НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Шикаст оинае дар ман,
Ки дӯст медоштӣ
Хешро ҷилва диҳӣ.
Парид накҳати ғунчаи табассум,
Ки ба пешвози омаданат мешукуфт.
Рафту барнагашт пазмониям
Ба суроғи интизорӣ.
Худо ҳофиз, эй ҳамсафар,
Ки ман расидам ба шаҳри танҳоӣ.
Бирав, ки ҷода ҳанӯз равшан аст.
Ва чеҳраи моҳтоби ёди ман,
Пушти меғҳои фаромӯшӣ
Ниҳон нагаштааст.
Бирав, ки дар ин шаҳр
Шабу ситораҳои хотира
Ҷовидонианд.
Ва ягона роҳи дубора расидан
Роҳи Каҳкашони ман аст.
Ба рӯи ҷонамози дашти беобу алаф,
Ки ватани бодҳои дайдусту
ҳама моҳаш обон аст,
Дарахте
Бе шоҳид аз шаҳодати сарсабзии хеш
Он гуна қиём кардааст,
Ки тулӯъу ғурубро дар хун нишондааст.
Тамаъи табардасте
Ояи нестиро ба сутхонаш ҳак мекунад…
Оҳ,
На арзандаи танҳоиям, ки танҳоям,
Бал танҳоии маро,
Эй Худои ҷовид,
Азизе буд,
Арзанда набуд.
Лабат майрангу майолуд,
Нигоҳат оташе бедуд.
Дар оғӯшат зи дастам рафт
Ҳама буду ҳама нобуд.
Мани густоху тавсанхӯ
Чи дил бишкастаму бозу.
Азизи ромгар, табрик,
Ба ин сеҳру ба ин ҷоду.
Ба азми қисмати ноҷӯр,
Аз он ёри қарибу дур.
Ман он ишқи самоиро
Фаро хондам зи сӯи нур,
Ки бо номи дил оғозад,
Чу истора маро нозад.
Зи нав ин қасри ворунро
Ба асли хештан созад.
Шудам истораи гардун,
Ба пушти абр ғарқи хун.
Ба чашми кас наметобам,
Биваз, эй боди оҳ, эдун.
Ҳиҷоби абри рӯям гир,
Зи сӯзи дидаам дар гир.
Ба роҳи ҷовидониҳо
Ҳама тақсири ман бипзир.
Ҳар он ҷо ки маю ҷом аст,
Ба базми ошиқон ном аст.
Туро бо худ барам он ҷо,
Ки мурдан оҳуи ром аст.
Лабат майрангу майолуд,
Нигоҳат оташе бедуд.
Дар оғӯшат зи дастам рафт
Ҳама буду ҳама нобуд.
Мехостӣ ба шаҳри ту расво шавам, шудам,
Маҷзуби кеши баччаи тарсо шавам, шудам.
Гуфтӣ дар оташи ғами он ишқи бенишон
Қақнусвор соҳиби маъво шавам, шудам.
Эй мастии нуҳуфта маро дар шароби ҷон,
Гуфтӣ ба даври зулфи чалипо шавам, шудам.
Мурғони боғ шаб ба ғанав рафтаанд агар,
Гуфтӣ ба ҳалқи Мурғи Ҳақ ово шавам, шудам.
Лутфи туро ба қисмати худ хостам, нашуд,
Гумгаштаро маҷӯй, ки пайдо шавам, шудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё