АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Миқдори машварат ва тақвими баргузории онҳоро барои ҳар як донишҷӯ ё гурӯҳи донишҷӯён муайян сохта, бо раёсати таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқа намоянд.
Кормандони муҳандисию техникии донишгоҳу донишкада кори пайвастаи воситаҳои комютерӣ, алоқа ва техникии таълимро назорат намуда барои таъмини раванди таълим бо истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ хешро бояд масъул ҳисобанд.
Сатҳи салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, кормандони муҳандисию техникӣ ва таълимию ёрирасон бо шаҳодатномаи аз курси такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи истифодабарии технологияи таҳсилоти фосилавӣ гузашта ва таҷрибаи иштирок дар татбиқи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ бояд мутобиқат намояд. Бо ин мақсад дар
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.
2.2. Технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар ҷараёни таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ Дар ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мавҷуд будани барномаи электронии идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд. Барномаи электронии идоракунии раванди таълим бояд тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин нишондиҳандаи дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот таҳия гардида, хусусияти хоси фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба инобат гирад.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд низоми назорат ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбароии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ)-ро пурра бо истифода аз барномаи электронии идоракунии раванди таълим амалӣ гардонанд. Ин раванд дар донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мушкилот бошад, ҳам амалӣ гардида истодааст.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассиса талаботи зеринро ба роҳ монад:
- дастрасии маҷмӯи таълимию методии электронии фанҳои таълимӣ ва ё кейсҳои махсус (барнома, маводи дарсӣ, маҷмӯи инфиродӣ) бо истифода аз воситаҳои мултимедӣ;
- дастрасии низоми иттилоотии корпоративии гардиши ҳуҷҷатҳо (аз ҷумла низоми электронӣ), ки раванди таълимро ба пуррагӣ идора менамояд;
- таъмини раванди таълим бо омӯзгороне, ки бевосита барои фаъолият дар муҳити иттилоотию таълимии муосир тайёр карда шудаанд;
- фаъолнокии сомонаи муассисаи таълимӣ;
- дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет;
- мавҷудияти почтаи электронӣ барои ҳар як омӯзгор ва ҷалби
донишҷӯён ҷиҳати истифодаи самараноки он дар раванди таълим;
- татбиқи низоми баҳогузории сатҳи дониши донишҷӯён тибқи низоми кредитии таҳсилот.
Ташкили раванди таълим дар донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ, ба мақсад мувофиқ буда, тарзи коргузорӣ ва натиҷаи корҳои таълимӣ дар муассиса тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Муассиса тибқи нақшаи таълимӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар машғулиятҳои лабораторию амалӣ иштирок намуда, аз талаботи истифодаи кори лаборатории виртуалӣ бархӯрдор гарданд. Дар муассиса тибқи талаботи
«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020- 2040 нақша чорабиниҳои асоснок коркард гардидааст.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шароити таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ, ки тибқи талаботи стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо ба нақша гирифта шудаанд, шароит фароҳам месозанд. Шароит фароҳам овардан аз муассиса саривақт бастани шартнома, таъмини базаи моддӣ техникӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ва ғайраро талаб менамояд.
Раванди таълимро дар шакли фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ҳайати омӯзгорон, кормандони муҳандисию техникӣ ва таълимию ёрирасон таъмин менамоянд. Ҳангоми ҷалби омӯзгорон ва кормандони муҳандисию техникӣ ва таълимию ёрирасон сатҳи салоҳиятҳои касбии онҳо бо назардошти малакаи истифодаи технология ва низоми хизматрасонии иттилоотӣ ба инобат гирифта шавад. Зеро тамоми омӯзгорон, кормандони муҳандисию техникӣ ба фаъолият дар низоми фосилавӣ омода нестанд.
Омӯзгорон дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ бояд бо донишҷӯён бевосита ё бо истифода аз интернет баҳри рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (фароҳам сохтани муҳити таълимию иттилоотии электронӣ ва ё дигар воситаҳои иртиботӣ) пайваста алоқа намуда, миқдори машваратҳо ва тақвими баргузории онҳоро барои ҳар як донишҷӯ ё гурӯҳи донишҷӯён муайян ва бо раёсати таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқа намоянд.
Дар таҳсилоти фосилавӣ мавқеи асосиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ воситаҳои компютерӣ, алоқа, ва технологияи таълим ташкил медиҳад.
Омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бояд сатҳи баланди салоҳиятҳои касбиро ноил бошанд ва аз технологияи муосир моҳирона истифода бурда тавонанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои такмили ихтисос ва маҳорати касбии ҳайати омӯзгорон ва кормандони ёрирасон тамоми тадбирҳо андешида шаванд, дар худи муассиса ё берун аз он курсҳои омӯзишӣ ташкил дода шаванд аз манфиат холӣ нест. Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ дар реҷаи «Оn-line» то оғози сессияи таълимӣ баргузор карда шавад.
Дар ин давра (дар ҳафтаҳои таълими назариявии академӣ) дар шакли ҳамгироии раванди таълими мустақим бо истифода аз видеоконфронсҳо, чат, вебинар, видеодарсҳо, тамос бо телефон ва ғайра ба роҳ монда мешавад, то ки донишҷӯён тарзи корро дар таҳсилоти фосилавӣ бо технологияи муосир азхуд кунанд ва ба хатогӣ дар робита бо омӯзгор роҳ надиҳанд.
Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ дар реҷаи «Оff-line», ки шакли ҳамгироии раванди таълим ба шумор меравад, робитаи омӯзгор ва донишҷӯ ба воситаи сомонаи муассиса ва почтаи электронӣ тариқи иҷро намудани супоришҳои фосилавии омӯзгор то оғози сессияи таълимӣ сурат мегирад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ чизи асосӣ рейтинги академии донишҷӯён мебошад. Рейтинги академии донишҷӯён мувофиқи талаботи нақшаи таълимӣ ба таври зерин баргузор мегардад:
- ташкил додани шароит барои суҳбати мустақими донишҷӯ бо омӯзгор дар реҷаи Off-line бо истифода аз технологияҳои иттилоотию иртиботӣ;
- таъмин намудани донишҷӯён бо маҷмӯи таълимию методии электронӣ; - баҳодиҳии воқеӣ ба корҳои назоратии донишҷӯён.
Дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёне, ки тибқи нақшаи таълимӣ корҳои назоратӣ ва дигар супоришҳоро иҷро намудаанд, барои супоридани рейтингҳои академӣ роҳ дода мешаванд.
Ҳамин талабот донишҷӯёнро водор менамояд, ки масъулияти баландро дарк намуда ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд ва аз ҷониби дигар сабаби баланд гардидани сифати таълим мегардад.
Назорати раванди таълимро дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуъбаи таълим (ё бахш)-и таҳсилоти фосилавии қисми таълим ба роҳ мемонад. Шуъба (ё бахш)-и низоми таҳсилоти фосилавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ раванди таълимро бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар фазои ягонаи таҳсилоти электронӣ ташкил намуда сифати таълими ин ё он фанро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Шуъба (ё бахш)-и низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми ташкили раванди таълим бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар фазои ягонаи таҳсилоти электронӣ вазифадор аст:
- дар муассиса фазои ягонаи таҳсилоти электрониро муҳайё намудан;
- ба кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ёрии методӣ ва техникӣ расонад;
- навиштани тақриз ва экспертизаи захираҳои (манбаъҳои) таълимию методиро бо ҷалби мутахассисони соҳа ташкил намудан;
- робитаи байни иштирокчиёни раванди таълимро таъмин намояд;
- озмоишҳои тестиро ташкил ва баргузор намуда, суратҷаласаҳои онро тартиб диҳанд ва дар баробари нигоҳ доштани нусхаи асл, нусхаи зеракси онҳоро ба омӯзгорони фанҳои таълимӣ ва садорати факултет пешниҳод намоянд. Дар ин сурат худсарӣ, изофанависӣ, ба ҷойи касе баҳогузорӣ намешавад.
Кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ технологияи таҳсилоти фосилавиро дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода, вазифадоранд:
- маҷмӯи таълимию методии электронии математикиро аз маводи зарурии таълимӣ ҷиҳати таъмин ва татбиқи раванди таълим дар шакли чопӣ ва электронӣ омода созад;
- ҳайати омӯзгорони соҳибкасбро барои иҷрои корҳои таълимӣ ва илмию методӣ бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ ҷалб намоянд.
Донишҷӯён аз портали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муҳити таълимию иттилоотии электронӣ, мусоҳибаҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои ба раванди таълим бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавӣ алоқаманд бударо, бе мамоният истифода мебаранд. Натиҷаи таҳқиқот ва озмоиши муқарраркунанда ба мо имконият доданд, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ курси таълими фосилавиро оид ба математика бошуурона ва ҳадафмандона татбиқ намоем.
Аз нуқтаи назари талаботҳои дидактикӣ самаранокии, технологияи таҳияшуда дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ карда шуд:
• дар асоси ошкор намудани сифати мундариҷаи барномаи таълимӣ;
• самаранокии татбиқи он (аз рӯи сифати технологӣ ва педагогӣ);
• истифодаи пурраи имконот ва захираҳои мавҷудаи донишкада ва таъминоти технологӣ.
Барои озмоиши мо зарур буд, ки имкониятҳои таълими фосилавӣ дар ташаккули шахсияти мустақил, фаъол, эҷодкор, салоҳиятманд дар кор бо манбаи иттилоот ва мутобиқшаванда ба шароитҳои тағирёбандаи ҳаёт дар муассиса муайян карда шаванд.
Ҳадафи асосии технологияи коркарднамудаи мо дар самти рушди шахсият дар таҳсилоти фосилавӣ дуруст ташкил намудани раванди таълим буд ва мебошад. Бо ин мақсад мо талаботҳои зеринро ба назар гирифтем:
• барномаи компютерии аз лиҳози методӣ мукаммал коркард гардида;
• дастурҳои алгоритмӣ барои кӯмак ба донишҷӯён коркард гардид;
• ташхиси сатҳи рушди донишҷӯён коркард гардид;
• таснифи маром (ангеза)-ҳои фаъолият муқаррар гардид;
• аз шаклу усулҳои гуногуни таълим истифода бурдан ошкор карда шуд;
• таҳияи низоми арзёбӣ дар шароити донишкада коркард гардид.
Қисмати ташаккулдиҳандаи кори озмоишӣ-таҷрибавӣ дар заминаи кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар соли таҳсили 2019-2022 гузаронида шуд.
Математика дар тамоми давру замон илми асосӣ ба ҳисоб рафта, рушди тафаккури хонандагону донишҷӯён аз он вобастагии ногусастанӣ дошта, дар шароити муосир мавқеи он торафт боло меравад.
Дар шароити муосир таҳсилоти бетанафус мубрамияти хоса касб намуда, дар тамоми зинаҳои таҳсилот баланд бардоштани касбияти мутахассисони ин касбро талаб менамояд. Ба инсони муосир доштани маълумоти базавии математикии мактабӣ зарур мебошад, ки бе чунин омодагӣ инсони муосир ба чизе ноил гардида наметавонад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳое мавҷуданд, ки бе истифодаи донишҳои математикӣ онҳоро аз бар намудан имконият надорад инҳоянд: иқтисод, молия, химия, информатика, техника, биология, психология ва дигарон, ки дар ин самт ҳазорон нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Ҳамин тавр, дар олами муосир мавқеи омодагии математики насли наврас торафт меафзоят. Таълим дар масофа аз қадим диққати инсониятро ба худ ҷалб менамуд, ба он ҳам омӯзгорон ва ҳам таълимгирандагон ниёз доштанд. То давраҳои наздик ҳам дар мамлакати мо ва ҳам дар хориҷ шакли таҳсили ғоибона амал менамуд, ки дар он шакли ба табъ расидаи маълумот ҳукумрон буд. Омӯзгор дар шакли лаҳзавӣ дар сессияи имтиҳону санҷишҳо бо донишҷӯ рӯ ба рӯ меомад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба таҳсилоти босифат мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, зеро ки марказҳои илмӣ дар марказҳои шаҳрҳои калон қарор доштанд. Ин мушкилотро бо инкишофи технологияи компютерӣ ва шабакаи Интернет аз хона набаромада ҳал кардан мумкин аст.
Таҳсилоти фосилавӣ— шакли таълиме мебошад, ки дар ҳамкориҳои таълимии дар аз ҳамдигар асос ёфта, тавассути технологияи телекоммуникатсионӣ ва захираҳои Интернетӣ амалӣ мегардад.
Таҳсилоти фосилавӣ– технологияи нави муосире мебошад, ки имкон медиҳад таълим сифатан беҳтар ва дастрастар гардад. Ташкили таълими фосилавии математика мубрам мебошад, зеро ки моҳияти бузурги амалиро ноил мебошад. Дар ҳолати ба дарс надаромадан ё қафо мондан бо сабаби узрнок, хонанда метавонад ба «Мактаби таҳаюллотӣ» ворид гардида, маводро мустақилона дастрас намуда, омӯзад. Дониши хешро аз фанни математика тавассути технология тафтиш, ислоҳ, пура ва мустаҳкам мегардонанд.
Агар ба хонанда ё донишҷӯ омӯзиши фанни математика маъқул шавад, вай метавонад ҷаҳонбинии хешро васеъ гардонад, бо роҳи ҳалли масъалаҳои эҷодӣ. Маводҳои иловагиро пайдо намуда, ба иҷрои корҳои эҷодӣ беҳтар тавассути технология омода гардад. Ғайр аз ин, коркардҳои методӣ барои ислоҳи дониши хонандагон аз фанни математика ниҳоят муҳим мебошад.
Дар шароити иқтисодӣ бозоргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таҳсилоти фосилавӣ рӯз аз рӯз дар матни стандартҳои таҳсилоти касбӣ меафзояд, ки асоси онро муносибати низомӣ- фаъолиятӣ ташкил медиҳад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои самараноки технологияи муосири ахборотӣ мебошад, ки ба муносибати босалоҳият нигаронида шудааст:
1.маҳорати ташкил додани фаъолияти хеш, муайян намудани вазифа ва ҳадафи он, интихоби воситаҳои амалӣ намудани ҳадафҳо ва истифодаи онҳо дар амал. Ҳамкорӣ бо гурӯҳ дар раванди ба даст даровардани мақсади гузошташуда, баҳо додан ба натиҷаи дастовардҳо.
2.ноил гардидан ба салоҳиятҳои калидӣ, ки моҳияти маҷмӯъиро дар шаклҳои гуногуни фаъолият ноиланд, маҳорати кор карда тавонистан бо сарчашмаҳои гуногуни ахборотӣ.
3. омода будан ба интихоби касб, маҳорати майл гирифтан дар олами касб, ба ҳолати бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбӣ бо баинобат гирифтани имкониятҳои хеш.
4. майл пайдо намудан ба арзишҳои башардӯстона ва демократӣ, омодагӣ ба пайравӣ намудани меъёрҳои ахлоқӣ дар ҳаёт, маҳорати аз мавқеи рафторҳои иҷтимоӣ баҳо дода тавонистани донишҷӯён.
5.натиҷаҳои шахсӣ ва фаннӣ таълим дар таълими донишҷӯён дар таҳсилоти фосилавӣ тавассути фаъолияти омӯзгор дар низоми технологияи фосилавӣ ошкор мегардад.
Таълими фосилавӣ дар худ тарзҳои гуногуни мазмуни таҳсилотро фаро гирифта, дар барномаи таълимӣ пешбина карда шудааст. Вай низоми гуногуни шакл, усул, ва воситаҳои таълимро, ки бештар самараноканд пешниҳод менамояд, ки мақсадро ба даст овардан осонтар мебошад.
Ба шакли низоми таҳсилоти фосилавӣ дар раванди омӯзиши фанни математика инҳоро ворид намудан мумкин аст: лексия, семинар, машғулиятҳои лабароторӣ, корҳои назоратӣ, корҳои курсӣ, зачот, имтиҳон, машварат, корҳои мустақилонаи донишҷӯён.
Дар таҳсилоти фосилавӣ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакли таълим чунин омилҳоро фаро мегирад: мақсад, мутобиқат ба фармоишҳои иҷтимоӣ. Мақсад, мутобиқат ва фармоишҳои иҷтимоӣ, дар тамоми шаклҳои таълим бояд риоя гардида, мазмун, бояд ҳамчун муайянкунандаи асосии амали барномаҳо, стандартҳо барои шакли муайяни муассисаи таълимӣ пешбинӣ гардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё