Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муҳаммадалии АҶАМӢ

ҚАЛАМЧАИ ҚАЛАМ

Шинохтам ман аз ту хешро,

Ватан! ба ту сипоси бекарон.

Набудаӣ, набуда шеъри ман

Қасам ба рўҳи поки рафтагон…

Шукуҳи безавол ёфтам

Ман аз ҳавову хоку оби ту.

Паём аз ту ҳар саҳар диҳад

Маро саманди офтоби ту.

Зи ишқи софу синасўзи туст

Маро ҷунуну шўру ҷон, Ватан!

Зи чорсўи даҳр, ин замон

Маро ба худ бихон, бихон Ватан.

Қаламкаши ту қисмати маро

Навиштааст бар ҷабини ту.

Ки пушт-пушти ман ҷавону пир,

Ба хоб рафта дар замини ту.

Ғами Сиёвушону Коваҳост,

Ғаме, ки ҷонгудоз гаштааст.

Чӣ дастҳо ниҳону ошкор

Ба қасди ту дароз гаштааст.

Бурун, бурун ба ранҷу ҳасратам,

Дарун-дарун алам гирифтаам.

Зи нахли хоки поки Рўдакӣ

Қаламчаи қалам гирифтаам.

Шинохтам, ман аз ту хешро,

Ватан ба ту сипоси бекарон.

Набудаӣ, набуда шеъри ман

Қасам ба рўҳи поки рафтагон…

ВАТАН

Набудам, нахи чархаи чархи дун,

Барои Ватан гаштаам синахун.

Фидо шуд вуҷудам барои Ватан,

Ҳама тору пудам, барои Ватан.

Нарафт аз дилу ҷон ҳавои Ватан,

Хушо ҷон супорам ба пои Ватан.

Ҳама тору пудам барои ту буд,

Ки буду набудам барои ту буд.

Фидои ту бодо сари сабзи ман,

Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан.

Раънои ЗОИРДУХТ

ТОҶИКИСТОН

Гули хушрангу зебоӣ ба олам,

Зи ту нозад дилу ақлу рўҳу ҷон.

Зи хоки ту бирўяд сабзаи шеър,

Замини файзборам, Тоҷикистон!

Зи рўди Рўдакам ояд ба гўшам

Суруди нотамоми қалби шоир.

Камоли шеър омўзам, биёям,

Нишинам гар даме дар соҳили Сир.

Ҳаким Носир ба ҳар сатри қасида

Ҳамегўяд санову мадҳ моро.

«Зиҳӣ, гаҳвораи таъриху фарҳанг!»

Шунида аҳли олам ин нидоро.

Ҳамедорад забон дар каффаи хеш,

Сифоти Суғду Хатлону Зарафшон.

Шавад рўшан зи чашмат чашми таърих,

Бимирам ман ба номат, Истаравшон!

Китоби «Тоҷикон»-ро карда оғўш,

Тафохур мекунад Алломаи мо,

Дар ин кишвар бидонад Айнӣ акнун,

Намемонад «Ятим»-аш зору танҳо.

Ба номи шоираш Мирзои маҳбуб

Намояд Тоҷикистон ифтихоре.

Ҳасан гўяд Садафро «Ҷони ширин»,

Диҳад як даста гулҳои баҳорӣ.

Қаноатпеша Мўъминшоҳи фозил,

Намебардошт ҳаргиз нози мансаб.

Пайи ашъори гирову гуворо,

Маъонӣ шуд варо устоду мактаб

Битобад дар самои шеъри имрўз

Маҳу хуршеди ҳарфи Лоиқи мо.

Даме бошад чу ў дар «Хонаи чашм»,

Шавад як лаҳза меҳмон ошиқи мо.

Чу Исмоил таҳамтан пури Раҳмон,

Ба тоҷик фатҳу иқболе биёвард.

Зи истиқлолу ҳамраъйиву ваҳдат,

Фазои миллати моро дигар кард.

Ватан, эй маскани ҷонпарвари ман,

Шукўҳу давлатат поянда бошад!

Ту оғози тамоми орзуҳо,

Шуҷоатпешагонат зинда бошад!

пешина
аз 63
навбатӣ