ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Осиёи Миёна
Дар қаламрави Осиё Миёна 5 давлат ҷойгир аст масоҳати умумии онҳо 997,53км2-ро ташкил медиҳад, ин давлатҳо босуръат инкишоф ёфтаистодааст.
Қазоқистон
Раванди ташаккули низоми бонкдории вилояти Қазоқистони Шимолӣ таърихи баробар ба Шӯравӣ ва то инқилобии Руссияро дорад. То ин дам 145-солагии таъсиси низоми бонкдории вилояти Қазоқистони Шимолӣ пур шуд.
Соли 1871 дар шаҳри Петропавловск аввалин бонк дар ҳудуди ҳозираи Қазоқистон кушода шуд. Он як ҷузъи низоми бонкои Руссияи подшоҳӣ буд, ки ба онҳо дохил мешуданд: бонки давлатӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, ташкилотҳои қарзӣ, бонкҳои шаҳрӣ ва ғайраҳо.
Бонки давлатии Руссия (аз соли 1860 ба фаъолият шурӯъ кард) бонки марказӣ дар тамоми низоми қарзӣ ба ҳисоб мерафт. Ба он ҳуқуқӣ инҳисории барориши пул барои муомилот тааллуқ дошт. Рушди саноат, табдил ёфтани шаҳрҳо ба марказҳои иқтисодӣ, таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ғайраҳо дар соҳаҳои низоми хоҷагидорӣ ба пайдо шудани бонкҳои зиёд, мустаҳкам кардани саҳми пул дар рушди иқтисод ҳамчун воситаи асосии доду гирифт оварда расонд.
Баъд аз инқилоби Октябр (1917) принсипҳои инҳисории давлатии ташкилотҳои корҳои бонкӣ пайдо шуд. Дар кишвар Бонки давлатӣ сохта шуд, дар натиҷа милликунонии бонкҳои тиҷоратии инфиродӣ ва дигар бонкҳо бо суръат идома кард.
Дар ИҶШС низоми бонкдорӣ танҳо ба Бонки давлатӣ тааллуқ дошт. 16 декабри соли 1991 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Қазоқистон ташкил шуд ва давлат ба низоми бонкдории пасошӯравӣ гузашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё