АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Дар поёнтари ин саҳифа баъзе танзимҳои барои курс дахлдорро иваз кардан мумкин аст. Масалан, барои мо зарур аст, ки формати курс на ба ҳафтаҳо, балки аз рӯи мавзӯъ ҷудо карда шаванд ва миқдори ҳамон ҳафтаҳоро якбора муайян мекунем.
Баъд аз он, мо метавонем курси зеринро сабт кунем, сипас онро ба рӯйхати категорияҳо мегузарем ё таркиби худи курсро аз назар мегузаронем.
Варианти дуюмро интихоб мекунем ва чунин саҳифа кушода мешавад.
Ҷойгир кардани мавод ба таркиби курс. Дар барномаи таълимии курси таълимии электронӣ – ин манбаи электронии омӯзишӣ барои дастгирии раванди таҳсил мебошад. Ҳамзамон, курси электронӣ маводҳои назариявиро пешкаш ва назорати сатҳи донишро таъмин мекунад.
Курси таълимии электронӣ, ки дар системаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ҷойгир карда мешавад, метавонад аз мавзӯъ ва бобҳои алоҳида мураттаб гардад. Инчунин, курси таълимии электронӣ масъалаҳои амалӣ ва маводҳо барои омӯзиши мустақилонаро метавонад дар бар гирад. Курс ба ғайр аз маводҳои назариявӣ, бояд дорои элементҳои арзёбӣ барои баҳо додан ба дониши донишҷӯ (супориш, тест, лексия ва ғ.) иборат бошад.
Элементи «Лексия». Лексия қисми асосии курс ба ҳисоб рафта дар он маълумотҳои бевоситаи ба курс алоқаманд ва зарури омӯзишӣ ҷойгир аст.
Ҳангоми шиносоӣ бо лексия донишҷӯ дониши нави муфассалро доир ба мавзӯъ мегирад.
Муаллимони навкор дар системаи Moodle бояд дар хотир доранд, ки элементи сохтории «Лексия» дар ин системаи таълимӣ аз лексияи одии мактаби олӣ фарқ мекунад. Элементи «Лексия» дар асоси принсипи пешниҳоди бонавбати саҳифаҳо бо маводҳои назариявӣ, вазифаҳои тестии омӯзишӣ ва саволҳо сохта шудааст.
Дохилкунии лексияи навро дар мисоли яке аз мавзӯъҳои фанни математика дида мебароем. Аввалан мо бояд ба саҳифаи курси зарурӣ ворид шавем. Бояд дар хотир дошт, ки танҳо дар реҷаи таҳрир мо метавонем ба курс элементҳои нав ҳамроҳ кунем.
Баъди пахши ин тугма реҷаи таҳрири эленментҳои курс кушода мешавад.
Барои ҳамроҳ кардани лексия мо нишонаи «Унсур ё захира илова карда шавад»-ро пахш мекунем, ки дар натиҷа оинаи интихоби элемент ба курс кушода мешавад.
Оинаи иловакунии элементи нав ба курс
Аз ин оина элементи «Лексия»-ро интихоб карда тугмаи «Илова карда шавад»-ро пахш мекунем. Дар натиҷа саҳифаи иловакунии лексия бо якчанд танзимҳои асосӣ кушода мешавад.
Гузоштани ном ва тавсиф (эзоҳ)-и лексия
Номи лексия бояд барои донишҷӯён фаҳмо ва диққатҷалбкунанда бошад.
Оиди таркиби лексия эзоҳи кӯтоҳро қайд кардан мумкин аст. Пур кардани ин параметр (ченак)-ҳо ҳатмӣ буда дар поёнтари ҳамин саҳифа мо бояд боз якчанд танзимҳоро тағйир диҳем.
Параметр (ченакҳо) ҳои намуди зоҳирӣ (Appearance)
Миқдори минималии ҷавобҳо/гузаришҳоро миқдори тугмаҳо (ҳаволаҳо), ки барои гузаштан ба қисмат (саҳифа)-ҳои гуногуни лексия хизмат мекунанд, муайян мекунанд. Параметри дуюм бошад, барои нишон додани тавсифи лексия хизмат мекунад. Ҳамин тариқ тугмаи «Маҳфуз дошта шавад ва нишон дода шавад»-ро пахш мекунем ва ба саҳифаи дохилкунии саҳифаҳои лексия мегузарем.
Таҳрири лексия
Баъди сабти лексия саҳифаи зерин кушода мешавад, ки бо истифода аз имкониятҳои он мо метавонем таркиби лексияамонро дар асоси манбаъҳои илмӣ бо матн ва саволҳо пур кунем. Инчунин дар ин саҳифа ҳаволаи «Кластер илова карда шавад» вуҷуд дорад. Кластерҳо барои ба гурӯҳ ҷамъоварӣ кардани саҳифаи саволҳо хизмат мекунанд. Яъне вазифаи кластер аз миқдори муайяни саволҳои фанни баровардани саволи тасодуфӣ мебошад.
Дохилкунии матни саҳифа
Мо бояд ба саҳифа ном гузорем ва дар майдони «Муҳтавои саҳифа» матни таркиби саҳифаро дохил кунем. Барои дохил кардани муҳтаво дар Moodle таҳриргари матнӣ истифода бурда мешавад. Таҳриргари матнии дар расм овардашуда Tiny MCE ном дорад, ки он яке аз маъмултарин HTML таҳриргарҳо мебошад (дар Moodle ба таври стандартӣ дигар таҳриргар истифода мешавад, дар поёнтари ин боб тарзи иваз кардани таҳриргари матнии асосӣ оварда шудааст). Дар поёни таҳриргар гузаришҳо ба дигар саҳифаи лексия муайян карда мешавад.
Гузаришҳо ба саҳифаҳои лексия
Дуруст муайян кардани гузаришҳо низ барои ҷолиб шудани лексия муҳим мебошад. Агар шумо хоҳед, ки дар лексия саҳифабандии одиро истифода баред маҳз аз ҳамин гузаришҳо истифода кунед. Лекин маслиҳат дода мешавад, ки аввал ҳамаи саҳифаҳои лексия дохил карда шуда, танҳо баъд аз он гузаришҳо дуруст муайян карда шаванд. Баъди ворид кардани муҳтавои саҳифа ва муайян кардани ақаллан як гузариш мо метавонем саҳифаро сабт кунем.
Рӯйихати саҳифаҳои таркиби лексияи мазкур
Айни ҳол дар лексияи мазкур мо танҳо як саҳифа дорем. Барои ҳамроҳ кардани саҳифаҳои боқимонда чунин амалро иҷро кардан лозим аст:
Иловакунии саҳифаҳои оянда
Ҳамин тавр мо бояд ҳамаи саҳифаҳои таркиби лексияро илова кунем.
Баъди илова кардани ҳамаи саҳифаҳо метавонем гузаришҳоро дуруст муайян кунем. Мо бояд ҳамон параметрро ба микдори саҳифаи дар лексия сохтаамон мувофиқ карда гузорем. Барои ба намуди саҳифабандии одӣ овардани гузаришҳо як намуна меорем.
Барои ҳар як саҳифа мо бояд гузаришҳоро ба таври дастӣ муайян кунем.
Азбаски саҳифаи аввалаи лексияи мо «Нақшаи дарс» аст ба сифати гузариши 1 (Ба аввал) ва 2 (1)-и ҳамин саҳифаро интихоб мекунем.
Интихоби саҳифаи зарурӣ барои гузариш
Мавзӯи 3 ба 5 саҳифаи алоҳида тақсим карда шудааст, яъне 5 саҳифа дар дохили лексия сохта шудааст. Аз танзимҳо ба ин лексия 7 гузариш муайян карда шудааст (Ба аввал, 1, 2, 3, 4, 5, Ба охир).
Ҳамаи гузаришҳои лексия
Чуноне дар боло қайд карда шуд, ин амал (таҳрири дастии гузаришҳо)-ро барои ҳар як саҳифаи дар дохили лексияи ҷойгиршуда иҷро кардан лозим аст.
Ҳангоми аз назар гузаронидани лексия гузаришҳо чунин намудро доранд:
Гузаришҳо
Варианти дигар ва содаи ҷойгиркунии гузаришҳо ин истфодаи танҳо ду гузариш мебошад.
Саҳифа танҳо бо ду гузариш
Ҳамин тавр, барои ҳар як мавзӯъ матни лексияҳоро илова карда гузаришҳоро муайян мекунем.
Элементи «Тест». Санҷиши донишҷӯён дар раванди таълим барои муайян кардани дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ, қабули қарор оиди иҷозат додан ба мавзӯи навбатӣ (санҷиши фосилавӣ) ё дар ҳолати санҷиши ниҳоӣ оиди баохиррасии курс имконият медиҳад.
Супоришҳои тестӣ метавонанд чунин намуд дошта бошанд:
• дар шакли пӯшида (дорои якчанд ҷавоб);
• бо интихоби ҷавобҳои Ҳа/Не, дуруст/нодуруст;
• бо ҷавоби кӯтоҳи матнӣ;
• мувофиқоварӣ;
• ботафсил ва ғ.
Ҳамаи саволҳо дар базаи маълумотҳо - «Бонки саволҳо» нигоҳ дошта мешаванд ва дар натиҷа дар курси дилхоҳ бо роҳи дохилкунӣ ба тестҳо аз нав истифода бурда мешаванд. Дар тестҳо функсияи омехта кардан вуҷуд дорад, ки дар натиҷа ҳар як донишҷӯ варианти ягонаи худро соҳиб мешавад. Барои супоридани тест якчанд навъи озмоишро метавон пешниҳод намуд. Дар системаи таълимии мазкур муаллим метавонад муҳлати супоридани тестро маҳдуд ва миқдори муайяни вақт ва тарзи баҳодиҳиро ҳангоми вуҷуд доштани якчанд озмоиш муайян намояд.
Агар донишҷӯ нодуруст ҷавоб диҳад, пас ба ӯ эзоҳи муаллим нишон дода мешавад. Омӯзгор метавонад миқдори саволҳоеро, ки дар як вақт ба донишҷӯ дар экран нишон дода мешавад, муайян кунад ва ба донишҷӯ имконияти ботартибу муносиб ҷавоб доданро диҳад.
Ҳамин тавр, системаи Moodle имкони сохтани тестҳои интерактивӣ бо системаи баҳодиҳии мутобиқ ва назорати гузариши онҳоро доро мебошад.
Дар системаи Moodle якчанд роҳи воридкунии тестҳо вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, бевосита дар худи система ҳама намуди тестҳоро сохтан мумкин аст.
Хулосаи боби дуюм
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст.
1. Таҳсилоти фосилавӣ, ҳамчун яке аз технологияҳои инноватсионӣ дар низоми тайёр кардани мутахассисон дар асоси талаботи бозори меҳнат, ба мо имкон медиҳад, ки раванди таълимии муосирро дар донишкадаву донишгоҳҳо такмил диҳем. Дар натиҷаи воридшавии ҷомеаи муосир, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамаддуни иттилоотӣ, ба ҷои амсилаи кӯҳнаи таълим амсилаи нав рӯи кор меояд, ки ба муқаррароти зерин асос ёфтааст:
- дар маркази технологияи таълим донишҷӯ қарор дорад;
- маҳаки фаъолияти таълимиро ҳамкорӣ ташкил медиҳад;
- донишҷӯён дар омӯзиш нақши фаъолро доро мегарданд;
- моҳияти технология – рушди дониш, маҳорат ва малакаи худомӯзӣ мебошад.
2. Технологияи таҳсилоти фосилавӣ, ки дар раванди таълим дар донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ ҷорӣ карда шудааст, имкон медиҳад, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:
- ташкил ва истифодаи маводи таълими оид ба фанҳои табиӣ-риёзӣ, ки дорои мундариҷа, намуд ва шаклҳои гуногун мебошанд;
- ба донишҷӯ додани озодии интихоби усулҳои иҷрои супоришҳои таълимӣ аз фанҳои табии-риёзӣ дар асоси талаботи «ҳуқуқ ба хатогиҳо»;
- истифодаи шаклҳои ғайримуқаррарии дарсҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ дар асоси муколама, тренингҳои коммуникатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани эҷодиёти донишҷӯён;
- фароҳам овардани шароит барои зоҳиршавии қобилият ва имкониятҳои эҷодӣ дар фаъолияти мустақилона ва дастаҷамъӣ;
- таҳия ва истифодаи барномаҳои инфиродии таълимӣ, ки ҷустуҷӯ ва тафаккури эҷодиро ангезиш медиҳанд.
3. Яке аз бартариҳои асосии таҳсилоти фосилавӣ – ин бидуни истисно, дар муносибат ба ҳар як донишҷӯ татбиқ намудани муносибати инфиродӣ мебошад. Тадқиқот нишон дод, ки ҳангоми истифодаи раҳёфти мазкур давомоти донишҷӯёни тамоми зинаҳои омодагии математикӣ беҳтар мегардад.
Гуногунии ҳудуд (траектория)-ҳои омӯзишӣ ба ҳар як донишҷӯ имкон медиҳад, ки роҳи мувофиқ ва суръати азхудкунии маводи таълимиро беҳтар созад, то ки натиҷаҳои таълимии худро ба таври назаррас беҳтар намояд.
4. Технологияи таълимоти фосилавӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим тавассути бо навбат ҷойивазнамоии таълими проблемавӣ бо унсурҳои барномасозӣ, алгоритмсозӣ гузаронида шавад. Бо чунин омӯзиши усулҳо ва шаклҳои таълим, маромнокии маърифатии донишҷӯён меафзояд. Муҳиммии шакли зикргардидаи ташкили таълим дар он аст, ки ҳар як усул дар ташаккули фаъолии эҷодии донишҷӯ нақши нотакрори худро мегузорад. Алгоритм амалҳоро ба тартиб медарорад, ба мантиқ ва паиҳамии он мусоидат мекунад, ки ба муваффақият ноил гарданд. Барномасозӣ пешрафти мустақилонаи донишҷӯро дар ин ё он мавзу осон гардонида, барои алоқаи баръакс кӯмак менамояд. Мушкилоти равандҳои фикрӣ ва эмотсионалиро фаъол месозад.
5. Намунаҳои супоришҳои математикии дар раванди озмоиш таҳиягардида имкон доданд, то салоҳиятҳои зерини фаъолияти таълимии донишҷӯён ташаккул дода шаванд: қобилият ба худомӯзӣ, мақеи фаъол дар таълим, соҳиб гаштан ба воситаҳои ҳалли масъалаҳои дараҷаи мураккабияшон гуногун, қобилият ба худтаҳлилнамоӣ (рефлексия), худтанзим ва худидоранамоӣ, ки натиҷаи он дар ҷадвалҳо нишон дода шудааст.
ХУЛОСАИ УМУМӢ
Ба таври хулосавӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ҳазорсолаи нав бо нерӯи афзояндаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тавсиф ёфта, моҳиятан инқилоби глобалии иттилоотӣ мебошад, ки аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ нисбат ба инқилоби саноатии асри XX ва инқилоби илмию техникии миёнаи асри XX чанд маротиба афзунтар мебошад.
- ба наслҳои оянда зарур меояд, ки мушкилоти мутобиқшавиро ба шароити ҳаёт дар ҷомеа ҳал намуда, мавқеи асосиро на мавод (материя) ва нерӯ
(энергия) диҳанд, зеро дар ҳаёти муосир мавқеи асосиро иттилоот ва донишҳои илмӣ ишғол менамоянд.
- шароити муосир тақозо менамояд, ки дар Тоҷикистон ба бо мақсади ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ тағироти мақсадноки сохторӣ ворид карда шавад.
- дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баҳри самаранок роҳандозӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ муҳайё намудани базаи моддӣ- техникии мутобиқ ба майлу рағбати донишҷӯён;
- андешидани тадбирҳои судманд баҳри таъминоти шароити созгори техникӣ, технологӣ, методӣ ва маводҳои электронию почтаи фаъол дар таҳсилоти фосилавӣ. Бо ибораи дигар агар гӯем, таълим ба як бахши соҳаи иқтисод табдил ёфтааст, ки он асосан бо назардошти манфиатҳои истеъмолкунанда таҳия карда мешавад.
Пеш аз он ки бевосита ба баррасии таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун шакли асосии технологияи инноватсионии замони истиқлолият гузарем, истилоҳоти марбутаро аниқ кардан лозим меояд. Дар адабиёти муосир, ки ба масъалаҳои таҳсилот бахшида шудаанд, истилоҳҳои «таълим» ва «таҳсилот» аксар вақт ҳамчун муродиф ва ё мафҳумҳои аз лиҳози мазмун бисёр наздик истифода мешаванд.
Дар илми педагогика истилоҳи "таҳсилоти фосилавӣ" ва «таълими фосилавӣ» мавҷуданд. А. А. Андреев мафҳумҳои "таълим" ва "таҳсилот" - ро аз мавқеи раҳёфти низомӣ баррасӣ менамояд. Айни замон, таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун маҷмӯи хидматрасониҳои таълимие фаҳмида мешавад, ки ба табақаҳои васеи аҳолии кишвар ва хориҷ пешниҳод мегардад. Он бо ёрии муҳити махсуси истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ асос ёфта, мубодилаи маълумоти таълимиро дар масофа таъмин мекунанд. Воситаи асосии роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ телевизиони маҳвораӣ, шабакаи фаъоли Интернетӣ, алоқаи компютерӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ин шакли таълим таърихи тӯлонӣ дошта, бо таърихи воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аммо, дар ин самт таҳлил ва таҳқиқоти мо ошкор намуд, ки дар ин самт таҳқиқотҳо нисбатан кам баргузор карда шудаанд.
Муаллифони ин навоварӣ, ки зиёда аз 130 сол пеш ба чунин амал даст заданд, омӯзгори забони фаронсавии Донишгоҳи Берлин Ч. Тусен ва узви Ҷамъияти забонҳои муосири Берлин Г. Лангенштейдт мебошанд.
Аммо дар таърих ин шакли таълим аввалин шуда дар ИМА соли 1891 дар Донишгоҳи Чикаго дар шакли шуъбаи ғоибона ташкил карда шуд. Каме баъдтар бошад, ин низоми таълим дар дигар донишгоҳҳои амрикоӣ роҳандозӣ гардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ. ин шакли таълим ниҳоят омили зарурӣ гардид. Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки роҳи ба таҳсили бетанафус фаро гирифтани ҷавононро андешад. Технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ, (коммуникатсионӣ) метавонад таҳсилоти фосилавиро ба зинаи тамоман дигари сифатии рушд расонида, имкон диҳад, ки таъсири муоширати мустақим байни омӯзгор ва донишҷӯ таъмин карда шавад. Дар ИМА солҳои 70-80-уми қарни гузашта шумораи донишҷӯёни рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1,6 баробар ва шумораи донишҷӯёне, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекарданд – 2,4 маротиба афзоиш ёфт.
Истилоҳоти "таҳсилоти фосилавӣ" ва "таълими фосилавӣ" дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2017 фаъолона истифода мешаванд. Бисёр донишгоҳҳо махсусан ДОТ дар шаҳри Панҷакент, ДОТ ба номи С.Айни, ДМТ, ДТТ ба нои академик М.С. Осими, ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров., ДДТ, ДТТ, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ва ғайра. технологияи таҳсилоти фосилавиро фаъолона ҷорӣ ва таҳия намудаанд.
Хуллас, таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти фосилавӣ пеш аз ҳама бо он вобаста аст, ки он яке аз шаклҳои таълим буда, имкон медиҳад, то идеяҳои таълими муттасил дар амал татбиқ карда шаванд. Дар маркази ҳамаи барномаҳои таълимӣ шахсе меистад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои худ дар тӯли ҳаёт шароити оптималӣ фароҳам оварад.
Чанд сол аст, ки дар маркази технологияҳои нави иттилоотӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар соҳаи омӯзгорӣ оид ба самаранокии технологияҳои иттилоотии таълим кор рафта истодааст.
Объекти таҳқиқот низоми автоматикунонидашудаи таълим мебошад, ки дар як қатор муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Таҳсилоти фосилавӣ ба мо имкон медиҳад, ки новобаста аз ҷой ва вақт ба таври инфиродӣ таҳсил кунем ва таҳсилро дар тулии тамоми ҳаёт идома диҳем.
Дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон шумораи донишҷӯёне, ки тавассути технологияи таҳсилоти фосилавӣ таълим мегиранд, меафзояд, шумораи донишкадаву донишгоҳҳое, ки таҳсилоти мазкурро дар раванди таълим истифода мебаранд, торафт зиёд мегарданд, сохторҳои зиёди байналмилалии таълимӣ эҷод мегарданд.
Дар замонҳои гузашта сарвати миллатҳо аз мавҷудияти захираҳои табиӣ ё заминҳои ишғолшуда вобаста буд. Имрӯзҳо бошад, муҳимтарин мол иттилоот ба шумор меравад. Қобилияти ба даст овардани иттилоот ва истифодаи он шарти ҳалкунандаи боқӣ мондан дар рақобати ҷаҳонӣ, ворид шудан ба асри иттилоотӣ мегардад.
Таҳқиқоти мо нишон дод, ки истифодаи чунин технологияҳо масофаи байни истеъмолкунандаи хизматрасониҳои таълимӣ ва муассисаи таҳсилоти олиро хеле коҳиш медиҳад. Захираҳои таълимӣ, новобаста аз мавқеи ҷуғрофии истеъмолкунанда, барои ҳамаи гуруҳҳои чамъият баробар дастрас мегарданд.
Аз ин рӯ, марҳилаи муосири рушди тамаддун, пешрафти илмӣ ва техника ба вуҷуд омадани чунин мутахассисонро тақозо мекунад, ки тафаккури васеи башардӯстона, омодагии хуби психологӣ дошта бошанд, тавонанд фаъолияти касбиро тибқи қонунҳое роҳандозӣ кунанд, ки алоқамандиро миёни маҳсулнокии иқтисодӣ ва эҷодкорӣ, инчунин хоҳиши шахсро ба навсозии доимӣ, худамалинамоӣ ба инобат гиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё