Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ

ТАРОНАИ ВАҲДАТ

Диёри мо диёри нуру гавҳар аст,

Зи қулла то ба қулла тахту минбар аст,

Зи чашма то ба чашма оби Кавсар аст,

Назарнамудаи Ҳақу паямбар аст,

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,

Барои шўҳрати диёри нозанин алам шавем!

Шавад, зи чашмаҳо ба наҳрҳо расем,

Зи наҳрҳо ба рўду баҳрҳо расем,

Ба майли қалби пок ҳар куҷо расем,

Марому мақсад ин ки мо ба мо расем,

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,

Барои шўҳрати диёри нозанин алам шавем!

Замонаро ба ранги дигар офарем,

Самои мулкро пурахтар офарем,

Сарои мулк аз дур, аз зар офарем,

Зи буда беҳ, зи буда беҳтар офарем,

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,

Барои шўҳрати диёри нозанин алам шавем!

Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,

Биё, шукўҳу буди мо зи ваҳдат аст,

Нишоти мо, вуҷуди мо зи ваҳдат аст,

Таронаву суруди мо зи ваҳдат аст,

Бародарон, бародарони меҳрбон, ба ҳам шавем,

Барои шўҳрати диёри нозанин алам шавем!

АЙ ҲАМВАТАН, БИЁ

Ай мурғи кўчбаста зи боғу чаман, биё,

Оҳуи фандхўрда, ба кўҳу даман биё,

Кашмир хоҳадар дилат, сўйи ватан биё,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Бовар макун дигар ба фиреби саробҳо,

Дигар маҷў зи нокасон таъбири хобҳо,

Дидӣ, ки то куҷо барад дарси шитобҳо,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Он сўйи марз дашти балоҳову кулфат аст,

Он сўйи марз дарду ҷафоҳову заҳмат аст,

Дар зиндагонӣ дар ватан будан ғанимат аст,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Наврўз бе ту дар ба дилам во намекунад,

Гулдастае ба ошиқон оро намекунад,

Булбул ба гулшан омада ово намекунад,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Ай тифли нозпарвари модар, биё, биё,

Ай ошиқи ягонаи дилбар, биё, биё,

Пушту паноҳу ҳомии кишвар, биё, биё,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Ай гумраҳе, ки заррае дар ту гуноҳ нест,

Аммо касе ба мисли ту гумкардароҳ нест,

Ҷуз хоки кишварат туро хоке паноҳ нест,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Боз ой, то ки шеъру сухан гулфишон шавад,

Бо ҳиммати ту боғу чаман гулфишон шавад,

Бо заҳмати ту хоки Ватан гулфишон шавад,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё!

Бар пешвози роҳи ту, ай ғамгусори ман,

Рўшангар аст гавҳари чашмони чори ман,

Гарм аст хонаи дили уммедвори ман,

Ай ҳамватан, биё,

Ай ҷони ман, биё,

Ай ҷони ман, биё,

Ай ҳамватан, биё!

Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД

СИПОС

Резасанги роҳҳои кишварам–тоҷи сарам,

Баҳри ҳифзи осмонаш хок гардад пайкарам.

Дар дифои халқ сўзам бо забони оташин,

Дар забони оташи ҷовид монад озарам.

Додарон хуфтанд зери тахтаи мармар, вале

Аз ҳама кўҳҳост боло ёди қадди додарам.

Хоҳарам меканд мўи сар зи хатти марги ёр,

Абрҳое, ки сари кўҳ аст, мўйи хоҳарам…

Дар ғами осоиши дунё нахушкид ашки мом,

Чашмҳои Тоҷикистон–чашмҳои модарам.

КАТИБАЕ ДАР ВУРУДГОҲИ

НАҚБИ АНЗОБ

Ба меҳроби ту гоҳи раҳгузорӣ

Лак андар лак мусофир саҷда орад.

Ба ҳиҷрат рафта пас ояд ба шодӣ,

Лак андар лак муҳоҷир саҷда орад.

Ту шарёни тапанда дар дили кўҳ,

Раги баргаштани ҳамхуни моӣ!

Ту пайванде миёни ду пару бол,

Ба Эрону Хуросон раҳкушоӣ!

Нишони қудрати дастони тоҷик,

Нишони ҳиммати армони тоҷик.

Гар эронӣ мададгори ту омад,

Ту имдоде дигар бар ҷони тоҷик!

Юсуфҷон АҲМАДЗОДА

ВАҲДАТ

Кас надонад ҷуз худо фардои ту, фардои ман,

Дар паси сад парда ин дунёи ту, дунёи ман.

То наяфтем андар ин гардуни гардон мову ту,

Дасти кӣ медорад аз болои ту, болои ман?!

Хоки моро ҳар кӣ меояд, парешон мекунад,

Ваҳ, чӣ рўяд одаме аз лои ту, аз лои ман.

Ҳафт пушти мо фурў рафт аз маҳалбозӣ чунон,

Мурда ҳам гўяд, ки: «Хез, ин ҷои ту, ин ҷои ман!»

Ташналаб дар саргаҳи дарё ману ту ҷон диҳем,

То куҷо аз ҳам ҷудо дарёи ту, дарёи ман.

Сар бурун орем агар аз як гиребон мову ту,

Сар фурорад кўҳ ҳам дар пои ту, дар пои ман.

пешина
аз 63
навбатӣ