекардааст аз одамони давлатманди пасттинат дур бошад. Ӯ барои миннати аркони давлат ва сарватмандони кундзеҳнро накашидан на ин ки қашшоқӣ ва камбағалиро афзал медонад, балки омода аст ба дандон пӯлод рахна кунад, бо нохун роҳ дар хоро бурад… Ин ҳама азобу уқубатро ӯ назар ба сари итоат хам кардан ва «миннати дунон кашидан осонтар шуморад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор