«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
МЎЪҶИЗА
Нақарот:
Зиҳӣ, марди ватанпарвар, ки дорӣ тоҷи зар бар сар,
Туӣ сарвар, туӣ раҳбар, туӣ созандаи кишвар.
Туӣ марди ҳақиқатҷў, туӣ марди саховатманд,
Туӣ равшанзамир ахтар, ки дорӣ ҷой дар минбар.
Ба мардум дода Истиқлол, қалби мост шод аз ту,
Халоиқ ҳар куҷо бо ифтихор оранд ёд аз ту.
Ба ҳар як анҷуман бингар, ба марзи ин Ватан бингар,
Ки мустаҳкам шудаст имрўз сулҳу иттиҳод аз ту.
Нақарот:
Ту ҳам доно, ту ҳам оқил, ту ҳам бо фазлу бо идрок,
Ту ҳам шамси замин ҳастӣ, ту ҳам шамси дили афлок.
Ба ҳар най ҷўр овардӣ, ба ҳар дил сур овардӣ,
Ба кишвар нур овардӣ, туӣ мўъҷизаи ин хок.
Муҳаммад ЮСУФ
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ҷои ту дар хонаи чашмони мо,
Ҳифзи хоку оби покат қарз бар виҷдони мо.
Саҷдаи хоки сиёҳат мурдаро ҷон медиҳад,
Ҳар гиёҳи кўҳсорат дорую дармони мо.
Мекунад аз нав забони модарӣ нашъунамо,
Фахр бар фарзанд дорад модари даврони мо.
Сар халонад гар адў андар фазоят, сар занем,
Сар фурорем аз барояш, гар шавад меҳмони мо.
ГЭС-и Норак нур бахшад аз камоли дўстӣ,
Дўстонро ҷо бувад андар дилу дар ҷони мо.
Эй умеди орзуи тоҷики рўи замин,
Мешавӣ эҳё зи нав чун Давлати Сомони мо.
Тоҷики мотамкашам, каш ҷомаи мотам зи бар,
Медамад субҳи абад бар чеҳраи хандони мо.
ДУШАНБЕ
Душанбеи азизам, сайргоҳам,
Шавӣ ҳар рўз зебо дар нигоҳам.
Дару дарвозаат гулпўш гашта,
Бирезӣ шавқу шодӣ рўи роҳам.
Қадамҷои бузургон кўчаҳоят,
Бувад хоки дари ту саҷдагоҳам,
Ба фахр истода Исмоили Сомон,
Ба рўям бингарад чун қиблагоҳам.
Туӣ ваҳдатсарои ҷумла инсон,
Паёми тозаи субҳи сабоҳам!
Аё шаҳри Душанбе, ҷовидон бош,
Туӣ фахрам, туӣ пушту паноҳам.
Нуриддини АМРИДДИН
СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ
Дамида субҳи Истиқлоли тоҷик,
Гули нуре ба истиқболи тоҷик.
Баҳори зиндагонӣ чеҳра афрўхт,
Шукуфт аз нав гули иқболи тоҷик.
Рақам гардида андар сафҳаи даҳр,
Хушо, бо ҳарфи некӣ фоли тоҷик.
Парафшон гашт аз меҳру муҳаббат,
Умеди навпару навболи тоҷик.
Зиҳӣ ин давлату толеи некў,
Ба тахти шўҳрат омад Оли Тоҷик.
Муборак бод ин фархунда давлат,
Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик.
ҒАЗАЛСОЗИ ВАТАН
Ай Ватан, ман ҳамдами рози туам,
Нахлаки сабзи сарафрози туам.
Ҳар куҷо бошам канори ин ҷаҳон,
Тифли поки домани нози туам.
Ҳусн мегирад зи рўят рўйи ман,
Дар баҳори ҳусн анбози туам.
Андаруни сина то дил метапад,
Ҳамнафас бо нағмаю сози туам.
Эй, ки болу пар ба ман бахшидаӣ,
Волаву шайдои эъҷози туам.
Дар фазои бахту иқболи баланд,
Шоҳини дар авҷи парвози туам.
Дар гулистони вафою ишқи пок,
Андалеби нағмапардози туам.
Дар китоби ҷовидони зиндагӣ,
Умр то бошад ғазалсози туам.
ПАЙВАНДИ МЕҲР
Пайванди дилу равони мо ту,
Шаҳрешаи сабзи ҷони мо ту,
Шаҳду шакари забони мо ту,
Фарзанди туем, Тоҷикистон,
Дилбанди туем, Тоҷикистон,
Дар домани ту баҳор дорем,
Дар боғи ту баргу бор дорем,
Як гулшани гулқатор дорем,
Фарзанди туем, Тоҷикистон,
Дилбанди туем, Тоҷикистон.
Иқболу саодатӣ ту моро,
Ганҷи зару сарватӣ ту моро,
Гаҳвораи давлатӣ ту моро,
Фарзанди туем, Тоҷикистон,
Дилбанди туем, Тоҷикистон.
Ту модари меҳрубони моӣ,
Ту давлати ҷовидони моӣ,
Дар рўи ҷаҳон ҷаҳони моӣ,
Фарзанди туем, Тоҷикистон,
Дилбанди туем, Тоҷикистон.
Эй тахти баланди шўҳрату шон,
Эй Каъбаи бахту нури имон,
Фархунда давоми Оли Сомон,
Фарзанди туем, Тоҷикистон,
Дилбанди туем, Тоҷикистон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё