Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тақсимкунии инноватсияи бонкӣ аз рӯи принсипи муносибат нисбати қабли ба ҷудо намудани категорияҳои зерини навовариҳо имконият медиҳад:

– ивазкунанда, яъне чунин инноватсияе, ки пурра баровардани маҳсулот ё ки технологияи кӯҳнашударо дар назар доранд, бо ин иҷрои пурра ва самараноки вазифаи ивазкунӣ таъмин карда мешавад (масалан, баровардани маблағи пули нақд аз гардиш ва иваз намудани онҳо бо воситаҳои пардохти электронӣ – кортҳои қарзӣ ва дебетӣ);

– бекоркардашуда, маҳз навовариҳое, ки бо истиснои тартибот алоқаманд аст, ки мавҷуд будани онҳо бо иҷрои ягон амалиёт муайян шудааст (мисоли чунин шакли инноватсия ин пайдо шудани системаи идоракунии фосилавӣ бо ҳисоб бо ёрии воситаҳои электронии алоқа мебошад, ки зарурияти пайдоиши ҳаррӯзаи муштариро дар бонк барои иҷрои пардохт кам кардаанд).

Аз рӯи дараҷаи таъсир инноватсияро ба иноватсияи нуқташакл ва системавӣ ҷудо мекунанд. Навовариҳои нуқташакл дар ҳодисаи ғайримуқаррарии такмилдиҳии технология дар қитъаи алоҳидаи кор ҷой доранд. Онҳо одатан хароҷоти калони моддиро талаб наменамоянд ва бо баландбардории самаранокии як-ду амалиёт алоқаманд буда, ба ҷараёни истеҳсол таъсири калон намерасонанд. Навовариҳои системавӣ тағйири ҳамаи сохтори муносибатҳои истеҳсолиро муайян мекунанд. Масалан, оғози истифодаи техникаи компютерӣ ва шабакаҳои маҳдуди ҳисоббарор дар кори бонкӣ дар гузашта, ки кори ташкилоти қарзиро тамоман тағйир дода суръати ҳисоббаробаркуниҳоро тез ва арзон намуд, эътимоднокии амалиётҳои бонкиро афзоиш дод, инчунин хароҷоти меҳнатро хеле кам намуд.

Аз рӯи дараҷаи навовариҳо инноватсияи бонкӣ ба навбавуҷудомада ва бо роҳи нави истифодаи маҳсулоти вуҷуддошта бунёдгардида ҷудо мешаванд, ё ки онҳоро боз инноватсияҳое, ки дар кашфиётҳои нав асос ёфтаанд дар соҳаи бонк на он қадар босуръатанд алоқаманд медонанд.

Чи тавре ки дар боло гуфта шуд, онҳо асосан бо тағйиротҳои ҳаматарафа дар системаҳои муносибатҳои истеҳсолӣ алоқаманд буда, дар натиҷаи пайдоиши технологияи нав дар дигар соҳаҳо ба вуҷуд меоянд. Инноватсияҳои бонкии навбавуҷудомада танҳо дар ҳолати тағйиротҳои ҳаматарафаи ҳамаи системаи бонкӣ татбиқ ёфта, боиси мавқеи устувори бонк дар кӯшиши машғул намудани бахши муайян бо ёрии пешниҳоди маҳсулоти нави принсипиалӣ ва тартиби хизматрасонии муштариён мегардад. Хизматрасонии интернет- трейнинг мисоли муфассали ин намуди навовариҳо шуда метавонад, ки хеле маъмул шудааст.

пешина
аз 42
навбатӣ