Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дасти хуршеди навозишбор

Хоҳиши савсани боғро

Сари вожаи қудсӣ

Ба бедории гуфтан

Ташвиқ мекард.

Оҳ, савсан, савсан!

То замоне ватани нилуфар мурдоб аст,

Гираҳ аз рози забон макшо ҳеҷ,

Вақти аз ишқ сухан гуфтан нест!

Соҳил аз баҳри ғариқи дарё

Ҳаст уммеди наҷот,

Баҳри делфинҳо лек

Бувад он марзи ҳалок.

Кист гӯяд, ки ба чӣ маҷбурӣ

Моҳӣ ояд берун

Афканад хеш ба хок?!

Обҳо тираву бадбуй зи худхоҳиянд,

Бурда хосияти покӣ аз ёд!

Оҳ, савсан, савсан!

Шоире рафт ба боғ,

Навдаи шеър нишонд,

Навда хушкид,

Надонист аввал

Об аз хуни дилу дидаву ҷон бояд дод!

Булбулон хомӯшанд,

Булбулон гум карданд

Фасли оғоз

Ва масъулияти зотии хеш.

Боғ зиндонии сунъ аст,

Накҳате дар гул нест!..

Роҳҳо сохтаем,

Ҳамаро то ба чарогоҳ баранд.

Гала бар арзиши коҳ

Фаҳми маслух шудан биспорад…

Оҳ, савсан, савсан,

Вақти аз ишқ сухан гуфтан нест!

Боғ зиндонии сунъ аст,

Накҳате дар гул нест!

Фирор мекунам

Ба осмони нигоҳе, ки меҳани ишқ аст

Ҷои бол задани Симурғ.

Ба ҷазираи хуррами лабоне,

Ки соҳили мавҷхези уқёнуси бӯсаанд

Меҳани фариштагони илҳом.

Ба қалбе ки саҷдагоҳи вафост

Ва гиреҳи ғунчаҳои башорат,

Зи ташрифи сабои ояҳои раббонӣ

Кушуда мешаванд-

Меҳани саодати ишқ…

Дигар маро

Зи оҳанги гиря дар гулӯи Мурғи Ҳақ,

Чу ашк

Аз килки гирёне, ки

вожаҳои дардро ба дармон,

Ишқро ба Яздон

Таҳрир кардаанд,

Тавонӣ ёфт!

Шаб буд, шабе пур аз фасона,

Май нӯш бикарду маҳрамона

Дастам бигирифту шуд ҳамоғӯш

Бо пайки биҳишти ҷовидона.

Бе ҳарфу сухан чӣ гуфтугӯ дошт

Бо чашму дилу лабони майгун.

Бе ҳарфу сухан чӣ қисса кардам,

Густох ба он шаҳи пурафсун.

Чашмаш ба ҷаҳони ҳикмати ман

Мағруру баланд салтанат дошт.

Афтода ғурури хастаамро

Диду ба камоли лутф бардошт.

Як дил буду бохтам ман онро,

Аз сар чӣ гузашт, ман нагуфтам.

Аммо чу фариштаи нигаҳбон

Бо қисмати зиндагиш ҷуфтам.

Шабҳо ки мунаввар аст ёдаш

Бо шамъи ситораҳои афлок,

Ку дасти пур аз навозишаш, ку,

Дурдонаи ашки ман кунад пок?

пешина
аз 15
навбатӣ