Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

…Ду шамъ арчи буванд аз ҳамдигар дур,

Вале пайванд гардад нур бо нур.

Мо ҳисору мо ҳисору мо ҳисор,

Даври меҳан, даври нангу даври ор.

Хуни набзи беқарори миллатем,

Сарнавишти хешро худ иллатем.

Кори мо нуру зиё бахшидан аст,

Шамси гардун будану чархидан аст.

Саркашу гарданфарозем ончунон,

Бознашносанд моро дар ҷаҳон.

Ошиқу маъшуқи худ, ҷони ҳамем,

Ки ҳабиби Эзадему ҳамдамем.

Хандае к-аз шодмонӣ шуд падид,

Хандаи аз ҷаври хори мо надид.

Мо ба ҳукми гул шукуфта бедареғ,

Рӯи дасти хору рӯи дасти теғ.

Мо калиди якнамудем аз азал,

Ҳам мувофиқ гаштани мост аз ҷадал.

Сохт бояд хешро, бояст сохт,

Кард во дарвозаҳову худ шинохт.

Рафт бояд бар ҳумоюнкишваре,

Ки набошад мову манро доваре.

Рафтание, ки набошад бозгашт,

Эй бародар, инчунин бояд гузашт.

Эй ҳуҷастатарин паёми замон,

Эй поктарин об ба рӯди ташнагон,

Маро бо олами асрори ту ошноӣ ҳаст

Ва он ҷо туро чӣ манзалатест, медонам.

Чу шабнам ба рӯи гулҳо нишастану

Ба нури офтоб пайвастанат фархунда бод!

Эй муҷаллотарин ситораи қутб,

Ки дар моварои зулмату нур истодаӣ

Ва шабро ба пешвози саҳар мебарӣ.

Ва нигоҳи ғариби ман аз назораат лабрез аст.

Ман оинаеро медонам,

Ки бо ҳақиқатнамоияш ҳеҷ аз мароё мусовӣ нест,

Оинаеро шинохтаам,

Ки бо ҳақиқатпазирияш баробар нест.

Ва шоиреро медонам,

Ки моро ба ҷуз ӯ ниёзе нест.

Ман булбулеро медонам,

Ки беғанав шугуфтани гулашро дидааст,

Ва гулеро медонам,

Ки худро ба хуни дили булбул ранг додааст.

Ва боғеро медонам,

Ки он ҷо ба ғайр аз ин гулу булбул моҷарое нест.

Ва моҷарое чунин туро ҳумоюн бод,

Эй беназири ман!

Дар ҷаҳони саодати маънавӣ

Кабири ман!

Назди ман қисса макун аз шаҳу аз дарбораш,

Аз канизони накӯчеҳраву аз иҷбораш.

Давлатеро, ки ба ман шоҳи шаҳон арза намуд,

Натавон кард ба он фарру шукӯҳ изҳораш.

Бандаам ишқи варо, бандагиям подшаҳист,

Ҷоннавоз аст, ҳабибо, ба фироқ озораш.

Шаҳи қавми ту чӣ донад, зи кадомин кохе

Муғтанам ҳаст ғуломе ба дили афгораш?

Ба зару симу гуҳар дида мунаввар созад,

Кӯрдил, бехабар аз давлати дилбедораш.

Он ки пӯшиду хуш зист, чу дилдор надошт,

Содиқе рафту гадо шуд ба раҳи дилдораш.

пешина
аз 15
навбатӣ