ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Принсипи навбатии таснифоти навовариҳои бонкӣ тақсимкунии онҳо аз рӯи иқтидори инноватсионӣ мебошад. Инноватсияро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
Инноватсияи қатъӣ, ё ки дар баъзе ҳолат онро базавӣ ҳам меноманд, ки татбиқи намудҳои нави принсипиалии маҳсулот ва хизматрасонии бонкӣ, истифодаи технологияи нави босифати амаликунии онҳо, истифодаи усулҳои комилан нави идоракуниро дар назар доранд;
Инноватсияи комбинаторӣ, яъне истифодаи аксарияти маҷмӯи ҷузъи гуногунро дар назар дорад (иттиҳоди технологияи гуногуни хизматрасонӣ ба як гурӯҳи комплексӣ, ки дар бозор ҳамчун самараи ягона пешниҳод мегардад);
Инноватсияи тағйирдиҳанда, барои даровардани тағйиротҳои зарурӣ ва иловагӣ ба маҳсулотҳои бонкии қаблан вуҷуддошта, барои дароз кардани даври ҳаётии онҳо (додани кортҳои иловагии дисконтӣ ё ки суғуртаи амонатҳо ҳангоми додани кортҳои пластикӣ) истифода мебаранд.
Таносуби шумораи гурӯҳҳои дар боло номбаршудаи инноватсия дар фаъолияти ташкилоти қарзӣ барои таҳлили тағйиротҳои муайян, инчунин базаи асосӣ ва моддию техникии бонк аҳамияти бевосита доранд. Навиҳои қатъӣ арзиши калон доранд, зеро ки самараи хеле зиёдро доро буда, ба механизми фаъолияти ташкилоти қарзӣ як омили навро дохил мекунанд. Ба ин гурӯҳи инноватсия татбиқи системаи-CRM (Customer relationship management), яъне системаи идоракунии муносибатҳои муштариён, ки кулан ба тасниф ва назорат кардани ҷараёни муносибатҳои бонк бо муштариён имконият медиҳад.
Аммо дар аксари ҳолатҳо инноватсияҳое бартарӣ доранд, ки ба ду гурӯҳи охир тааллуқ доранд. Онҳо таъсири калон, ба мисли гурӯҳи якум надоранд, вале таъсири дутарафаи онҳо на он қадар муҳим аст, зеро ки вазифаи асосии инноватсияи комбинаторӣ ва тағйирдиҳанда ислоҳ ва мутобиқкунии ислоҳоти бавуҷудомада ва татбиқи ислоҳоти базавӣ мувофиқи ҳолати ҳозираи бозор, инчунин бо мақсад ва вазифаҳои ивазшаванда мебошад.
Бар замми ин инноватсияи тағйирдиҳанда ва такмилдиҳанда инчунин як навъ таъсири «боздоранда» мерасонанд. Онҳо баҳри дароз кардани даври ҳаётии ин ё он маҳсулоти бонкӣ ҷори шудаанд, ки қаблан собиқ тадриҷан шиддатёбанда ва наву принсипиалӣ, айни замон кӯҳнашуда мебошанд.
Хусусияти механизми амаликунӣ мавҷуд будани гурӯҳҳои зерини инноватсияи бонкиро муайян мекунанд:
Зергурўҳи I:
– ягона, яъне навовариҳое, ки танҳо дар як бахши ҷудо карда шуда ба амал меоянд, масалан, таҳияи усули нави қарздиҳӣ ба корхонаҳои соҳаи саноат;
– омехта, маҳз навовариҳое, ки қобилияти кӯчиши байни бахшҳои гуногуни фаъолияти бонк, яъне истифодаи як маҳсулоти зери соҳаи муайяни корхонаҳо махсус офаридашуд ба дигар соҳаҳоро дар бар мегирад.
Зергурўҳи II :
– мукаммал, ки гузаштани даври пурраи ҷараёни инноватсиониро дар назар дорад;
– нотамом, яъне инноватсияе, ки ҷараёни ба вуҷуд омадани онҳо дар ягон давраи фосилавӣ аз сабаби паст ё нест шудани талабот дар офаридани навовариҳо, тағйири шароити бозор, ки ҳаракати минбаъдаи маҳсулоти нав ё хизматрасониро ғайриқобили қабул мегардонад.
Зергурўҳи III:
– бобарор, ё ки инноватсияе, ки самаранокии татбиқ ё ки истифодаи онҳо баробар ё ки аз ҳисобӣ баланд аст;
–нобарор, яъне инноватсияе, ки татбиқи онҳо нисбати нишондиҳандаи ҳисобӣ самараи кофӣ надод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё