Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Боғ хандон зи гули хандон аст,
Ханда оини хирадмандон аст,9

ки мутолиаи он ба ёди мо байти поёни Турсунзодаро аз ғазали машҳури «Дӯстонро гум макун»-и ӯ мерасонад:

Зинати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.10

Албатта, ин гуна монандиҳо, ки дар байни осори устод Турсунзода ва Ҷомӣ ба чашм мерасанд, нишон медиҳанд, ки ӯ ба шеъри ин шоири бузург ишқу алоқаи зиёд дошта ва пайваста аз осори ӯ меомӯхтааст. Ба ин намунаҳо мутаваҷҷеҳ мешавем, ки аз алоқаю иртиботи устод Турсунзода ба шеъри Ҷомӣ хабар медиҳанд:

Ҷомӣ:
Сухан мояи сеҳру афсун бувад,
Ба тахсис, вақте ки мавзун бувад.11
Турсунзода:
То сухан чун қомати мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.12
Ҷомӣ:
Вақтро гуфтаанд теғи бурон,
Ки бувад бетаваққуфу гузарон.13
Турсунзода:
Вақт гӯё дар ихтиёри ман аст,
Гардиши рӯзгор кори ман аст.14
Аз Ҷомӣ:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.15
Турсунзода:
Ба фарзандат сабақ омӯз, зинҳор,
Ки аз макри адӯ бошад хабардор.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст.16

Ҷомӣ:
Аз гӯш маҷӯй кори дида,
Фарқ аст зи дида то шунида.17
Турсунзода:
Ки ҳаргиз наёсуд дил бо шунидан,
Шунидан кай бувад монанди дидан?18
Ҷомӣ:
Оре, намаки сухан зи ишқ аст,
Нури фалаки сухан зи ишқ аст.19
Турсунзода:
Ба шеъри бенамак писханд мекард,
Ба мӯяш пахтаро монанд мекард.20

Зимнан бояд гуфт, ки устод Турсунзода яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 550-солагии Ҷомӣ (1965) буд. Аз ин рӯ, ӯ ба ифтихори ин ҷашн мақолае ба номи «Сухансаро ва ифодакунандаи ғояҳои дӯстӣ» иншо намуд, ки бори аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1965, № 1) ва бори дуюм дар маҷмӯаи нашриёти Академияи фанҳои Тоҷикистон (1973) мунташир гардид. Ин мақоларо, ки дар ҷилди сеюми куллиёти шоир омадааст, метавон авҷи ҷомигароии устод Турсунзода ба қалам дод, зеро дар ин мақолаи ҳаҷман хурд, аммо пурмуҳтавою пурарзиш роҷеъ ба осори илмиву адабӣ, мазмуну ғояи онҳо, дӯстии Ҷомию Навоӣ, танқиди аҳли зулму ситам, бечоранавозию мардумдӯстӣ ва амсоли ин, маълумот дода, ба мақоми бузурги ин сухансарои пуровозаи адабиёти форс-тоҷик баҳои баланд ва арзишманд медиҳад. Аз ҷумла ӯ мегӯяд: «Дар ин рӯзҳо халқи тоҷик 550-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ҷашн мегирад. Ӯ панҷ аср пеш аз замони мо зиндагӣ ба сар бурдааст… Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти илмиву адабии он давр аз симҳои бузургтарин ва дар осмони тираву тори феодалӣ яке аз ситораҳои тобон буд. Шоири бузург, қатъи назар аз маҳдудияти таърихӣ, ҷаҳонбиниаш ва муҳити иҷтимоии он замон, мехост бо нури дониш чашми торики муосиронашро равшан намояд».21 Ӯ дар идомаи каломаш меафзояд: «Ҷомӣ ба қувваи сеҳрангезу мӯъҷизаосои назми худ такя намуда, ба ҳимояи адлу инсоф, инсондӯстӣ, бародарӣ садои худро баланд менамуд: зулму ситам ва беадолатиҳои ҳокимону золимони замони худашро мазаммат мекард:

пешина
аз 86
навбатӣ