Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Маълум аст, ки Ҷомӣ яке аз адибони пешқадаму башардӯст ва ҷамъбасткунандаи адабиёти 500-солаи форсии тоҷикӣ шинохта шудааст. Бесабаб нест, ки ба ӯ унвони «хотиматушшуаро»-ро арзонӣ доштаанд. Воқеан, Ҷомӣ илова бар он ки як шоири бузурги милливу байналмилалӣ ба шумор меравад ва дар маркази осораш инсон ва муборизаю талоши ӯ барои озодиву адолат меистад, гӯяндаест, ки каломаш аз равонию содагии вижае бархурдор аст ва ба ӯ ин имтиёзро медиҳад, ки суханашро саҳли мумтанеъ биноманд ва дар силки шоироне чун Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Калим, Қоонӣ, Эраҷ Мирзо ва дигар равшанбаёнон қарор бигирад. Аз ин рӯ, аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Октябр ва Бухоро шеъри ӯ дар маркази таваҷҷӯҳи адибон қарор мегирад ва ҳанӯз устод Айнӣ ин марсияи таркиббанди худро (ба муносибати қатли бародараш Сироҷиддин аз ҷониби амир):
Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту,
Нест ҷое зи ту ободу диле шод аз ту…5
дар пайравии марсияи таркиббанди Ҷомӣ:
Ин куҳан боғ, ки гул паҳлуи хор аст дар ӯ,
Нест як дил, ки на з-он хор фигор аст дар ӯ…6
ва ин шеъри инқилобии худро:
Инқилоб Офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад7
дар пайравии ғазали ошиқонаи ӯ:
Рӯи ту Офтобро монад,
Лаъли ту шаҳди нобро монад8
суруда буд. Лиҳозо, устод Турсунзода, ки идомадиҳандаи кору мактаби адабии устод Айнӣ буд, ин анъанаи ҷомигароии ӯро идома медиҳад ва ба омӯзиши ҷиддии осори вай камари ҳиммат мебандад. Воқеан, соли 1940 китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ки тазкираи дувуми ҷомеъ дар адабиёти советии тоҷик буд, нашр гардид. Барои Ҷомӣ низ дар ин китоб бобе ҷудо гардида буд. Ҳамзамон, достони «Саломон ва Абсол»-и ӯ низ дар ҳамин боб ҷой дода шуда буд, ки устод Турсунзода яке аз муҳаррирони ин китоб ва боби ба Ҷомӣ ихтисосдода буд. Ин далел баёнгари он аст, ки устод Турсунзода осори Ҷомиро хеле хуб омӯхта будааст. Албатта, мо нақши ин омӯзишро бо далелҳое, ки аз гуфтору тадқиқоти муҳаққиқон овардем, то андозае нишон додем. Аммо пайравию таъсирпазирии устод бо ин мисолҳои дар боло овардашуда маҳдуд намешаванд. Метавон дар байни осори ин ду адиби бузург ҳамсониҳои зиёдеро, ҳам аз лиҳози забон ва ҳам аз лиҳози баён, ба мушоҳидаву мулоҳиза гирифт ва нақл кард. Масалан, Ҷомӣ дар «Субҳат-ул-аброр» байте дорад бад-ин навъ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор