Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МО ТОҶИКОНЕМ

Мо дар замини лутфи Худоем,

Дар Боми дунё сар бар самоем,

Ҳамошёни Симурғ моем,

Тоҷи саодат бар сар бимонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

То нури фитрат бо мост, бо мост,

То дар дили мо нури «Авасто»-ст,

То партави ҳақ моро муҷаллост,

Аз раҳни1 баҳмон2 худро раҳонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Мо ҳамзабони аҳли биҳиштем,

Ҳамсолу ҳамхун бо Зардуҳиштем,

Мадюни ин бахт, ин сарнавиштем,

Аз рўди Рўдак баҳри дамонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Мо мўсафеди таърихи пирем,

Меҳре зарогин андар замирем,

Некӣ намирад, мо менамирем,

Пайки ҷавонӣ аз бостонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Будем умре мо ёри некӣ,

Бурдем умре мо бори некӣ,

Пиндори некӣ, гуфтори некӣ,

Кирдори некӣ андар равонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

1 Раҳн–гарав

2 Баҳмон–номаълумӣ

Пайғоми сурӣ мо аз сурушем,

Эъломи ваҳдат мо аз Курушем,

Аҳли башарро дўши ба дўшем,

Аз остони он ростонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Бе данду1 дунӣ дар олами дун,

Аз ҷабри таърих, аз оташу хун,

Ҳамчун Самандар вораста берун,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Дар роҳи мардӣ мо сарбадорем,

Бахшем сарро, сир кай барорем,

Дар пои меҳан сар мегузорем,

Ин гуна будем, ин гуна монем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Дар даст нома чун «Шоҳнома»,

Бо савту сози чангу чакома,

Бо мо силоҳе гар ҳаст хома,

Синосиришту Мавлонишонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Таърих моро афгор карда,

Сад ҷабр бар мо ағёр карда,

Бар шонаи мо шан2 бор карда,

Аммо ҳамеша мо аҳли шонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

1 Дандӣ–бедиёнатӣ

2 Шан–санг

Меҳмоннавозу ваҳдатшиорем,

Бо некроён хешу таборем,

Чизе, ки дорем, аз дил барорем,

Дар пеши меҳмон мо ҷон бимонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Дар каф китобу дар лаб дурудем,

Мо аҳли ишқем, аҳли сурудем,

Мо суда сад раҳ сўи суудем,

Мо Борбадро сози равонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Ҷоми Ҷами мо инъом бо мост,

Бо мост Ҳофиз, Хайём бо мост,

Тўморгуна ин ном бо мост,

Саъдист чун саъд, мо дар амонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Озодагиро эҷод кардем,

Аз оз худро озод кардем,

Озодагиро мо зод кардем,

Мо зодагони озодагонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Мо бо сафои оби зулолем,

Мо ҳамнавои кабки ҳилолем,

Ҳаққо, ҳақиқи1 ҳаққи ҳалолем,

Чун чашмаҳомон покизаҷонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

1 Ҳақиқи–сазовори, лоиқи.

Хуршеди ховар чун дар сари мост,

Тоҷи сари мо худ аз фари мост,

Хуршеди дигар дар пайкари мост,

Мо аз табори фарзодагонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Мо ёдгори неки «Зарирон»,

Нахли «Асурик» дар мо шукуфон,

Оинадори оини некон,

Мо панди неку Нўшервонем,

Мо тоҷиконем,

Мо тоҷиконем.

Дар сарзамини поки биҳиштӣ

Рў монда рўи хоки биҳиштӣ,

Бо сарфидоӣ, бо сарнавиште

Мо соҳибони ганҷи ниҳонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Ин хок дар худ сад ёд дорад,

Сад дарду армон фарёд дорад,

Сад шодбошӣ шамшод дорад,

Во шав, ки мо худ ворастагонем,

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

Эй меҳани ишқ, эй марзи имон,

Эй хоки ҳикмат, хулди1 бузургон,

Дар арзи покат, эй Тоҷикистон,

Дастобадастем, ҷони ба ҷонем!

Мо тоҷиконем!

Мо тоҷиконем!

1 Хулди–бақои доимӣ, ҷовидонагӣ, биҳишт.

пешина
аз 63
навбатӣ