НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.
Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа
СИНО ВА ИЛМИ СИМИЁ
Абўалӣ Сино ва Абулҳорис дар музофоти Бухоро дар мавзеи Шаж таввалуд ёфтаанд.
Дар дувоздаҳсолагиашон ҳамаи илмҳои дар Бухоро будагиро аз худ карданд. Баъд ду бародар бо иттифоқ ҳавои қаландариро ихтиёр карда, аз мамлакати Бухоро баромада рафтанд. Шаҳр ба шаҳр гашта охир дар Мағрибзамин дохил шуданд.
Дар Мағрибзамин дар як шаҳре «Гумбази даввор» гуфтагӣ китобхона буд, ки дар давраи ҳазрати Довуд ва Сулаймон Фишоғурс ном олим ва ҳакими доно дар зери замин сохта, ҳама китобҳои ҳикматнокашро дар он ҷо чинда, тилисм карда будааст.
Вай китобхона ҳар сол як бор, дар вақти муайян се соат кушода мешудааст. Баъд аз се соат дарвозаи гумбази китобхона худ ба худ пўшида мешудааст.
Абўалӣ Сино ва Абулҳорис авқоти яксоларо ғам хўрда, дар даруни китобхона даромаданд, дар байни як сол ҳамаи китобҳои Фишоғурс баромада Абулҳорис ба шаҳри Миср ва Абўалӣ ба шаҳри Бағдод рафтанд. Абўалӣ чанд рўз дар шаҳри Бағдод сайру тамошо кард. Охир фикр кард, ки: «Аз бекорӣ ҳеҷ фоида нест, бояд, ки бо қуввати илми Симиё як ҳаммоми чилгумбазӣ бино карда, бо даромади ҳамон зиндагонӣ кунам».
Баъд аз ҳамин қарор Абўалӣ дар кўҳе рафта як дарахтро бурид. Аз як чўб сурати одамеро сохт, ба вай либос пўшонда зинда кард. Аз ҳамин хел одам, чил нафар ғуломбачаи хушрафтори ҳалқабаргўш ба вуҷуд овард. Ҳамаи онҳо ба якдигар хеле монанд буданд, аммо гап намезаданд.
Бо ёрии чил нафар ғуломбача дар байни ҳафт рўз дар маркази шаҳри Бағдод як ҳаммоми аҷоиб бино кард. Вай ҳаммом чил гумбази кабуд ва чил равоқ дошт. Дар гумбаз чашмаи оби мусаффо муҳайё, тосҳои нуқраю лўнгиҳои суф бисьёр буд. Дар ҳар гумбаз як ғуломбачаи хушрўи ҳарирпўш мутасаддӣ буд. Ба ҳар яки онҳо хизматгоре – ходимчии лўнгибардоре муқаррар шуда буданд. Чунин ҳаммомро халқи Бағдод ҳеҷ надида ва нашунавида буд. Барои ҳамин халқи Бағдод ҳаваси дидани ин ҳаммомро карда, гурўҳ-гурўҳ шуда ба он ҷо меомаданд.
Овозаи ин ҳаммом ба гўши подшоҳи Бағдод расид. Подшоҳ ҳамроҳи вазиру вузаро барои тамошои ҳаммом омад.
Ҳаммомро дида подшоҳ дид ва дар ҳайрат шуд ва гуфт: «Дар андак вақт барпо кардани ин хел ҳаммоми олимақом ба ақл намеғунҷад. Дар ин ҷо ҳикмате ҳаст».
Подшоҳ ба боргоҳаш баргашта бо тезӣ Абуалиро ба назди худ талаб кард. Абўалӣ ҳам бо тезӣ дар хизмати подшоҳ ҳозир шуд. Бо ҳазор одоб таъзим ва тавозуъ баҷо овард.
Абуалиро дар қасри олӣ шинонда, бисьёр навозиш ва иззату икром карданд. Аз ҳад зиёд бо зиёфатҳои олӣ хурсанд карданд. Подшоҳ сару пои қиматбаҳо пўшонида, сарфароз кард.
Баъд аз дўстдорӣ ва иззату икром подшоҳ аз Абўалӣ воқиаи ҳаммомро савол кард:
- Дар байни ҳафт рўз бино кардани чунин ҳаммоми дилкушоро ақли ҳеҷ ҳикматшиносе намегирад, боис чӣ бошад?
Абўалӣ ғуломбачаи ҳамроҳаш рафтаро нишон дода гуфт:
- Э подшоҳи олам, султони бокарам, чил нафар ин қабил хизматгор дорам. Онҳо фармоиши маро бо ҷону дил қабул карда, дар муддати ҳафт рўз ин ҳаммомро батамом бино карданд.
Ҳар кадоми ин ғуломон чил ҳунарро медонанд. Яке аз ин ҳунарҳо ҳаммом сохтан аст. Ғайр аз ин онҳо боз сиюнуҳ ҳунари дигар доранд. Ҳар кадоми онҳо аз ин ҳаммом ҳар ҳафтае як ҳамиёнӣ зар даромад мекунад. Боз ҳунаре доранд, ки хоҳ дар ҳаво, хоҳ дар дарьё ҳар қадар кори мушкиле бошад, дар як чашм кушода пўшидан иҷро мекунанд. Боз як ҳунари онҳо ҳамин аст, ки дар роҳравӣ аз шамол ва паррандаҳо ҳам тездав ҳастанд.
Подшоҳ хушҳолу хуррам шуда гуфт:
- Э, ҳакими олимақом, ин ҳунарҳо ба халоиқ нишон дода, манзури назар шудан даркор!
Абўалӣ гуфт:
- Шоҳо, умратон дароз бод. Ин хел корҳоро дар байни халқ карда намешавад, барои ин ҷои хилват даркор.
Подшоҳ барои фаҳмидани илми ҳикмат Абўалиро дар хилватхонаи худаш гирифта даромад. Ҳамроҳи ҷавони аз чўб биношуда, се кас буданд, дигар касе набуд. Абўалӣ гуфт:
- Э шаҳриёри олам, чизе ки муддаояшон бошад, изҳор кунанд, ба ҳамон нигоҳ карда кор мекунем.
Подшоҳ гуфт:
- Э ҳаким ҳикматшинос, ман ба духтари подшоҳи шаҳри Сабо ошиқам. Ба умеди вай борҳо элчӣ – хостгор фиристодам, аммо қабул накард. Охир лашкар кашида, рафта ҷанг кардам, мағлуб шудам, илоҷе кунед, ки ҳамон духтарро як бинам.
Абўалӣ нисфи шаб буд, ки дар гўши ғуломи ҳалқабаргўшаш афсуне хонд. Ғулом ҳамон замон аз назар ғоиб шуд. Дар бадали як соат аз дасти духтари подшоҳи шаҳри Сабо дошта гирифта омад.
Подшоҳ дидан ҳамоно ба ҷамоли духтар ошиқи шайдо шуда: «Во аҷабо, ин духтар Зулайхои сонӣ будааст-ку» гуфт, сабру қарораш намонд ва ақлу ҳушашро гўм кард.
Подшоҳ баъд аз як соат ба ҳуш омад ва ба ғуломбача таҳсину офарин хонда гуфт:
- Э ҳакими олиҷаноб! Ба ҳикмати шумо ақлу фаҳми мо ҳайрон монд. Аз асли ин кор моро воқиф ва огоҳ кунед!
Абўалӣ гуфт:
- Э подшоҳи олам ва шаҳриёри бокарам! Ҷавоби ин саволро аз худи меҳрнигори париваш пурсед!
Подшоҳ аз духтар савол кард. Он духтари нозанин гуфт:
- Э подшоҳам, агар аз гуноҳи ман гузаред, аввал ман як савол кунам,
баъд аҳволи худамро баён кунам:
Подшоҳ рухсат дод. Духтар пурсид:
- Ин шаҳр кадом шаҳр аст, ин ҷой чӣ хел ҷой? Шумо ҷанобашон кистед? Ин азиз чӣ хел одам ҳастанд?
Подшоҳ ба ин савол ҷавоб дод. Баъд аз он духтар гуфт:
- Ман духтари подшоҳи шаҳри Сабо ҳастам. Падарам аз барои ман дар дарун ва беруни қасри шоҳона чорбоғе бино кардааст. Чӣ қадар канизҳои соҳибҷамолро ба ман посбон ва хизматгор карда мондааст. Ҳамаи мо ба хоби ноз будем, ки ин ғуломбача аз дастам дошта, оҳиста кашид, бо муомилаи мулоим ишорат кард. Ба чунин ҷои мустаҳкам нотарсида даромадани ин ҷавон ва бо ишорат даъват кардани ў ба назари ман аҷоиб намуд. Ман ҳайрон мондам, нишастам. Аз ҳар тарафам ба танобе кашидаги барин шуд, ба ман ихтиёри саркашӣ кардан намонд. Аз қафои ҳамин ҷавон омада, ҳозир худамро дар ин кўшки зарриннигор дида истодаям. Ман дигар ҳеҷ чиро намедонам.
Баъд подшоҳ ба кору ҳикмати нишондодаи Абўалӣ таҳсин ва офарин кард. Иззати Абуалиро ба ҷо овард. Подшоҳ фаҳмид, ки ин корҳо ба қуввати илми симиё иҷро карда шудааст.
Баъд субҳи содиқ шуд, барои духтари шоҳ як қасри шоҳона, чорбоғи гулу гулзори ҷаннатмақом таъин карда, онро бо палосҳои абрешимӣ оростанд. Чанд нафар канизакони нозанин ва хизматгорони боадаб ҳамроҳ шуда, ба нағмаю усул духтари подшоҳи шаҳри Саборо ба қасри подшоҳӣ оварданд. Духтар гирья карда гуфт:
- Худоё, ин чӣ аҳвол, ин чӣ ғаму кулфат, ки ба сари ман андохтӣ?
Аз ин бахту тахт вай норозӣ буд.
Подшоҳи Бағдод ба тахташ баромада, як шаби дароз бо Абўалӣ сўҳбат кард. Вазирон ва аркони давлатро ба назди худ талаб карда, Абуалиро таъриф карда, гуфт:
- Ин ҳакими доно дар байни як соат духтари подшоҳи шаҳри Саборо ба пеши мо овард.
Ин суханро аз даҳони подшоҳ шунавида, аркони давлат ҳама ба Абўалӣ таҳсин ва офарин хонданд. Подшоҳ Абуалиро вазири аъзам таъин кард.
Баъд аз ин корҳо бо маслиҳат ба подшоҳи шаҳри Сабо тўҳфа ва ҳадьяҳоро тайёр карда, ҳамроҳи элчӣ нома фиристоданд.
Акнун чанд калима аз подшоҳи шаҳри Сабо шунавед.
Рўзе, ки духтари подшоҳи шаҳри Сабо дар вақту соати худ аз хоб бедор шуда, аз хонааш баромаданаш даркор буд, набаромад, канизакҳо ва посбонҳо бетоқат шуданд ва охир маҷбур шуданд, ки дари хонаи духтарро кушода хабар гиранд. Нигоҳ карданд, ки духтар дар ҷои хобаш нест. «Дарҳо маҳкам,
посбонҳо ҳама бедор, хоб накардаанд, духтар аз куҷо баромад рафтааст?»
гуфта хизматгорҳо дар ҳайрат шуданд, ҳама ҷои сарой ва боғро кофтукоб карданд. Аз духтар нишоне набуд, ноилоҷ, тарсидаю ваҳмида ба подшоҳ хабар расонданд.
Подшоҳ ин хабарро шунавида аз ҳуш рафт. Баъд аз як соат ба ҳуш омад. Уламо ва ҳукаморо ҷамъ карда, воқеаро баён карданд. Баъзеҳо гуфтанд:
- Ин сеҳру ҷоду аст.
Боз баъзеҳо гуфтанд, ки:
- Ин кори ҷин аст.
Дигар гуфтанд:
- Ин илми нуҷум аст!
Боз баъзеҳо гуфтанд, ки:
- Э подшоҳи олам, ин қуввати илми симиё будагист, чунки дар шаҳри Бағдод ҳакими арастусифате пайдо шудагӣ, духтаратонро ҳамон кас гирифта рафта бошад аҷаб нест.
Дарҳол подшоҳ дар ғазаб шуд ва амр кард, ки:
- Лашкар ҷамъ карда, рафта шаҳри Бағдодро талаю тороҷ кунед,
духтарро сиҳату саломат гирифта биёред!
Амри подшоҳ ба вазирҳо маъқул нашуд, онҳо гуфтанд:
- Э, подшоҳи олам, ҷони мо фидои шумо шавад. Подшоҳи Бағдод бисьёр подшоҳи бузург аст. Аскари вай аз ситора ҳам зиёдтар аст.вай чанд бор духтари шуморо ба ҷўфти пурсида буд, шумо розигӣ надодед. Дили вай,
ки дар роҳи ишқ сўхта буд охир ба сарамон лашкар кашида омад. Ба сабаби ҷанг мамлакат хароб шуд. Чӣ қадар хунрезии ноҳақ шуд. Чӣ қадар падар,
модарҳо аз фарзанди азизашон ҷудо шуданд. Чӣ қадар фарзандҳо сағир монда, бе падар шуданд. Ҳисоби кулфате, ки ба сари халқ афтода буд, худо медонад. Ба ҳазор меҳнату машаққат аз он балои ҷанг халос шудем. Акнун маъшуқааш ба дасташ, алалхусус, Абўалӣ барин ҳакими доно дар тасарруфи вай аст. Ҳамин вақт ҳазрати Сулаймон зинда шуда, подшоҳ шавад ҳам, ба подшоҳи Бағдод баробар омада наметавонад. Давои ин дард сабр аст. Ба ҳар ҳол подшоҳи Бағдод ҳам оқил, ҳам доно, ҳам зирак аст, эҳтимол, нома навишта маълум кунад ва ё элчӣ фиристад.
Ин маслиҳати насиҳатомез ба подшоҳ маъқул шуда, ноилоҷ кардан ба сабр кардан моил шуд.
Бо маслиҳати оқилонаи аҳли сарой пеши ҷангу хунрезӣ гирифта шуд.
Баъд аз чанд вақт аз Бағдод элчиҳо расида омаданд. Элчӣ ба назди подшоҳ даромада таъзим ба ҷо овард, тўҳфа ва ҳадьяҳоро тақдим карду номаро супорид. Вазир дар ҳузури аркони давлаташ номаро бо овози баланд хонд. Мазмуни кўтоҳи нома ин буд: «Баъд аз салому калом маълуми хотир шавад, ки ҷаноби олӣ ба даруни пардаи исмат фарзанди нури чашмашонро нигоҳ медоштанд. Чанд маротиба хостгор фиристодам, қабул накарда буданд. Охируламр воҷибтаоло ба камина як ҳакими афлотунтабъ ва арастусифат равон кард, ки ин ҳаким бо илми ҳикмат дар байни рўз як ҳамоми ибратнамои чилгумбазнок бино кард. Чил ғуломи зеборўю хушсурат дорад, ҳамаашон ба як шаклу ба шамоил ҳастанд. Ҳар яки онҳо дар як гумбази ҳаммом таъин шуда, ба ҳар кадомаш як хизматгор муаккал аст. Ҳар як ғулом чил ҳунар дорад. Яке аз ҳунарҳо ин аст, ки яке аз он ғуломон духтари шуморо дар байни як соат аз шаҳри Сабо ба шаҳри Бағдод гирифта омад.
Ман он ҳакими пурдонро ба худам вазири аъзам таъин кардам.
Таърифи ўро гуфта тамом карда намешавад. Э подшоҳи олиҷаноб! Аз шумо илтимос мекунам, ки дар фурсати наздик ба мамлакати мо ташриф намоед.
Бо ҳамин сабаб ҳаммоми ибратномаро тамошо карда, нури чашми ҳурталъататонро дида. Ба ҳамин баҳона аҷаб нест, ки дидани дидори шуморо облотаоло ба камина ҳам насиб гардонад. Панҷ-шаш рўз меҳмон шуда,
каминаро хурсанд ва мамнун мекунед, гўён умедвор ҳастем!...»
Нома ба ҳама аҳлисарой ва подшоҳ мақбул шуд.
Баъд аз он ба Бағдоди шариф рафта, дидани он ҳаммоми ибратнаморо орзу карданд. Подшоҳ ҳама аҳли саройро барои ба сафар тайёр шудан амр дод. Элчиҳои аз Бағдод омадаро бо обу зиёфатҳои бисьёр, бо иззату эҳтиром гусел карданд.
Баъди чанд вақт подшоҳи шаҳри Сабо, бо чӣ миқдор лашкари ханҷаргузор, шогирдпешаҳои ҷаррор ва аркони давлат, тўҳфаҳои бисьёрро ба хачиру уштурҳо бор карда, ба савлату дабдаба ба роҳи Бағдод равона шуд.
Подшоҳи шаҳри Сабо чанд вақт манзилу мароҳил тай карда ба Бағдоди шариф наздик шуд. Подшоҳи Бағдод инро фаҳмида, бо аркони давлат ва аъёни вилоят аскарҳояшро даста-даста, гурўҳ-гурўҳ карда ба тартиб овард.
Пеш пеши онҳо духтари подшоҳи шаҳри Сабо ба асп сувор карда, ба пешвози падараш баровард.
Подшоҳи шаҳри Сабо фарзанди арҷмандашро сиҳату саломат дида,
хушвақт ва хуррам шуд. Азду тараф ғаму ғуссаҳо дур шуд. Подшоҳи Бағдод ҳам расида омад ва ҳар ду подшоҳ мулоқот ва сипосу миннатдорӣ карданд.
Подшоҳи Бағдод меҳмонҳоро ба қасри худ таклиф кард. Подшоҳи шаҳри Сабо тўҳфа ва ҳадьяҳои овардагиаш – ғуломони зарринкамар, канизҳои соҳибҷамол, асбобу анҷом ва аслиҳаҳои бо гавҳарҳои шабчироқ, ҷавоҳирҳои қиматбаҳо зебу зинат додашударо тақдим кард.
Подшоҳи Бағдод ҳиммати подшоҳи шаҳри Саборо дида, ҳазор шукр ба ҷо овард, ҷаҳон-ҷаҳон хурсанд шуд, ки ҳеҷ вақт ин хел хурраму хушҳол нашуда буд.
Баъд Абўалӣ ва подшоҳи шаҳри Сабо ҳамсўхбат шуданд. Подшоҳи шаҳри Сабо Абуалиро дида: «Аҷаб ҳакими роҳнамуни рўзгори олам менамояд» гуфт ба дили худаш.
Абўалӣ бо фармоиши подшоҳи Бағдод, ба воситаи қуввати илми симиё як макони хушу хуррам ва як гулистони ҷаннатнишон пайдо кард, ки подшоҳи шаҳри Сабо бо тамоми аскару лашкараш дар он ҷой шуд. Дар он макони фирдавснишон як тахти олии зарнигор, ки ҳамааш аз лаълу ёқуту забарҷаду дурру ҷавоҳирҳо мурасса буд, гузоштанд. Қасри шоҳона ҳам ба ҳамон мувофиқ буд, ки шуълаи вай ба офтоби ҷаҳонтоб ғалаба мекард.
Подшоҳи шаҳри Сабо ва аркони давлаташ вай қасри шоҳонаро дида, таҳсин ва офарин карданд.
Подшоҳи Бағдод дар он боғ – дар он гулистони ҷаннатнишон меҳмонҳоро чил шабу рўз зиёфат дод. Ҳама шод ва хуррам шуданд.
Баъд аз зиёфатҳо подшоҳи шаҳри Сабо орзўи тамошои ҳаммоми ибратномаи Абуалиро кард. Абўалӣ аз ҷояш бархост, дасташро алифлом карда, аз подшоҳ барои меҳмонҳоро зиёфат кардан иҷозат гирифт.
Дар роҳи ҳаммом бо қуввати илми Симиё як боғи марғузори ҷаннатнишон бино кард, ки дар он ҷо меваҳои рангоранг, гулу райҳонбисьёр буданд, мурғону булбулони хушхон нағмасарои мекарданд.
Дар қасри дар даруни боғ будаи подшоҳ канизакони соҳибҷамол ба мисоли ҳуру ғилмонҳо бозию ишрат карда мегаштанд.
Абўалӣ боғро тайёр карда, подшоҳи шаҳри Саборо аввал ба ҳаммом таклиф кард. Подшоҳи бо аркони давлаташ ба ҳаммом даромад ва дид, ки ҳаммом хушҳаво, шоҳсуфаҳои сулаймонӣ дорад дар ҳавзҳояш лаб ба лаб оби мусафои форам, моҳиҳо бо шавқу завқ ҷавлон зада оббозӣ мекунанд. Даруни ҳаммом ҳамчунин тозаю озода буд, ки оина барин акси одам менамуд. Дар ҳаммом чил нафар ғуломбачаи париваши зулфдори зарринкамар буд, ки ҳар кадоми онҳо дар як равоқи ҳаммом аз барои хизмат даст ба сина карада меистод. Онҳо ҳеҷ сухан намекарданд.
Подшоҳи шаҳри Сабо як ғуломбачаро дар гўшае оварда савол кард:
-Шумоён хизматгори зархариди Абўалӣ мешаветон?
Вай ҷавобе надод.
Подшоҳ бо ақлу фаросати худ фаҳмид, ки ин ҳама қуввати илми симиё аст. Ба Абўалӣ таҳсину офарин хонд. Подшоҳ дар дили худаш: «обло-таоло ба бандаҳояш аҷаб лутфу карам кардаст» гуфта ҳайрон шуда истода буд, ки Абўалӣ омада, ба зиёфати боғи ибратнамо таклиф кард.
Аркони давлати подшоҳ ҷамъ шуда, сипоҳона қадам зада, ба он боғ дохил шуданд. Абўалӣ сардорҳо бо яксаду бист ҳазор лашкар се шабонарўз зиёфат кард. Барои ҳар як меҳмон ба худаш муносиб тўҳфа ва ҳадьяҳои аҷоиб марҳамат карданд, ки таърифи он агар оби дарьёҳо сиёҳӣ шавад, ҳама чўбҳо қалам шавад ҳам, навишта тамом карда намешавад.
Баъд аз ин зиёфатҳо Абўалӣ ва дигар ҳукамо уламо ҳамаашон даст ба сина гузошта, бо иззати тамом аз подшоҳи шаҳри Сабо илтимос карданд, ки барои нури чашмашон – маликаи Ҳумоюнбонуро ба подшоҳи Бағдод тўй карда додан розигӣ диҳад. Подшоҳи шаҳри Сабо низ қабул кард.
Дар шаҳри Бағдод ба тўй тайёри дида шаҳрро оинабандӣ карданд. Чор шабонарўз ба ҳамаи фуқарою фузало тўю тамошо дода, ба ҳама инъом дода,
ҳамаро хурсанд ва хуррам карданд.
Баъд аз тую хурсандиҳо подшоҳи шаҳри Саборо ба мамлакати худаш гуселонданд. Ҳама аскарҳо ва аркони давлат муносиби худ тўҳфа ва ҳадьяҳо гирифта, хурраму хушнуд шуданд.
Подшоҳи Бағдод ба Ҳумоюнбону айшу ишрат карда, ба муроду мақсадаш расид.
АЛҲАЗАР! АЛҲАЗАР!
Пешвоёни шариат Ибни Синоро шарманда кардан хосатанд. Ба ҳамин мақсад рўзе онҳо яке аз мухлисони худашонро ба тобут андохтанд ва фарьёду вовайлокунон назди Ибни Сино бурда ба ў:
-Инро бинед, - гуфтанд.
Ибни Сино тобутро кушода шахси дар тобут хобидаро аввал ба пойҳояш нигарист, дид, ки пойҳои ў дарозу зонувонаш рост буданд. Баъд Ибни Сино пилки чашми ўро кушода дид: дар гавҳараки чашм акси ҳеҷ чиз маълум намешуд. Сино баъд ба сўи муршид - сарвари муллоҳо нигоҳ карда гуфт:
-Дар ҳақиқат мурдааст, ба қабритсон баредаш.
Муллоҳо аз гапи Ибни Сино қоҳ-қоҳ зада хандиданд ва ба шаъни ў «ту қаллобӣ», «ту казобӣ» гўён заҳри таънаву маломат пошиданд. Баъд аз ин муршид бо нўги асояш ҷасади даруни тобутро нихта карда:
- Хез, худатро нишон деҳ, ки зиндаӣ, - гуфт. Аз шахси даруни тобут садое намебаромад, осори ҳаёт зоҳир намекард.
Он мард аз ҳайбати тобут ва доду фарьёди ваҳмангези тобут барон тарсида, кайҳо мурда буд.
Ибни Сино ба чашмони муршид боғазаб назар андохт ва гуфт:
- Шариатпаноҳо! Дурўғ гуфтан ва қаллоби суфтан аз маърифати ҳаюлоӣ набувад. Ин пеша хоси табиати шумо ва шумо барин касон аст, ки ҷумлагӣ бо ҳамин роҳ айшу зиндагӣ мекунед. Алҳазар! Алҳазар аз ин гуна айшу аз ин гуна зиндагӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё