Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Покистон

Дар давраи Ҳиндустони Бритониё вазифаи бонки марказиро дар ҳудуди ҳозираи Покистон Бонки захиравии Ҳиндустон иҷро мекард. То 1 июли соли 1948 рупияи Ҳиндустон дар Покистон пули қонунӣ маҳсуб меёфт, баъди эълон шудани истиқлолияти Покистон ҳукумат ба хулосае омад, ки идораи молиёт ва низоми бонкии худро дошта бошад. Барои ин 12 майи соли 1948 қонун дар бораи Бонки давлатии Покистон қабул шуд ва 1 июли ҳамон сол роҳбари давлат Муҳаммадалии Ҷинноҳ фаъолияти расмии бонки марказиро эълон дошт. Аз оғози фаъолият бонк ба барориши рупияи покистонӣ шурӯъ кард. Пули қоғазии рупияи Покистонӣ то ноябри соли 1949 (тангааш то июли соли 1951) бо рупияи ҳиндуӣ арзиши якхела доштанд.

Ҳангоми таъсис бонк сармояи омехта дошт: 51%-и сармоя аз ҳукумати федералӣ ва боқимонда сармояҳои хусусӣ буданд. Сармояи оғозини бонк 30 млн рупияро ташкил медод. 1 январи соли 1974 бонк марказӣ миллӣ гардонида шуд. Соли 1956 ба Қонун дар бораи Бонки давлатӣ тағйирот дароварда шуд.

Эрон

Аввалин бонки типи нав дар Эрон соли 1888 бо иштироки рӯирости филлиали бритониёии “Бонки нави шарқӣ” (New Oriental Bank) таъсис дода шуд. Бонки нав баъди ташкилшавӣ таъҷилан филлиалҳои худро дар шаҳрҳои Машҳад, Табрез, Рашт, Исфаҳон, Шероз ва Бушар кушод. То ба вуҷуд омадани ташкилоти ягона амалиётҳои молиявиро тоҷирони калон гардиш медоданд: корҳои онҳо аз қарз додан, қабули депозитҳо ва интиқоли воситаҳои пулӣ буд. Бонкдорҳои бузург Ҳоҷи Муҳаммад Ҳасан, Амин ал-Зарб, бародарон Туманиён ва Ҷаҳониён буданд. Ғайр аз ин аз асрҳои миёна институтҳои муфтхӯрӣ мавҷуд буданд, ки ба тариқи анъанавӣ дар дасти ғайри мусулмонон қарор дошт, зеро дар ислом ин кор сахт маҳкум шуда буд.

пешина
аз 42
навбатӣ