ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
обрӯю эъибор ва рекламаи бонк дар кортҳое, ки мизоҷон истифода мебаранд, шаҳодати на танҳо сарватмандӣ, инчунин мавқеи махсуси иҷтимоӣ мебошанд.
Амалиёти ба воситаи кортҳои пластикӣ анҷомдодашуда барои хизматрасонии молиявии мизоҷон пешомадҳои нав кушода, имконияти ба даст овардани даромади калонро васеъ месозад. Кортҳои пластикӣ қисми таркибии системаи молиявии мамлакатҳо ва ҷомеаи иқтисодии ҷаҳон мебошанд.
Бартариҳои вобста ба ҷорӣ намудани кортҳои пластикӣ дар бозори Тоҷикистон ҳам имрӯз чашмрас мебошад. Мизоҷони бонкҳои Тоҷикистон ҳам имконият доранд, бо худ кортҳои платикӣ гирифта гарданд ва дар киса пули зиёд нагардонанд. Ин чиз имконият медиҳад, ки мизоҷон пулашонро гум намекунанд ва ҳангоми амалиёти молиявӣ хароҷоташон кам гардад. Вақти иваз кардани арзи хориҷӣ ҳам мизоҷон фоида мебинанд, зеро онҳо арзи хориҷиашонро на бо нархи дуконҳои пуливазкунӣ, балки бо нархи муқарраркардаи биржа иваз менамоянд.
Кортҳои пластикӣ барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ҳам бартариҳои зиёд пешниҳод менамоянд. Пеш аз ҳама, муассисаҳои савдо аз киро кардани инкассаторҳо, кашондани пул аз мағоза то бонк озод мешаванд. Кортҳои пластикӣ як навъ рекламаи муассиса ҳам шуда метавонад.
Кортҳои пластикӣ ҳангоми додани музди маош барои корхонаҳои калон ҳам мувофиқанд. Ин усули хизматрасонӣ ба давлат ҳам фоидаи калон меорад. Дар натиҷаи ҷорӣ гаштани системаи додани музди меҳнат, ба воситаи кортҳои пластикӣ рӯёндани андозҳо, эмиссия ва регенератсияи пул ва тангаҳо сарфа мегардад.
Банкомат ҷузъи асосии системаи пардохтҳои электронӣ
Банкомат (ATM – automated teller machine) мошини худкори бисёрфунксионалии бонкӣ мебошад, ки ҳангоми набудани ходимони бонк барои хизматрасонӣ ба мизоҷон пешбинӣ шудааст. Аксар вақт банкомат барои додани пули нақд истифода мегардад.
Илова бар ин, банкомат метавонад, вазифаҳои зеинро ҳам иҷро кунад:
-
параметрҳои суратҳисоби мизоҷро тағйир диҳад (ба депозит пул гузарондан);
-
дар бораи баланси суратҳисоб иттилоъ диҳад;
-
дар бораи гардиши маблағҳо дар давраи муайян ҳисобот
диҳад;
-
аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар пул гузаронад;
-
пардохти давра ба давраро анҷод диҳад;
-
ҳамчун маълумотнома хизмат расонад.
Акси банкомат дар сурати 3.5.
Банкоматҳои аввалин ҳанӯз охири солҳои 1960 ба вуҷудомада буданд ва онҳо аксар вақт бо мақсади пардохтани маблағи нақдии начандон калон пешбинӣ мешуданд. Аммо зуд-зуд аз кор баромадани мошинҳои худкор ва кортҳо мизоҷонро водор месохт, ки бо усули санҷидашудаи муқаррарии кассавӣ амал кунанд.
Оғози босуръати рушди банкоматҳо солҳои 1980 мебошад. Ҳоло банкомат яке аз усулҳои маъмулии паҳнгаштаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё