НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.
Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа
ТАБОБАТИ ДАРДИ ЧАШМ
Чашмони подшоҳ сахт дард мекунад. Подшоҳ илоҷи аз ин касалӣ халос шуданро ёфта наметавонист. Ниҳоят мешунавад, ки дар кадом як гўшаи шаҳри Бухоро Ибни Сино ном ҳакиме зиндагӣ мекунад. Бо амри подшоҳ Ибни Синоро ба дарбор гирифта меоранд.
Ибни Сино ба назди подшоҳ даромада, ба рўи ў менигарад ва ба набзи ўро месанҷаду дарҳол мегўяд: - Подшоҳам, дар шиками шумо ҳомила пайдо шудааст ва дарди чашмонатон ҳам аз ҳамин сабаб аст.
- А? Чӣ? Ин шармандагӣ – ку? Акнун чӣ мешавад? Илоҷаш чӣ? – мепурсад подшоҳ дар таҳлука афтода.
- Илоҷаш дар дасти худи шумо аст, - ҷавоб медиҳад Ибни Сино.
Подшоҳ дар назди Ибни Сино ба илтиҷо медарояд ва ба ў таввало мекунад:
-Илтимос, - зудтар бигўед.
-Илоҷаш ҳамин, ки муддати ду ҳафта шумо шикаматонро бо ҳар ду дастатон молиш медиҳед. Молидан ки гирифтед, ҷанин дар шикаматон об шуда, нест мешавад. Баъд аз ду ҳафта ман боз омада шуморо мебинам, - мегўяд Ибни Сино ва бо подшоҳ хайрухуш карда, аз назди ў баромада меравад.
Подшоҳ дар давоми ду ҳафта шикамашро дудаста беист мемолад ва мебинад, ки дарди чашмонаш оҳиста-оҳиста барҳам мехўрад.
Ибни Сино мувофиқи ваъдааш пас аз ду ҳафта ба пеши подшоҳ омада, ба чашмони ў менигараду мегўяд:
-Ҳазратам! Шумо акнун сиҳат шудаед. Чашмонатон дар натиҷаи бисьёр даст расонидану бисьёр молидани худи шумо дард карда буданд. Барои он, ки ин корро дигар такрор накунед ва аз ин дард халосӣ ёбед, ман дастони шуморо бо молидани шикаматон банду андармон кардам.
САНҶИШ
Ибни Сино бо зиракии беандозаи худ шўҳрат пайдо карда буд. Рўзе барои ин хислати Ибни Синоро санҷидан дўстонаш ўро ба меҳмонӣ даъват карданд. Баъди зиёфату сўҳбат Ибни Сино барои ба хонааш баргаштан иҷозат гирифта, ба даҳлез баромад. Вай дар даҳлез баробари ҳарду пои кафшашро пўшидан як ба боло ва як ба поён нигоҳ карду бо тааҷуб китф дарҳам кашид. Дўстонаш пурсиданд:
-Маънои тааҷуби шумо чист?
-Ё қади ман баланд шудааст ва ё шифти хона поин фаромадааст, - ҷавоб дод Ибни Сино.
- Ба мо маълум нест-ку? – пурсиданд боз дўстонаш.
Ибни Сино гуфт:
-Он қадар не, фақат ба андозаи як қабат дока.
Дўстонаш ба Ибни Сино таҳсин хонданд ва гуфтанд:
-Мо ҳангоми ба хона даромада нишастанатон ба зери патаки кафшатон як қабат дока гузошта будем, то ки шуморо бисанҷем. Офарин ба шумо, ки бо ақлу заковати худ моро ин дафъа ҳам ба ҳайрат овардед.
ТИФЛИ ЗИРАК
Нақл мекунанд, ки ин воқеа дар айёми туфулияти Абўалӣ ибни Сино рўй дода будааст. Як рўз, вақте ки Абўалӣ ибни Сино дар гаҳвора бо рўи кушода мехобидааст, модараш ангуштарини тиллоиашро гум кардааст. Вай аз канизаки хонаи худ бадгумон шуда, ўро ба дошному маломат зери зарби калтак гирифтааст. Ҳар дафъа, ки модар канизакро мезадааст, тифл беқарор мешудааст ва бо овози баланд гирья мекардааст.
Аз байн якчанд вақт гузаштааст. Дар ин муддат Абўалӣ ибни Сино роҳравак шуда, забон баровардааст. Як бегоҳ вай ба модараш, ки дар хона ҳамроҳаш рў ба рў нишаста будааст, гуфтааст:
- Очаҷон, дар вақти гаҳворагӣ будани ман шумо ангуштаринатонро гум карда будед ва гумон доштед, ки ин кори канизак аст. Бо ин гумони бад ҳар гоҳ, ки шумо канизаки бечораро азоб медодед, ман ноором мешудам ва дод зада гриья мекардам. Забон надоштам, ки аёнро ба шумо баён кунам. Канизак бегуноҳ аст ва ангуштарини шуморо ў нагирифтааст. Ҳақиқати ҳол ин тавр мебошад: рўзе ман дар гаҳвора бо рўи кушода мехобидам, ки шумо дар назди обрез даст мешустед. Худи ҳамон вақт ангуштарин аз дастатон баромада ба обрез афтода буд. Аммо шумо аз воқеа хабар надоштед ва баъд аз он, ки бохабар шудед, ба канизак дарафтодед ва ўро ноҳақ гунаҳкор кардед.
Модар аз суханони кўдакаш ҳайрон мондааст ва ба хизматгор фармудааст, ки ў лои обрезро берун кунад.
Хизматгор ин амрро фавран ба ҷо овардааст. Баъд модар лойро аз ғирбол гузаронидааст ва ангуштаринашро дарьёфт кардааст. Аз ҳамон рўз эътиборан падару модар ба фарзандашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекардаги ба таълиму тарбияи ў озим гаштаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё