Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо боли хаёли ёр парвоз кунам, парвоз,

Аз худ биравам, ё Раб, аз нав ба заминам боз.

Дил бурду чунонам кард андар ҳавасаш бо ман,

Ҷуз бода намесозад бо ин дили бедамсоз.

Сӯи ту зи ҳар роҳе рафтанду куҷо рафтанд.

Бо ишқ зи нав роҳе ёбанду кунанд оғоз.

Фарёд зи бемеҳрӣ в-ин шарту шариатҳо,

Бар чанг ҳамемонам бе захмаву беовоз.

Африштаи пинҳонам дар пираҳани андом,

Аз ишқи ту пайдоям бе арзи ниёзу оз.

Ман роз нахоҳам ҷуст аз чархи фиребомол,

Ишқ аст, ки хоҳад бурд бикшода забони роз.

Шом асту маҳи комил, роҳ асту равад Ноҳид,

Ояд ба саломат кош, бо як назаре бинвоз.

Поиз оҳанги зимистонро

бо саксафуни ғами олам менавозад

На паёми насимеву на сози рӯд.

Овози хастаи шаҳбонуе дар ман ҳазин мехонад:

«Барф меборад,

Дар дилам донаи андӯҳ мекорад».

Ай андӯҳи аз оғоз қариби ман,

Ай давлати аз оғоз насиби ман.

Чу анҷоми ман анҷоми ту нест,

Баҳоре, ки анҷоми ман хоҳад буд,

Бо дуруди марг бигӯямат падруд.

Нигоҳамро дигар

Аз раҳи сарбастаи умедҳо бозмегирам,

Ва шевани афсӯси ҷудоиҳои наздикони дурамро

Намешунавам.

Қалби ман, ки таскини азизони дӯсту душман буд,

Таскин хоҳад ёфт,

Вуҷуди сармокашидаи ман

Ҷуз оғӯши гарми маргро намепазирад

Ва ман меравам

На ба он ҷое, ки фариштаҳои нозбӯи Худо

Бар гуноҳи хокиёни рӯсияҳ тамасхур кунанд,

На ба он ҷое, ки хокиёни фариштахӯ

Берун аз биҳиштро наменигаранд.

Дар оғӯши баҳоре, ки туро таваллуд кард

Ва оғози ту буду анҷоми ман

Меравам, эй ҳабиб,

Як баҳоре зи нав боз меоям.

Эй сабабе натиҷаат муждарасон баҳорро,

Савти қарор оварад зарбати беқарорро.

Ман гули коғазӣ наям зиндагии дурӯзаро,

Ханда ба хун кашидаам ҷавру ҷафои хорро.

Субҳ шукуфта мешавам аз паси як нигоҳи сабз,

Кош набуд хоби хуш вақти саҳар ҳазорро.

Дафтари шеъри ишқро сатри нафасгирифтаам,

Кист, ки оварад зи раҳ олиҳаи баҳорро.

Дил ҳадафи нигоҳи ту, лек чу оҳубаррае,

Кош ба ҳукми ин қазо дил надиҳад шикорро.

Омаданат ҳуҷаставу зистани маро нигар,

Рақси Таису неши марг фанду фиреби морро.

1 Ишора ба Таиси Афинӣ, ки дар хонае дарбаста бо ҷамъи морони афъӣ ба рақс медаромад ва бо ҳаракоти чобук аз нешзании морон амон меёфт. Чун морон хаста мешуданд, Таис бо ин зафар то рӯзи дигар зиндагӣ мекард.

Бар сару бар мижжаҳоям дар раҳат

Хоки испеде зи раҳпоӣ нишаст.

Дер кардӣ, шишаи дил оқибат

Аз кафи сабрам биафтоду шикаст.

Дар сари раҳ ғуссаи ишқи туро

Қиссаҳо кардам ба боди раҳгузар.

Ҳамрадифи абри гардун рафтаам,

Дар суроғат карда саҳро пургуҳар.

Аз ҳамон роҳе ки рафтӣ, н-омадӣ,

Меравам инак ба афсӯсу пареш.

Боз меоӣ, намеоям дигар,

Дил шикаст, аммо намегирад сиреш.

Дар тарафи мо ки набуд офтоб,

Гашт баҳору нашуд ин барф об.

Ғайр аз ин хок ҳама ҷо шукуфт,

Мазраи ҳақ баҳра набурд аз савоб.

Сояи ин кӯҳи баланду кабуд

Завқи дилу рӯҳи дамидан рабуд.

Бӯи гул аз боғи дигар мешамем,

Кай шавад озод зи ях савти рӯд?

Дар тарафи мо ҳама бе ёди худ,

Саҷда биёранд ба кӯҳи кабуд.

Шукри даю барфи сапедаш кунанд,

Бод бихонад ҳама дам як суруд.

Оҳ, чӣ сеҳр аст, ки тан додаем,

Тан чӣ бувад, балки ватан додаем.

Дар тарафи дигари кӯҳи кабуд

Дашту даман, боғу чаман додаем.

Оҳ, чӣ сеҳр аст ки хурду калон

Пушт бигардондаанд аз ҷаҳон.

Дар раги ҳар куҳна ки хуни навист,

Хуни ману ту накашад бори ҷон.

Ҳеҷ кӣ бар соя накард ихтилоф,

Соя хуш омад, ки бишуд эътироф.

Ҳастии мо дар паси кӯҳи кабуд,

Кош намонад ба паси кӯҳи Қоф!

Фардо ки муҳашшӣ мекунад

Ба поёни дафтари умрам

Вожаҳои номафҳум аз достони маро,

Ки чаро ишқро ба қолабе маъмул наварзидам?

Ва ҳар касе сукути маро

Ба шарҳи эътироф таъриф кард,

Ба исёни беқолабам,

Ки ҷунбиши ногаҳони уқёнус аст,

Туҳмат овард.

Ва ман донаму Худо,

Ки чаро ба ҳар чизе ки ин ҷо

Рақибон хуб гуфтанду арзиданд,

Ман наарзидам.

Ва хушбахтиро агар нафаҳмиданд,

Эй бародар,

Ман фаҳмидам.

пешина
аз 15