ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Барои ин дар равзанаи банкомат рӯихати амалиёт навишта шудааст, ки мутобиқи он мизоҷ бояд амал кунад.
Баъзе аз алмалиёти банкомат талаб менамояд, ки байни банкомат ва марказ ахбор раду бадал гардад. Аз ҷумла, вақти санҷидани бақияи пасандоз, мутобиқати PIN-код ва рақами корт, лимити додани маблағ ва ғайра. Робити инчунин барои ба мизоҷ додани ахбори ҷорӣ дар бораи ҳолати суратҳисоби ӯ ва барои додани маълумот дар шакли чопӣ лозим аст.
Ҳангоми иҷро кардани амалиёти мазкур байни мизоҷ ва системаи пардохтҳо ба воситаи банкомат робита ба амал меояд.
Умуман, чунин робитаи мутақобила дар яке аз се режими зерин ба амал меояд:
• On-line (режими вақти воқеӣ). Дар режими мазкур банкомат мудом бо марказаш пайваста мебошад ва алоқаи байни банкомат ва марказ доимӣ аст. Дар ин ҳолат ҳамаи маълумотҳои зарурӣ дар бораи мизоҷ, гардиши маблағҳо ва бақияи пасандоз дар суратҳисоби ӯ дар марказ нигоҳ дошта шудааст.
• Off-line (режими мухтор) – банкомат бо марказ алоқа надорад ва табодули ахбор байни онҳо дар муддати вақти муайян ба воситаи дискҳои магнитӣ ба амал меояд. Дар ин ҳолат маълумот дар бораи мизоҷ, гурдиши пулҳо ва бақияи пасандоз дар корти ӯ дар худи банкомат нигоҳ дошта мешавад. Транзактсия бо суратҳисоби кортӣ ба қайд гирифт дар банкомат ҷамъ оварда мешавад. Танҳо баъди гузарондани як миқдори ахбор ба маркази протсессинги (масалан дар шабонарӯз) дар он ҷо коркарди маълумот анҷом дода шуда, ба суратҳисоби кортии мизоҷ тағйиротҳо ворид карда мешавад.
• Квази-on-line – банкомат бо маркази протсессингӣ ба воситаи каналҳои алоқа пайваст мешавад, вале ин алоқа доимӣ нест ва мутобиқи ҷадвали махсус ба амал меояд.
Дар режими off-line маълумотҳо бо роҳи истифодаи базаи мухтори маълумотҳои банкомат санҷида мешавад. Албатта санҷиш вақти муайянро мегирад. Аз ҷумла, дар баъзе системаҳо дар кортҳо тамоми маълумоти ҳамаи мизоҷонро нигоҳ доштан ғайриимкон аст. Дар ин ҳолат одатан лимити суммаи маблағе, ки бояд аз банкомат гирифта шавад, шигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё