Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

СЕНАТОР. Хуб мекунад. Шумо ҳуқуқ надоштед, ки бе иҷозат ба хонаи ў зада дароед. Бе ягон зарра ҳуқуқ шумо ўро террор мекунеду маҷбур месозед, ки муқобили виҷдонаш амал намояд. Ин ба мафҳуми амрикоии ҳуқуқҳои инсон комилан мухолиф аст. Бигўед, фарзанди азиз, оё ҳабаш қасди номусатон кард?

ЛИЗЗИ. Не.

СЕНАТОР. Бисёр хуб. Бисёр фаҳмо. Ба чашмони ман нигаред. (Ба ў менигарад.) Имонам комил, ки ў дурўғ намегўяд. Мэрии бечора! (Ба полисҳо.) Биравед, шаҳбозҳо! Кори мекардагиатонро кардед. Аз ин бону узр пурсиданатон мондаасту халос. (Полисҳо мераванд.)

ЛИЗЗИ. Мэри кист?

СЕНАТОР. Мэри? Хоҳари ман, модари Томаси бадбахт.

Кампираки бечора ғуссамарг мешавад. Хайр, фарзанди азиз, то боздид.

ЛИЗЗИ. Сенатор!

СЕНАТОР. Бале, фарзанди азиз?

ЛИЗЗИ. Ман бисёр афсўс мехўрам...

СЕНАТОР. Чӣ ҷои афсўс, шумо рости гапро гуфтед.

ЛИЗЗИ. Афсўс мехўрам, ки... ҳақиқат чунин аст.

СЕНАТОР. Аз дасти мо чӣ ҳам меояд? Ҳеҷ кас аз шумо хоҳиш карда наметавонад, ки нишондоди бардурўғ бидиҳед. (Сукут.) Ҳеҷ кас.

Дигар дар бораи ў фикр накунед.

ЛИЗЗИ. Дар бораи кӣ?

СЕНАТОР. Дар бораи хоҳари ман. Ҳамин ҳоло шумо дар бораи хоҳари ман фикр мекардед, не?

ЛИЗЗИ. Оре.

СЕНАТОР. Ман фикратонро рўшан мехонам, фарзанди азиз.

Мехоҳед, бигўям, ки ҳамин лаҳзаҳо аз майнаатон чӣ андешаҳо мегузарад? (Вонамуд мекунад, ки фикри Лиззиро мехонад.) Агар имзо кунам, сенатор назди хоҳараш рафта, мегўяд: «Лиззи Мак-Кей бамаънӣ духтаре будааст, писаратро ба ту баргардонд.» Кампирак, гиряолуд ҷавоб медиҳад: «Лиззи Мак-Кей? Ман ҳаргиз ин номро фаромўш намекунам». Ва ман – ин мавҷуди танҳои радди маърака, хоҳам донист, ки дар ин дунё кампираке ҳаст, ки дар хонаи бузургаш аз мани кўчак ёд мекунад. Як модари амрикоӣ дар дили худ маро духтар мехонад.» Бечора Лиззи, худатонро азоб надиҳед, дигар дар ин бора фикр накунед.

ЛИЗЗИ. Сари хоҳаратон сафед аст?

СЕНАТОР. Сап-сафед. Шумо табассумашро тасаввур намекунед...

Вай... Кош як бор табассумашро медидед... афсўс, ки ў дигар ҳаргиз табассум намекунад. Хайр. Пагоҳ ҳақиқатро ба судя бигўед.

ЛИЗЗИ. Шумо меравед?

СЕНАТОР. Бале, назди Мэри меравам. Суҳбатамонро ба ў гуфтан даркор.

ЛИЗЗИ. Ў медонад, ки шумо дар хонаи манед?

СЕНАТОР. Бо хоҳиши ў ба ин ҷо омадаам.

ЛИЗЗИ. Худоё! Ў интизор аст? Ва шумо мераведу мегўед, ки ман имзо накардам. Чӣ хел маро бад хоҳад дид ў!

СЕНАТОР (даст ба китфи Лиззи мемонад). Бечора фарзанди азизи ман, ҳаргиз намехоҳам, ки дар ҷои шумо бошам.

ЛИЗЗИ. Чӣ рўзи бад! (Ба дастмонааш нигариста) Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ, палид!

СЕНАТОР. Чӣ?

ЛИЗЗИ. Ҳеҷ чиз не, ман ҳамин хел... (Сукут.) Ин қадар бадбахтиҳост дар дунё... Кош ҳамон ҳабаш маро таҷовуз мекард…

Лекин воқеан ҳам бо ман ягон кор накардааст.

СЕНАТОР (мутаассир). Фарзанди азиз...

ЛИЗЗИ (маҳзун). Агар ягон кор мекард, шумо ҳам хушбахт мебудеду ман ҳам ин қадар худамро намехўрдам.

СЕНАТОР. Ташаккур. (Сукут.) Чӣ хел мехоҳам ба шумо ёрӣ кунам. (Сукут.) Вале, чӣ илоҷ, ҳақиқат таҷовузнопазир аст.

ЛИЗЗИ (маҳзун). Оре, ҳамин тавр.

СЕНАТОР. Далелҳои воқеӣ мегўянд, ки ҳабаш қасди номуси шумо надошт.

ЛИЗЗИ (маҳзун). Оре, ҳамин тавр.

СЕНАТОР. Ҳо-о. (Сукут.) Вале, агар биандешем, маълум мешавад, ки ҳақиқатро яктарафа тасаввур кардаем.

ЛИЗЗИ (ҳайрон). Яктарафа тасаввур кардаем?

СЕНАТОР. Ман гуфтаниам, ки то ҳол сухан танҳо аз ҳақиқати оддӣ мерафт.

ЛИЗЗИ. Ҳақиқати оддӣ? Магар ҳақиқати оддӣ ҳақиқат нест?

СЕНАТОР. Не, не, албатта, ҳақиқат аст. Вале, ба ҳақиқат... вобаста ба ҳолат, ҳар хел нигоҳ мекунанд.

ЛИЗЗИ. Шумо ҳамоно гумон доред, ки ҳабаш ба номуси ман таҷовуз кардааст?

СЕНАТОР. Не, не, ў шуморо таҷовуз накардааст. Аз нуқтаи назари муайян ҳаргиз таҷовуз накардааст. Вале, бубахшед, ки ман як пиракиам, умри дароз дидаам, бисёрҳо иштибоҳ кардаам ва танҳо дар ин чанд соли охир камтар ба хатоҳо роҳ медиҳам. Нисбат ба ин воқеа ҳам фикри ман аз фикри шумо фарқ дорад.

ЛИЗЗИ. Чӣ фикр аст он?

СЕНАТОР. Чӣ хел фаҳмонам ба шумо? Тасаввур кунед, ки тамоми миллати амрикоӣ якбора дар назди шумо ҳозир шуд...

Медонед, чӣ мегуфт ў ба шумо?

ЛИЗЗИ (ҳаросон). Гумон мекунам, ки бо ман гап ҳам намезад.

СЕНАТОР. Шумо коммунистед?

ЛИЗЗИ. Чиҳо мегўед шумо? Албатта, не!

СЕНАТОР КЛАРК. Набошад, ў ба шумо бисёр чизҳо мегуфт.

Масалан, мегуфт: «Лиззи, ҳамин хел шуд, ки туро лозим аст аз ду фарзанди ман якеро интихоб бикунӣ. Яке бояд бимирад. Дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна рафтор мекунанд? Арзандатаринро эмин медоранд.

Биё, бубинем, ки кадоме арзандатар аст. Муқобил нестӣ?»

ЛИЗЗИ. Албатта, не. Маъзарат! Гумон кардам, ки шумо гап мезанед.

СЕНАТОР КЛАРК. Ман аз номи кишвари худ гап мезанам.

«Лиззи, кист ин ҳабаше, ки ту пуштибониаш мекунӣ? Тасодуфан зода шудааст ў ва, Худо медонад, ки аз киву дар куҷо. Ман ўро калон кардам, вале ў... чӣ дод ў дар ивазаш ба ман? Ягон чиз. Бекорхўҷагӣ мекунад, бо дуздӣ машғул мешавад, суруд мехонад ва кастумҳои сурху сабз мехарад. Фарзанди ман аст ў ва баробари дигар фарзандонам дўсташ медорам, вале ин лаҳза аз ту мепурсам, ки магар ў зиндагии сазовори инсон ба сар мебарад? Марги ў бароям талафоти бузурге нест».

ЛИЗЗИ. Чӣ хел хушрў гап мезанед шумо!

СЕНАТОР КЛАРК (фикрашро ҷамъ карда). «Фарзанди дигарам –

Томас билкул баракси ўст. Оре, ҳабашро куштанаш кори зишт аст.

Вале ман ба ў ниёз дорам. Зеро ў амрикоии комил аст, аз хонадони муҳтараму қадимаи кишвар аст. Донишгоҳи Гарвардро хатм кардааст.

Афсар аст ў ва ман ба афсарон ниёз дорам, дар корхонааш ду ҳазор нафар кор мекунанд ва, агар ў бимирад, ду ҳазор нафар бекор мемонанд. Ў лидер аст, сипари зидди коммунизм, иттифоқҳои касаба ва яҳудиҳост. Ў бояд зиндагӣ бикунад ва қарзи ту ҳифзи ҳаёти ўст.

Ана, ҳамин ҳамааш. Худат интихоб бикун.»

ЛИЗЗИ. Чӣ хел хушрў гап мезанед шумо.

СЕНАТОР КЛАРК. Интихоб кунед!

пешина
аз 9
навбатӣ