Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТОҶИКИСТОН–НАБЗИ МАН

Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,

Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон номи ман, парварда шираш коми ман,

Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон–кўҳи ман, кўҳи баландаш–рўҳи ман,

Қиблаи имони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон–набзи ман, хораш–баҳори сабзи ман,

Абри ман, борони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон–ёди ман, аждоди ман, авлоди ман,

Гавҳари чашмони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон–бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман,

Давлати Сомони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

ДУРАХШИ ТОҶИК

Ҷон агар гўӣ, диҳад ҷон, тоҷик аст,

Нон агар гўӣ, диҳад нон, тоҷик аст.

Баҳри ҳар саҳронишин саҳро диҳад,

Бар гадоён тоҷи султон тоҷик аст.

Бедили бечора дил хоҳад агар,

Дил диҳад бе ҳеҷ армон, тоҷик аст.

Дар биёбон баҳри ҳар як ташналаб

Медиҳад оби Зарафшон, тоҷик аст.

Ҳар кӣ ояд, дўсттар дорад зи хеш,

Гарди хоки пойи меҳмон тоҷик аст.

Дар наҷобат ҷангҷў не аз азал,

Сулҳҷўи марди майдон тоҷик аст.

Рўйид аз хуне, ки Искандар бирехт,

Лоласон андар баҳорон, тоҷик аст.

Сар ба дору гарданаш бар теғ дод,

Ҳамчу суғд аз баҳри имон, тоҷик аст,

Сангдил Чингиз диду санг шуд,

Мағз дар мағзи кўҳистон, тоҷик аст.

То кунун аз ваҳшати Темурланг

Шуд ҷигаргоҳаш намакдон, тоҷик аст.

Он, ки эҳё мешавад, сад шукр боз

Аз қазо, аз тирборон, тоҷик аст.

Асри бесомони он хоҳад гузашт,

Соҳиби тахт, Оли Сомон тоҷик аст.

Убайдуллоҳи ШИРИН

АЗ ВАҲДАТ АСТ

Дўстии хонадон аз ваҳдат аст,

Пойдории ҷаҳон аз ваҳдат аст.

Ҳар куҷо ояд ба гўш овози сулҳ,

Шўълаи сулҳи замон аз ваҳдат аст,

Тоҷики мо рўи олам шуд пареш,

Якдилии тоҷикон аз ваҳдат аст.

Тоҷикони рўи олам як шаванд,

Шаккари ин ормон аз ваҳдат аст.

Тоҷики афтодаам аз ҷой хез,

Қудрати Сомониён аз ваҳдат аст.

Тоҷики ман як ҷамолат сад шавад,

Ҳусн дар ин бўстон аз ваҳдат аст.

Гуфт Убайдуллоҳи Ширин ин сухан:

Зиндагии одамон аз ваҳдат аст,

МУБОРАК ҶАШНИ

ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Фурўғи шўълаи иқболи тоҷик.

Баҳори умри кишвар гулфишон шуд,

Гулафшонист акнун ҳоли тоҷик.

Чароғи хонаам дигар намирад

Чу ҳастам дар амони боли тоҷик.

Хабар ояд маро аз дуру наздик

Ки ҳар ҷо метапад ашғоли тоҷик.

Мусофирҳо раҳи меҳнат биҷўянд,

Дили бикшода дар омоли тоҷик.

Камоли маърифат рўзе дурахшад

Шавад санги раҳаш халхоли тоҷик.

Убайдуллоҳи Ширин тўҳфаат чист?

Бубахшо шеъри худ бар холи тоҷик.

ФАРИШТАИ САФЕДБОЛ

Ватан!

Фариштаи сафедболи ман,

Ба ёди ту бипечад ин хаёли ман.

Ба қуллаҳои орзу бубар маро,

Ки бо ту нашканад қади ниҳоли ман.

Ватан, фазои орзу, фазои дард,

Туро биҷўяму биёбам аз набард.

Ба роҳи хештаншиносиат ҳанўз,

Раҳе биҷўям аз миёни жожу гард.

Кунун, ки бишнавад ҷаҳон руҷўи ман,

Кушода ҳар дари ҷаҳон ба рўи ман.

Ба ҷуз канори ту ба ман канор нест,

Канори ту бувад ҷаҳони ҷустуҷўи ман.

Ба ҳар нафас, ки мекашам ҳавои ту,

Дилам ба ҷўш ояд аз навои ту.

Ба дарду ранҷҳо, ки ҳар ду мекашем,

Туӣ давои ман, манам давои ту.

Ватан!

Фариштаи сафедболи ман,

Ба ёди ту бипечад ин хаёли ман.

Ба қуллаҳои орзу бубар маро,

Ки бо ту нашканад қади ниҳоли ман.

Абдулҳай ҚАЛАНДАР

ОҲАНГИ ҲАМДАРДӢ

Он кас, ки ғам дорад ба дил, ҳамдарду ҳамҷони ман аст,

Оҳанги ҳар ҳамдардие бар дард дармони ман аст.

Гар ҳаст қурси офтоб аз хони сабзи осмон,

Нони ҳалоли зиндагӣ дар хони даврони ман аст.

Деҳқони соҳибшаъни ман халлоқи нозу неъмат аст,

Ҳам сарбаланду босафо чун кўҳсорони ман аст.

Аз ҳиммати дарёдилон обод гардад Данғара,

Ин даштҳои ташналаб фардо гулистони ман аст.

Чун зарби путки коргар зарби сухан бояд шунид,

Ин сўзу сози шеъри тар аз оташистони ман аст.

Дар мазраи аҳду вафо тухми садоқат коштем,

Нахле агар сар мекашад, аз ишқу армони ман аст.

Ҳарфе бигўӣ, шоиро, шаҳмисраи шеърат бувад,

Ин ҳарфи Ваҳдат дар дили халқи баимони ман аст.

Дар рўи олам бешумар бошад билоду шаҳрҳо,

Якто чу Модар баҳри ман, ин Тоҷикистони ман аст.

пешина
аз 63
навбатӣ