Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Мирзо Турсунзода ин тарзи тафаккури бадеии Ҷомиро дар вақти ҳаёти антагонистиро бо чашмони худ дидан ба хотир оварда, онро на давом, балки тараққӣ медиҳад. Шоири советӣ дар шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» аз муносибати ғайриодамии бараҳманҳо, роҷаҳои ҳиндӣ ва лордҳои ингилисӣ нисбат ба меҳнаткаши Ҳинд ба ғазаб омада, бо саволи риторикӣ мепурсад:
Фурӯ бар зери конҳо муфт рафтан,
Ба нохун оҳану пӯлод суфтан,
Ҳазор алфози бад ноҳақ шунидан,
Лабони хеш бо дандон газидан,
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон
Надорад қадру қимат мисли инсон?
Мирзо Турсунзода дар ин ҷо асири тарзи анъанавӣ нагардида, вазифаи худро чуқур фаҳмидааст. Ӯ ҳамчун одами даврони нави советӣ далелҳои ба зери конҳо муфт фурӯ рафтан ва бо нохун оҳану пӯлод суфтанро на ҳамчун норозигии шахси фардӣ, балки ба мафҳуми норозигии фаъоли иҷтимоӣ кор фармудааст, ки он хусусияти умумиҷамъиятӣ-байналхалқӣ дорад. Бешубҳа, Мирзо Турсунзода дигар хеле муносибат карда наметавонист. Навоварии ӯ, пеш аз ҳама, дар ҳамин муносибати советии шоир аст ва таъкиди «бояд нав аз кӯҳна беҳтар, бошад дар акси ҳол аҳамият надорад» ҳам ҳамин муносибати нави ҷамъиятӣ-инсониро дар назар дорад. Ҷиҳати оригиналии ашъори Мирзо Турсунзода дар айни ҳол дар муболиғаи бадеии ӯст, ки ҳам шаклан ва ҳам мазмунан аз муболиғаи Ҷомӣ фарқ дорад, ҳарчанд ки ҳамчун тарзи адабӣ ба он монанд аст. Мирзо Турсунзода ба воситаи мушаххас кардани воқеаи тасвиршаванда (бо нишон додани далели воқеӣ, дар зери конҳои тиллою ангишт дар натиҷаи истисмори сахт муфт ва бемаҳал талаф гардидани меҳнаткаши ҳиндӣ) ин ҳодисаро типӣ кунонидааст. Инак, дар «Қиссаи Ҳиндустон» дар натиҷаи бо далелу ҳодисаҳои воқеӣ зич алоқаманд кунондани муболиға ва ба вуҷуд овардани образи ҷамъбасткунандаи меҳнаткаши ҳиндӣ моҳияти иҷтимоии ҷараёнҳо ва ҳодисаҳо равшан ифода гардидааст. Дар баробари ин, Мирзо Турсунзода ба воситаи тасвиру шарҳи аҳволи халқи мазлуми Ҳиндустон, меҳнаткаши ҳиндиро ба мубориза барои муҳофизати қадру қимати инсонии худ даъват менамояд…».3
Ҳамин гуна омӯзишу таъсирпазирии устод Турсунзодаро аз осори Ҷомӣ муҳаққиқони дигар низ ба таҳқиқ гирифтаанд ва мавриди таъкид қарор додаанд. Аз ҷумла Хуршеда Отахонова дар бораи таассури ӯ аз Ҷомӣ дар ҳангоми эҷоди достони «Писари Ватан» ишора намудааст, хусусан бархурдорию баҳрабардорӣ аз тасвирҳои нозукнигорию хасоиси романтикии ашъори ӯро махсус қайд карда ва гуфтааст: «Достони «Писари Ватан» бо бисёр хусусиятҳои худ бо достонҳои романтикии классикӣ, алалхусус бо достонҳои Низомии Ганҷавӣ робитаи бевосита дорад. Бо эҳсосот ва дилсӯзии тамом сухан рондан, дар вазъияти нозуки зиндагӣ падид овардани ҳиссиёту ҳаяҷони самимии инсонӣ, истифодаи образҳои ба дилу идроки мардум наздик, аз ҷумла образҳое, ки асрҳои дароз мардумро мутаассир карда омадаанд, таъсири эмотсионалии достонро хеле пурқувват кардаанд. Бисёр ҷойҳои достони «Писари Ватан» тасвирҳои нозукнигоронаи Низомӣ ва Абдураҳмони Ҷомиро ба хотир меоварад».4 Албатта, дар бораи таъсирпазирии устод Турсунзода муҳаққиқони дигар низ изҳори ақида кардаанд, аммо аз овардани онҳо худдорӣ менамоем ва бо овардани далелҳои дигар, ки аз мушоҳидаву бардоштҳои инҷониб сарчашма мегиранд, мепардозем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор