СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.
Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
ЛИЗЗИ (парида мехезад). Чӣ? Э, ҳа... (Сукут.) Тамоман гаранг шудам, ҳатто фаромўш кардаам, ки дар куҷояму аз сарам чӣ мегузарад.
СЕНАТОР КЛАРК. Ин сў нигоҳ кунед, Лиззи. Шумо ба ман бовар доред?
ЛИЗЗИ. Оре, ҷаноби сенатор.
СЕНАТОР КЛАРК. Ба гумонатон, оё имкон дорад, ки ман шуморо ба рафтори ношоиста талқин кунам?
ЛИЗЗИ. Не, ҷаноби сенатор.
СЕНАТОР. Пас шумо баёнотро бояд даст бимонед. Ана, қалами ман.
ЛИЗЗИ. Ба фикратон, ў аз ман розӣ мешавад?
СЕНАТОР. Кӣ?
ЛИЗЗИ. Хоҳаратон.
СЕНАТОР. Ў аз дур шуморо чун духтари ҷониаш дўст хоҳад дошт.
ЛИЗЗИ. Шояд бароям гул хам бифиристад?
СЕНАТОР. Аҷаб не.
ЛИЗЗИ. Ё сураташро бо соядасти хеш.
СЕНАТОР. Аз эҳтимол дур нест.
ЛИЗЗИ. Ман онро ба ана ин девор меовезам. (Лаҳзае хомўшӣ. Бо ҳаяҷон дар хона қадам мезанад.) Чӣ рўзе! (Ба сенатор) Агар ман баёнотро даст бимонам, тақдири ҳабаш чӣ мешавад?
СЕНАТОР. Тақдири ҳабаш? Ҳа! (Даст ба китфи ў мегузорад.) Агар даст бимонӣ, тамоми шаҳр туро ба духтархондӣ қабул мекунад.
Тамоми шаҳр, тамоми модарони шаҳр.
ЛИЗЗИ. Оре, лекин...
СЕНАТОР. Наход гумон кунӣ, ки як шаҳр иштибоҳ мекунад?
Шаҳри бузурге, ки макони уламову рўҳониҳо, табибону адвокатҳо ва ҳунарпешаҳои бешумор аст; шаҳре, ки дар оғўшаш мири шаҳру муовинони ў, аъзои ҷамъиятҳои накўкор мезиянд. Ба фикри ту, чунин одамон ғалат карда метавонанд?
ЛИЗЗИ. Не, ҳаргиз.
СЕНАТОР. Бидеҳ дастата! (Маҷбураш мекунад, ки ба коғаз даст бимонад.) Ху-у-б. Аз номи хоҳару хоҳарзодаам, аз номи ҳабдаҳ ҳазор нафар сафедпўстони шаҳрамон, аз номи тамоми миллати амрикоӣ, ки шарафи намояндагиашро дорам, ба ту изҳори ташаккур менамоям. Биё, аз пешониат бибўсам. Ман бегоҳӣ боз меоям, бо ту ҳанўз гапи бисёр дорам. (Меравад.)
ФРЕД (аз остона). Хайр, Лиззи.
ЛИЗЗИ. Хайр. (Сенатору Фред мераванд.) (Афсурдаву парешонҳол лаҳзае меистад ва якбора сўи баромадгоҳ медавад.) Сенатор! Сенатор! Ман наметавонам! Коғазро бидаронед! Сенатор! (Ба хона баргашта, беихтиёр чангкашакро ба даст мегирад.) Аз афташ, хуб бобам карданд! (Оташин чангкашакро ба кор медарорад.)
Парда.
НАМОИШИ СОНӢ
Ҳамон ороиш. Байни намоиши аввалу намоиши сонӣ дувоздаҳ соат гузаштааст. Хона бисёр рўшан, аз тирезаи боз осмони шабонгоҳ намудор аст. Аз кўча ғавғои ҳардамафзун ба гўш мерасад. Дар тиреза чеҳраи ҳабаш пайдо мешавад; аз чорчўбаи он дошта, парида ба хонаи холӣ мефарояд ў ва дар мобайни хона меистад. Занги дар. Ҳабаш дар паси парда пинҳон мешавад. Лиззи аз ванна мебарояд ва рафта дарро мекушояд.
Саҳнаи якум
Лиззи, Сенатор ва Ҳабаши паси парда.
ЛИЗЗИ. Бидароед! (Сенатор медарояд.) Хайр, чӣ шуд?
СЕНАТОР. Томас – дар канори модараш! Ман омадаам, ки аз номи онҳо ба шумо ташаккур бигўям.
ЛИЗЗИ. Модар шод аст?
СЕНАТОР. Беҳад.
ЛИЗЗИ. Гиря ҳам кард?
СЕНАТОР. Гиря? Бароӣ чӣ? Баҳодур занест ў.
ЛИЗЗИ. Шумо гуфта будед, ки ў гиря мекунад.
СЕНАТОР. Ман маҷозан гуфта будам.
ЛИЗЗИ. Вай, аз афташ, чунин гардиши воқеаро интизор набуд, ҳа? Маро беақл зане гумон мекард, ки тарафи ҳабашро мегирам?
СЕНАТОР. Хоҳарам аз Худо умед дошт.
ЛИЗЗИ. Дар бораи ман чӣ мегўяд?
СЕНАТОР. Миннатдор аст.
ЛИЗЗИ. Напурсид, ки чӣ хел ба ин қарор омадам?
СЕНАТОР. Не.
ЛИЗЗИ. Маро духтари бамаънӣ медонад?
СЕНАТОР. Мегўяд, ки шумо қарзи инсонии худро ба ҷо овардед.
ЛИЗЗИ. Ҳатто...
СЕНАТОР. Хоҳари ман ҳамчунин умедвор аст, ки шумо қарзи инсониатонро то охир адо мекунед.
ЛИЗЗИ. Ҳа, албатта...
СЕНАТОР. Ба чашмони ман нигаред, Лиззи. (Аз китфонаш оғўш мекунад.) Қарзи инсониатонро то охир ба ҷо меоред? Хоҳари маро навмед намекунед?
ЛИЗЗИ. Бепарво бошед. Оби рехтаро бардошта намешавад; агар гуфтаашонро накунам, ба ҳабсхона мефиристандам. (Сукут.) Ин чӣ ғавғост дар кўча?
СЕНАТОР. Аҳамият надиҳед.
ЛИЗЗИ. Тоқати ғавғо надорам. (Тирезаро мепўшад.) Ҷаноби сенатор.
СЕНАТОР. Бале, фарзанди азиз?
ЛИЗЗИ. Шумо бовар доред, ки мо ғалат накардаему рафтори ман дуруст аст?
СЕНАТОР. Комилан ба ин бовар дорам!
ЛИЗЗИ. Ман гўё бахуд нестам, гўё дар пардаи ғубори тирафикрӣ дармондаам. Шумо чунон тез ҳукм мебароред, ки ман чизе фаҳмида наметавонам. Воқеан, соат чанд аст?
СЕНАТОР. Ёздаҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё