Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агар ин лимит аз бақияи пасандоз кам бошад, он гоҳ бонк аз мизоҷ зарар мебинад.

Ҳангоми истифодабарии smart-картаҳо маҳдудият дида намешавад, зеро маълумот дар корти худи мизоҷ нигоҳ дошта шудааст.

Бартарии режими мухтор аз он иборат аст, ки кораш нисбатан арзон буда, хизматрасонӣ ба сифати шабакаи алоқа вобаста нест. Дар шароити мо ин чиз бисёр муҳим аст. Дар баробари ин, арзиши ками насб кардани асбоб барои ба даст омадани арзиши калони истифодабарии ин асбобҳо мусоидат менамояд. Барои он, ки иттилооти дар «стоп-листҳо» нигоҳдоришаванда рӯзмарра бошад, онро камаш як маротиба дар як шабонарӯз нав кардан лозим аст. Дар ҳолати зиёд шудани миқдори банкоматҳо чунин тарзи хизматрасонӣ мураккаб мегардад. Аз расондани хизматти ҳаррӯза ба банкомат даст кашидан ба бонк метавонад аз ҷиҳати кам шудани даромад зиёни калон расонад. Ҳамин тавр яке аз сабабҳои ба нокомӣ дучор шудани системаи POLISCARD-ро мутахассисон дар он медонанд, ки ҳангоми режими off-line кор кардан банкомат сари вақт бо пули нақд таъмин карда нашудааст. Дар натиҷа мизоҷон ба банкомат ҳамчун кассаи оҳанӣ муносибат карда, пулҳои пасандозҳояшонро аз суратҳисобашон пурра гирифтанд. Ба назари мизоҷон чунин намуд, ки пулҳояшонро дар худи бонк гузоранд беҳтар аст.

Низоми вақти воқеӣ ҳарчанд асбоби пурқимат аст, вале нисбат ба низоми мухтор бартариҳо дорад. Низоми мазкур ба мизоҷ имконият медиҳад, ки на танҳо пули нақдашро гирад, инчунин аз суратҳисобаш ҳам истифода барад. Иттилооти «стоп-листҳо» ҳамеша рӯзмарра аст. Аммо талабот ба шабакаҳои алоқа мудом меафзояд.

Ба ғайр аз банкоматҳои ҷудогона ҳоло аксар вақт шабакаи банкоматҳо ҳам истифода мешавад. Иштирокчиёни чунин шабака мақсадҳои зеринро дар пеш доранд:

• тақсимоти хароҷот дар байни иштирокчиёни шабака ҳангоми татбиқ кардани хизматрасониҳои нав;

• кам кардани арзиши амалиёт барои иштирокчиён;

ба хизматҳояш хусусияти умумиҷумҳурӣ додан, баланд бардоштани арзиши субъективии онҳо барои мизоҷон; Азбаски банкомат воситаи худхизматрасонӣ мебошад, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
• Соддагии идора кардан. Истифодабаранда барои кор дар банкомат набояд дар мактаби махсус таҳсил кунад.
• Боэътимодӣ ва бемонеъа кор кардан. Истифодабаранда ҳангоми иҷрои амалиёти фармудааш бо сабабҳои вайрон будани воситаи техникӣ набояд ҷавоби рад гирад.
• Бехатарӣ ва муҳофизатшавандагӣ. Аввалан,

истифодабаранда бояд аз вайрон шудани сирри PIN-кодаш муҳофизат шуда бошад. Дуюм, бонк бояд аз ҳар гуна ҳолатҳои аз қабили истифода бурдани кортҳои бардурӯғ, маккорӣ ва хато будани транзактсияҳо (масалан, дар корти дебитӣ суммаи манфӣ будан ва ғайра), ки боиси озурдагии хотираш мегардад, бояд муҳофизат шуда бошад. Сеюм, банкомат бояд аз шикасташавӣ муҳофизат шуда бошад. Хубаш он бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба таъсири зарбаҳои беруна тобовар бошад ва тавонад ҳатто дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ пулҳои нақди дар дохилаш гузошташударо ҳимоя карда тавонад.

• Арзиши ками истифодабарӣ. Хароҷот барои нигоҳ доштан ва хизматрасонӣ ба худи асбоби банкомат бояд аз ҳад зиёд набошад, дар акси ҳол он барои бонк ба як асбоби дарди сар табдил меёбад. Банкоматҳоро ҳоло ширкатҳои IBM, NCR, Olivetti, Bull, Siemens Nixdorf ва ғайра истеҳсол мекунанд.

Банкомат маъмулан қуттии оҳание мебошад, ки онро ба таври алоҳида дар танаи девор, дар пастӣ ё баландӣ гузоштан мумкин аст. Якчанд банкоматро бо ҷафс гузоштан ҳам мумкин аст. Баъзе банкоматҳои хурдҳаҷмро дар девор, ба монанди қуттии почта часпондан мумкин мебошад.

Ҳангоми озодона ҷойгир кардани банкомат минтақаи хизматрасонии он ба минтақаи дастраси барои мизоҷ мутобиқ мешавад. Аз як тараф, ин ҳолат кори ходимони бонкро бо банкомат осон мекунад ва аз тарафи дигар талаб мекунад, ки асбоб аз ҷиҳати бехатарӣ ва шикаст пурқувват бошад.

пешина
аз 42
навбатӣ