ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Аз рӯи амали худкориашон банкоматҳоро бо асбобҳои муқарррарии қабулкунандаи дархост ва ҳуҷҷатӣ кардани натиҷаҳои хизматҳои бонкии дар МЭҲ марказӣ анҷомдодашуда ва асбобҳои аз ҳад зиёд худкор ва мустақиле тақсим мекунад, ки ба онҳо иҷозат дода шудааст, амалиёти худкори мустақилонаро анҷом диҳанд.
Истифодабарии банкоматҳо нишон медиҳад, ки бонкҳо кӯшиш менамоянд, хизматрасониашонро ба мизоҷон наздиктар кунанд, миқдири вақти мизоҷро барои гирифтани пули нақд сарфа намоянд.
Истифода бурдани банкоматҳо ба бонк имконият медиҳад, ки миқдори ходимонашро кам кунад ва бо ҳамин роҳ хароҷоташ барои бино кам шавад.
Бартарии асосии банкомат аз хазинадори муқаррарарӣ дар он аст, ки метавонад, тамоми шабонарӯз кор кунад. Аз ин рӯ,банкоматҳо бояд дар маҳалҳое гузошта шаванд, ки ба он ҷо одамон нисбатан зиёдтар омаду рафт мекунанд ва барои мизоҷ шабу рӯз дастрас бошад. Дар Ғарб банкоматҳо дар вокзалҳо. Фурӯдгоҳҳо, долони биноҳои ҷамъиятӣ, дар кӯчаҳо гузошта шудаанд.
Дар кишвари мо банкоматҳоро асосан дар бинои худи бонкҳо, мағозаҳои калон, вокзали роҳи оҳан ва фурӯдгоҳ,меҳмонхонаҳо, хулоса дар ҷойе мегузоранд, ки ҳифз мешавад. Ҳарчанд банкоматҳо аз ҷиҳати муҳофизатӣ асбобҳои дилпур бошанд ҳам, бонкҳо ин асбоби пурқиматро бе посбон намегузоранд. Инчунин барои дар ҳар вақти шабонарӯз аз банкомат гирифтани пули нақдро бехатар месозад. Аз тарафи дигар, худи бонкҳо ба кори шабонарӯзии банкоматҳо манфиатдор мебошанд.
Вазифаи асосии банкомат то ҳол ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд аз суратҳисоб боқӣ мондааст. Ин усули кор бартариҳои худро дорад. Корти пластикӣ имконият медиҳад, ки шумо бо худ пули нақд гирифта нагардед. Аммо дар айни ҳол дар Тоҷикистон чунин мошинҳои хизматрасон ба миқдори хеле кам фаъолият менамоянд ва мизоҷон имконият надоранд, ки аз онҳо пурра истифода баранд.
Барои он, ки мизоҷ пули нақдашро ба даст гирад амалиёти зеринро бояд анҷом диҳад:
1. Мизоҷ кортро ба сӯрхии махсуси банкомат мегузорад.
2.Дар равзанаи банкомат навиштаҷот дар бораи ворид намудани рақами мушаххаси шахсӣ (PIN-код) мебарояд.
3. Мизоҷ рақами мушаххасашро ба воситаи тугмаҳои банкомат менависад.
4. Банкомат ахбори дар корт навишташударо хонда, онро бо PIN-код қиёс мекунад, дар як вақт ҳақиқӣ будани корт санҷида мешавад.
5.Агар ягон камбудӣ набошад, дар равзанаи банкомат навиштаҷоте пайдо мешавад, ки аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки миқдори маблағи дилхоҳатонро нависед.
6. Мизоҷ миқдори маблағи дилхоҳашро менависад.
7. Банкомат маблағи навиштаи шуморо бо миқдори маблағи дар суратҳисоб мавҷудатон қиёс мекунад.
8.Агар ягон камбудӣ пайо накунад, он гоҳ банкомат маблағи дилхоҳатонро ба воситаи асбоби пулдиҳӣ ба шумо медиҳад.
9. Банкомат кортатонро ба шумо бозпас медиҳад.
Албатта, амалиёти номбаршуда танҳо роҳи соддае мебошад, ки банкомат ҳангоми хизматрасонӣ ба мизоҷ иҷро менамояд. Масалан, ҳангоми истифодабарии корти дебетӣ банкомат инчунин бояд миқдори боқимондаи пасандози мизоҷро санҷад. Аксари банкоматҳо ба ғайр аз он мултикортӣ мебошанд, ба кортҳои системаҳои гуногуни пардохтӣ хизмат мерасонанд. Ҳамин ҳолат ба алгоритми номбаршуда боз якчанд қадами дигар илова менамояд.
Ба ғайр аз ин бо дархости мизоҷ банкомат дар бораи амалиёти пулгирӣ (транзактсия) квитантсия медиҳад. Баъзе намудҳои банкоматҳо на танҳо квитантсия, инчунин дар бораи пасандози дар суратҳисоб мавҷудбуда ҳисобот медиҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё