Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШАҲРИЯ ВАТАН

Хонам китоби ҳикмати пурмўҳтавои ту, Ватан,

Бар кўи хушномӣ расам ман бо дуои ту, Ватан.

Бар гарди домони дилам кай мерасад бегонае?

Чун хешро бахшидаам ман аз барои ту, Ватан.

Гар лаҳзае берун равам аз марзи сабзат, мекашад

Васлу вафою ҷазбаи оҳанрабои ту, Ватан.

Бар боргоҳи рўшанӣ созад садо чашми маро,

Ойинаи хуршедии пур аз ҷилои ту, Ватан.

Номи накўят бар лабам набвад агар як лаҳзае,

Заҳри мақотил бошадам обу ҳавои ту, Ватан.

Имони ҷони ман қавӣ аз дўстдориҳои туст,

Чун ҳадяи нозилшуда аз кибриёи ту, Ватан.

Санг афканад гар оламе ин шишаи ҷони маро,

Пайванд месозӣ варо чун мўмиёӣ ту, Ватан.

Як каф дуои сабзро бар лаб биёрам ҳар нафас,

Ҳамду санои ту Ватан, ҳамду санои ту, Ватан.

ДИЁРИ ВАҲДАТ

Гулхандаи мо баҳори ваҳдат бошад,

Ҷону дили мо нисори ваҳдат бошад.

Моем, ки пеша дўстдорӣ кардем,

Ин шева зи ифтихори ваҳдат бошад.

Заҳрест ба ҷоми ҷони мо танҳоӣ,

Хушбахт касе ки ёри ваҳдат бошад.

Табъи дили мо чу ҳаст бо ҳам будан,

Моро ҳама дам хумори ваҳдат бошад.

Аҳсант ба оне ки сари хоки Ватан,

Ҷону дили ў нисори ваҳдат бошад.

Афсона наяст ин вафодории мо,

Шаш сўйи Ватан диёри ваҳдат бошад.

Моем, ки дўст дошта душмани хеш,

Оёти вафо мадори ваҳдат бошад.

Таърихи башар ба ёди худ бинвишта,

Тоҷик худ аз табори ваҳдат бошад.

ПАРЧАМИ ҲАМЕШАСАБЗ

Дар парчами кишвар ибтидо мебинам,

Фарҳангу нишонаи ниё мебинам.

Як лаҳза нигоҳи ман фитад бар сўяш,

Бар чашми дилам чу тўтиё мебинам.

Дар ҷилваву парфишонии зебояш,

Парвози парастуву ҳумо мебинам.

Дар ранги ҳамешасабзи чун наврўзаш,

Лабхандаи лолаву ҳино мебинам.

Рўсурхии мо бувад зи ранги сурхаш,

Дар ранги сафеди ў сафо мебинам.

Бо дидаи ақл бингарам бар тоҷаш,

Ман тоҷи баланди Ориё мебинам.

Алқисса дар ин парчами гулафшонам,

Ман пушту паноҳу муттако мебинам.

Бинам чу варо ҳамеша дар боми Ватан,

Дар ҳастии миллатам бақо мебинам.

САРОИШИ ИСТИҚЛОЛ

Месароям маснади волои Истиқлол,

Медамад хуршед аз фардои Истиқлол.

Чашми бад дигар наафтад сўи мо имрўз,

Пуштибони мо бувад Мавлои Истиқлол

Зери бори миннати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳалвои Истиқлол

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,

Аз ҷаҳони ишқ буд ҷўёи Истиқлол.

Пири Тўсӣ кард эҳё то Хуросонам,

Шоҳнома худ бувад эҳёи Истиқлол

Миллати мо зист бо фарҳанги зебоӣ,

То музаффар гашт дар дунёи Истиқлол.

Қисса шуд шеъру забони дўстӣ моро,

Шеъри мо дорад ҳама маънои Истиқлол.

Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,

Оят-оят мекунам ифшои Истиқлол.

Ҳамватан, эй ҷони ман, дастобадаст имрўз

Саҷда бояд кард хоки пои Истиқлол.

ҲАМДУ САНОИ ТУ, ВАТАН

Хонам китоби ҳикмати пурмўҳтавои ту Ватан,

Ёбам зи ҳар сатраш раҳи нуру зиёи ту Ватан.

Арзандатар аз гавҳари меҳрат набошад ҳеҷ ганҷ,

Садҳо карат болотар аз кўҳи тилои ту Ватан.

Поям бурун бинҳам даме аз хоки сабзат, мекашад

Он ҷазбаи пурқудрату оҳанрабои ту Ватан.

Бар боргоҳи рўшанӣ созад садо чашми маро,

Ойинаи хуршедии фардонамои ту Ватан.

Бошад Ватанхоҳӣ агар аз гўшаи имони кас,

Як ҳадяи нозимшуда аз кибриёи ту Ватан.

Андар радифи модарам ҳастӣ муқаддас ҷовидон,

Бар кўи мақсудам барад дасти дуои ту Ватан.

Такрор созам ҳар нафас чун тўтие ин ҷумларо:

Ҳамду санои ту Ватан, ҳамду санои ту Ватан.

ИСТИҚЛОЛ

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Хунест тану равони мо Истиқлол.

Як хирмани пошхурдаро ҷамъ овард,

Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.

Эй ҳамқалами азиз васфаш бисаро,

Илҳомдеҳи баёни мо–Истиқлол.

Бо пайки хушаш бубин Ватансоз шудем,

Ободии ормони мо–Истиқлол.

Тоҷик хусумате наварзад ба касе,

Покизагии ниҳони мо–Истиқлол.

Равшан шуда аз чароғи чашмаш раҳи мо,

Моҳест дар осмони мо–Истиқлол.

Имрўз баҳори бистумаш боз расид,

Шаҳбачаи навҷавони мо Истиқлол.

Шаҳномаву Шаҳриёру Шаҳрия турост,

Тоҷи шарафу нишони мо–Истиқлол.

Салими ХАТЛОНӢ

СУРУДИ АСКАРБАЧАҲО

Ҷаҳони орзўи ман,

Сафои гуфтугўи ман,

Баҳори ман, нумўи ман,

Ватан, Ватан, Ватан.

Баҳори гулфишон туӣ,

Умеди ҷовидон туӣ,

Ба номи мо нишон туӣ.

Ватан, Ватан, Ватан.

Ситодаам ба марзи ту,

Пайи адои қарзи ту,

Ягона додварзи ту,

Ватан, Ватан, Ватан.

Ба ҳар куҷо яке адў,

Чу кард қасди хоки ту,

Шиори мост марги ў,

Ватан, Ватан, Ватан.

пешина
аз 63
навбатӣ