«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ОЗАР
РЎИ ЯК ПОЙ
Ҳамватан,
Паи эъдоми бадӣ
Ман агар бархезам,
Ту агар бархезӣ,
Ҳама кас бархезад.
Ва мабар аз хотир,
Ту агар бигрезӣ,
Ман агар бигрезам,
Ҳама кас бигрезад.
Турна дар соҳати дашт
Рўи як пой кунад селаи худро бонӣ.
Нахл дар соҳати боғ
Рўи як пой кунад сояву гулафшонӣ.
Фикри бисёр макун,
Бирасид, он чи расид,
Ва гузашт, он чи гузашт.
Паи эъдоми бадӣ
Хама қоим бошем
Рўи як пои ғурур!
Мисли он нахл ба боғ,
Мисли он турна ба дашт.
Ҳамватан,
Соати хавфу хатар,
Пои дуввуми худ аз ёд бубар!
ДИЛИ ШИКАСТАТАРИНАМ
Ба имоми аъзам Абўҳанифа
Дили шикастатаринам ҳамеша ҷои ту бод,
Сабоҳи ҳашр қиёми сапедазои ту бод.
Ту сархатӣ зи хати сурхи тозиёна ба дўш,
Мақоми ҷумлаи оянда аз қафои ту бод.
Хилофи ҳақ ки накардӣ, ба ноҳақат куштанд,
Хилофати дили ушшоқ хунбаҳои ту бод.
Сари баланд ниҳодӣ ба пои ҳазрати Дўст,
Надидамат, ки бигўям сарам ба пои ту бод.
Хутути рўи кафам матни ин дуо бошад:
Ба ҳар куҷо ки кафе ҳаст, дар дуои ту бод.
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ
Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй парчами миллӣ,
Намои эътиқоду боварӣ, эй парчами миллӣ.
Намоёнӣ миёни садҳазорон рамзи дунёӣ,
Шукўҳи асли моро минбарӣ, эй парчами миллӣ.
Ба домони ту дида ахтаронатро, ҳамегўем,
Самои бахти моро ахтарӣ, эй парчами миллӣ.
Ту рамзи Тоҷикистонӣ, ба ҳар як гўшаи олам,
Ҳумои бахт болои сарӣ, эй парчами миллӣ.
Тамошои туро танҳо сари боло тавонад кард,
Фидоят ман, шуҷоатофарӣ, эй парчами миллӣ.
Давлат САФАР
ИСТИҚЛОЛИЯТ
Мулки обод аст Истиқлоли мо,
Нахли шамшод аст Истиқлоли мо.
Сад қафас бишкасту дар парвоз шуд,
Мурғи озод аст Истиқлоли мо.
Бояд аз дил саҷдаи шукрона кард,
Каъбаи ёд аст Истиқлоли мо.
Дар билоди сарнавишти тоҷдор,
Қасри бунёд аст Истиқлоли мо.
Дар замини кишвари озодагон
Роҳи имдод аст Истиқлоли мо.
Фахр аз мероси Сомон мекунем,
Моли аҷдод аст Истиқлоли мо.
Сад биёбон обшорон мешавад,
Ранҷи Фарҳод аст Истиқлоли мо.
Барфурўзон оташи хомўшро,
Юсуфи шод аст Истиқлоли мо.
Боди навмедӣ ба дигар кўй рафт,
Садди ҳар бод аст Истиқлоли мо.
Дар камоли худшиносӣ то абад
Юмни афрод аст Истиқлоли мо.
Дар хати пайроҳаи уммедҳо,
Нақши эҷод аст Истиқлоли мо.
Дар амон бошем аз чашми ҳасуд,
Бас худодод аст Истиқлоли мо.
ЛИВОИ МО
Нишони эҳтироми мо, Ливои мо,
Шукўҳи нангу номи мо, Ливои мо.
Ба олами фазои сулҳу дўстӣ,
Кабўтари паёми мо, Ливои мо.
Ба сафҳаи сафеду сабзу сурхи бахт,
Нишони сад каломи мо, Ливои мо.
Ҷилои бахту нури ифтихори дил
Бувад ба рўи боми мо, Ливои мо.
Ба пешвозу эҳтироми дўстон
Шаҳодати саломи мо, Ливои мо.
Ба рангҳои ў зи меҳр ҷилва аст,
Чу рўймоли моми мо, Ливои мо.
Ба саҷдагоҳ шукр гўй аз ифтихор,
Ба ҷонамози номи мо, Ливои мо.
\* \* \*
Шаҳраги ҷону танам восили ҷони Ватан аст,
Бонги номусу шараф бонги азони Ватан аст.
Заррае хокам агар тобу табам дар ҷўш аст,
Қувва дар бозуву зону ба тавони Ватан аст.
Чашмсерем, сари хони касе нест ниёз,
Дар танўри дили мо кулчаву нони Ватан аст.
Домани сабзи талу пушта, ки сарсабзии мост,
Сабз дар сабз саропои ҷаҳони Ватан аст.
Гар ғарибе накунад ёди Ватан, беном аст,
Ёди даргоҳи падар ному нишони Ватан аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё