Зеҳн
Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.

Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Мария. Васвосӣ! Сония ростат гуфт - васвосиӣ ту! Ман низ ҳамин хелат мегўям, лекин бахшиш намепурсам. Сад қадам дур нарафтаам, ки кайфат мепараду дусад километр дур аз ман чӣ кор мекунӣ?

Леонов. Гул барин менолам.

Мария. Ҷавониамро ҳам барбод додиву пириамро ҳам... Ба ту барин бефаҳм намерасидам, ҳоло кайҳо дар Исроил будам...

Леонов. Дар он ҷо бахт корида мондаанд! Буду шуд як баҳр дорад, ҳамон ҳам Мурда...

Мария. Қабристонҷо беҳтар гўй...

Леонов. Набошад-чӣ? Кўлаш қуҳо дорад мегўянд. Нонреза бурда, қўҳоро зиёфат мекунем...

Мария. Дар назари ту мурғобиҳои колхоз ҳам қу метобанд.

Леонов. Ҳушёр шав, раги зиддияҳудиамро наҷунбон!

София (назди волидайн омада, мегиряд). Дада... оча... ман... ман... шуморо дўст медорам...

Мария. Бас кун ҷонам... Ором шав... ҳамааш нағз мешавад, олиҷаноб мешавад...

София. Дада...

Леонов. Чӣ?

София. Сарамро сила кун...

Занги телефони рўи миз. София гўшакро намегирад. Занг такрор мешавад.

Леонов. Бирав... Сарпарастат будагист...

София телефонро мегирад.

София Гўш мекунам... О-о-о, гутен таг, Фритс. Их фрое мих, вих тсу гёрен. Их хабе алес гемахт... Визен зинд фертих... За фарен ин айнем таг аб.. Я... Я...

Леонов. Данка-а-а.

София. Гофент лих габен зи дамит найн проблем...

Леонов. Данка-а-а...

София. Дас мус унтэр контроле баяйбен... Явол...

Данка назди бобову бибӣ меояд.

Леонов. Бинавоз, Данка...

Данка охиста-охиста менавозад.

София. Алес вихтиге тайле их бир пер факс мит.

Навои Данка.

Унд аусвайзен. (Бо кафи даст гўшакро мепўшад.) Халт маул! Эҳ, мехостам бигўям, ки... илтимос, оҳистатар...

Мусиқӣ қатъ мешавад.

Торикӣ.

Ҳамон утоқ. Дар паси тиреза борони тираранг меборад.

Рўи кат Леонов дароз кашидааст. Дар пешаш - Старсев. Садои мошин.

Старсев. Боз як гурўҳ рафт… Ба Ҷарсоҳил. Мегўянд, ки осоишгоҳаш напа-нав…

Леонов. Хайрухушкунӣ даромада буданд.

Старсев. Рафтанд… Дидор ба қиёмат монд… Гўш кун, Леонов, ту ягон бор, ана, дар ин хусус фикр кардаӣ - аз одами қарине ҷудо мешавӣ ва медонӣ, ки умри ў ҳам ҳоло дароз асту аз ту ҳам, лекин дигар ҳаргиз… ҳаргиз бо ў дидор намебинӣ… Фикр кардаӣ?

Аламовар-ҳа, хайр не? Хабар дорӣ - Тёркинамон ҳам тахтаву тирак ғундошт?

Леонов. Кадом Тёркин?

Старсев. Ҳо-о, ҳамон зиндадили ротаи 26-ум. Медониаш, вақти нақл кардан беист чашмак мезад-ку.

Леонов. Ҳа-а-а…

Старсев. Мурд, бечора… Имрўз бояд Ҷарсоҳил мерафт, лекин дина дар ошхона изҳор кард, ки аз Хонаи Қаҳрамонон ҳеҷ куҷо намеравад. Баъди чошт васиятнома навишта, ба ҷогаҳ даромадаасту қаҳрамонона ҷон додаст… Мегўянд, ки се бор андаруни танк сўхтааст. Имрўз гўрондем… Буду шуд, ана, ҳамин як ҷомадонча дошт, барои чӣ бошад, ки ба ман васият кардааст… Аз ҷои гўр ҷасади як аскарбача баромад. Аз афти кор, хандақ будааст. Ана, ҳамин хел, милтиқашро оғўш карда шишта будааст, ки бомба ё снаряд хоки оламро ба сараш фурў рехтааст… Дар сараш - тоскулоҳ, дар бараш - противогаз. Беш аз панҷоҳ сол боз шиштааст… Ду аскарро дар як гўр ба хок супурдем. Яке - пиру номдор, дигаре - ҷавону гумном. Бубин, ман чӣ ёфтам: обдони он номурод… Аз ним зиёдаш - пур… Гўш кун… (Дар бехи гўши Леонов метаконад.)

Леонов. Чӣ бошад?

Старсев. Шояд об, корамон омад кунад, аҷаб не, ки арақ ё спирт… Арақ ё спирти соли чилуяк…

Леонов. Ҳеҷ мумкин не!

Старсев. Барои чӣ? Сад гироми наркомиро фаромўш кардӣ?

Баъди ҳуҷум, вақте ки ними рота пас намегашт, ба зиндаҳо дусадгиромӣ ҳам мерасид… Бало занад, ҳеҷ кушодааш наметавонам… Рўҳашонро шод мекардем…

Леонов. Ту ҳаминро нўшиданиӣ?

Старсев. Арақ вайрон намешавад.

Леонов. Ним аср дар бари мурда…

Старсев. Уф-ф-ф… Чӣ хел порсоем мо… Дар хати пеши ҷанг будӣ, наход ягон чизи мурдаҳоро истифода накардаӣ.

Леонов. Накардаам.

Старсев. Боварам намеояд. Ё фаромўш кардаӣ, ё ба ёд овардан намехоҳӣ. Медонӣ, баъзан чунин менамояд, ки дар чор соли чанг касеро ягон чиртак назадаам. Вале ин хел набуд… Ҳатто асиронро паррондаам. Бино бар вазъи ногувор ва зарурати тактикӣ.

Леонов. Хайр-чӣ? Ман дар Сталинград фармондеҳи заградотряд будам. Дезертирҳоро мепарондем! Хайр-чӣ?

Старсев. Ҳеҷ чиз! Чӣ ин қадар дод мезанӣ? Сачоқа те…

Кушода намешавад… Занг задааст, занги замон…

Леонов сачоқро медиҳад. Старсев гарданаки обдонро ба пои курсӣ мезанад.

Леонов. мекардам.

Ман қарзи худро ҳамеша бошарафона иҷро

Старсев. Худо медонад, Леонов (даҳанаки обдонро тоб дода), кӣ аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст дар ин дунё… Ҳа, шуд… Аз афти кор, шуд…

Оҳиста даҳанакро мегирад, пуф мекунад, бў мекашад.

Арақ… арақи соли чилу як… Эҳ, аскар, аскар… Фурсат наёфтӣ, ки бинўшӣ… Истаконҳоро бидеҳ, қаҳрамон.

Леонов истаконҳоро пеш мемонад. Старсев боэҳтиёт арақ мерезад.

Бигир, генерал… Ёдат бахайр, аскар… Баъди ним аср мо менўшем арақи туро… Чун туем мо ҳам, аз ҳамон хандақем. Дареғ, ки ту зинда намондӣ… Шояд хуб шуд, ки зинда намондиву ин рўзҳоро надидӣ…

пешина
аз 9
навбатӣ