Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХОКИ ВАТАН

Чун тифли навзод омадам

Бар рўи дунёи куҳан,

Бар ҷои хока дояам

Хоки Ватан зад дар бадан.

Хоки Ватан дод обу нон,

Ман ёфтам зўру тавон.

Бар қадри ин лутфу карам

Ман мерасам то ҷовидон.

Хоки Ватан маъво шудам

Дар гарму сарди рўзгор.

Хоки Ватан дармон шудам

Бар ранҷу дарди рўзгор.

Чун дур рафтам аз бараш,

Хоки Ватан овард боз.

Чун бар канораш омадам,

Бикшод боз оғўши ноз.

Бо меҳру ихлос омадам

Чун бар дари хоки Ватан,

Ҳаргиз нахоҳам по ниҳод

Ноҷо сари хоки Ватан.

Ман бар дари хоки Ватан

Монам қадам фарзандвор.

Ман аз сари хоки Ватан

Бўсе занам дилбандвор.

Ҳар гарди хокаш дар сафар

Болои мижгон кардаам.

Бо мушти хоки поки он

Кам дарди ҳиҷрон кардаам.

Бар қимати хоки Ватан

Ман беш аз худ мерасам.

Монам барои ворисон

Як гарди он нокарда кам.

Ман омадам бар ин ҷаҳон

Хоки Ватан андар бадан,

Худ хок гардам дар бадал,

Фардо бо домони Ватан!

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Беҳтарин ганҷи равонам, эй забони модарӣ,

Ман туро пайдо намудам аз ҷаҳони модарӣ.

Ҳар куҷо тоҷикро гар бехато бишнохтам,

Шуд шиносономае моро баёни модарӣ.

Ком ширин мешавад аз ҳар каломи ширадор,

Қадри он боло гузорам ҳамчу нони модарӣ.

Мисли гул зебову рангоранг бошад шевааш,

Оварад пеши назар дасторхони модарӣ.

Чун забони ман забони шеъри оламгир буд,

Мекунам ифшо ба он ҳар ормони модарӣ.

Модарам рафту забонаш монд мероси гарон,

Мондаам имрўз чун меросбони модарӣ.

Ман забони ноб аз дуздон ҳимоят мекунам,

Нашнавам то ки дигар оҳу фиғони модарӣ.

Дигаре гар ганҷу кохе баъди худ монад нишон,

Ман забонам мегузорам чун нишони модарӣ.

Ҳам намемонам забони ман шавад хору залил,

Чунки бар ҷонам даромад он ба ҷони модарӣ.

ДИЛБАСТА

Чашм бикшодам чу бар рўи ҷаҳон,

Бо дуоят, эй Ватан, мондам амон.

Дил бубастам ман ба обу хоки ту,

То шудам бо обу хокат сабзҷон.

Рўзам аз меғи ятимӣ тор буд,

Осмонат софу ахтарбор буд,

Аз самоят ахтарамро ёфтам,

Бахт хобу ахтарам бедор буд.

Пайраҳам аз домани кўҳсор буд,

Роҳҳоят тангу ноҳамвор буд.

Аз раҳат роҳи ҳаётам мегузашт,

Ҳар қадам сангин буду душвор буд.

Дур аз ту рўи чашмам буд хас,

Аз ҳавои ёд бигрифтам нафас.

Ҳар куҷо будам, набуд оромие,

Меҳри ту раҳтўша буд то бозпас.

Бо дуоят зинда будам дар замон,

Бо хаёлат меравам аз ин ҷаҳон.

Баста будам дил ба обу хоки ту,

Мегузорам дил ба хокат ҷовидон.

ҶОИ ТУ ДАР ДИЛИ МАН

Озод Тоҷикистон,

Обод манзили ман,

Ҷои ман аз бари ту,

Ҷои ту дар дили ман.

Худ ғамгусор будӣ

Дар рўзи мушкили ман.

Кўҳи ту гашт садде

Дар роҳи қотили ман.

Сабзонд хоки покат

Ҳар донаи умедам.

Хорат халид, аммо

Хорӣ зи ту надидам.

Чун бар ту мушкил омад,

Дур аз ту ман нагаштам.

Паймона гар шикастам,

Паймоншикан нагаштам…

Бо аслу насл мондам

Пайванду восили ту.

Шукрона мекунам боз

Бо обу бо гили ту.

Озод Тоҷикистон,

Обод манзили ман,

Ҷои ман аз бари ту,

Ҷои ту дар дили ман.

ИЛТИҶО АЗ ВАТАНСАРОЁН

Беҳтарин ҳарфи муҳаббат Ватан аст,

Меҳру ихлосу садоқат Ватан аст.

Шеърбофӣ ҳунаре нест, ки нест,

Сухани аз ҳама қимат Ватан аст.

Шоиру шеър худододӣ аст,

Ҷуръату кўшишу заҳмат Ватан аст.

Шоири шеъри сара доро нест,

Баҳри ў давлату сарват Ватан аст.

Худ Ватан гулшану хораш накунед,

Бар Ватандор ғанимат Ватан аст.

Худ Ватан шеъру шиораш накунед,

Пурбаҳо аз ҳама санъат Ватан аст.

Гар Ватанро ҳама модар хонанд,

Модари модари миллат Ватан аст.

Камол НАСРУЛЛО

пешина
аз 63
навбатӣ