Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– Додаро, мӯҳлати бисёртар диҳед, охир ин пули калон аст, ёфтанаш душвор, – гуфт. Онҳо миш-миши бисёр карданд, пас сардорашон фармуд:
– Як ҳафта! Ба ҳамин васила раис аз панҷаи хунини ин ғосибон халосӣ ёфт... Қиссаи бозёфт ва ба гаражи хоҷагӣ овардани мошини боркаши ЗИЛ ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намешавад. Ин мошини колхозро дуздон ба деҳаи Хокаки ноҳияи Шаҳритус оварда будаанд. Вақте ки Раҳматулло-раис гирду атрофи мошинро аз назар мегузаронд, нохосту ногаҳон яке аз дуздон аз қафо ба дасти раис бо чӯб зарбаи сахте мезанад.
– Ноасл, – ба тарафи ӯ баргашт раис, вале дузд ба нигоҳи Раҳматулло тоб наоварда рӯ ба гурез ниҳод. – Ҳой, номард, ҷанги ту ҳам дуздона аст, палид... Ғосибон қасдан ин амалро ба ҷо оварда, гумон доштанд, ки раисро метарсонанду мошинро тамоман соҳиб мешаванд. Вале онҳо тушбераро хом шумурда буданд. Раҳматулло бо дасти шикастаю хунчакон ҳам мошини хоҷагиро наҷот дода тавонист. Солҳои аввали раисии Раҳматулло чунин воқеаҳои даҳшатбор бо ӯ даҳ маротиба рӯй додааст, ӯ даҳ бор бо марг рӯ ба рӯ гардида, ҳамаи ин хавфу хатарҳоро бо нангу номуси баланд пушти сар намудааст. Раҳматулло-раис ба рағми даҳшату ваҳшоният ва ғаддории иддае лаҷомгусехта фақат даст ба кор дошт, ки ин қонуншиканию ғосибиҳо муваққатианд.
Ӯ ҳамчун роҳбари иқтисодшинос ҳар қитъаи замин ва ҳар килои маҳсулотро ба ҳисоб мегирифту аз тобеъин қатъиян талаб менамуд, то дастранҷи халқ мувофиқи мақсад истифода шавад. «Ҳар қитъа замин барои кишт аст!» чунин буду ҳаст шиори Раҳматулло-раис. Барои иҷрои ин ҳадафи олӣ ғайр аз васоити техникии мавҷуда ӯ супориш дод, ки дар хоҷагӣ барои шудгор якчанд адад испор таҳия намоянд ва барзаговҳоро ба кор баранд. Бо ҳидояти раис ҳар як ваҷаб замине, ки дар лаби Наҳри Калон, соҳили дарёи Кофарниҳон, зери дарахтони боғот, нишебиҳои кӯҳдоман бекор буд, моҳирона шудгор карда шуда, дар он ҷо шолӣ, мош, нахӯд, наск, ҷуворимакка коштанд. Фақат бо ҳамин роҳ анборро пур кардан мумкин буд, фарзанди деҳқон инро некӯ медонист. Сардори бригадаи бинокорони собиқ колхози ба номи С.Худойқулов Ҷабборалӣ Бекҷонов ҳикоят менамояд:
– Колхози мо бо колхози «50-солагии СССР» ҳамсоя буд. Раиси хоҷагиамон аҷоиб хислате дошт: сухани бисёр мегуфту аз амалаш дарак набуд, чи тавре ки мегӯянд, ваъда бошад, қоб-қоб, кор бошад – аз Андиҷон ёб. Рости гап, мо ҳамон вақт ба кору амал ва гуфтору рафтори раиси хоҷагии ҳамсоя Раҳматулло ҳавас мекардем. Ӯ кам гап мезад, асосан хомӯш буд, вале корро бисёр иҷро мекард. Дар ҳар минтақаи хоҷагӣ, ҳамин ки ӯ пайдо шавад, кори ҷамъият худ аз худ аз меъёр зиёд пеш мерафт. Мо ҳамсояи наздик будем, инро мушоҳида менамудему албатта, орзу мекардем ва мегуфтем: «Кошкӣ, мо ҳам чунин раис медоштем.
Раҳматуллораис масъулиятро бештар ба худ мегирифт ва дар ҳаққи деҳқонон бисёр ғамхорӣ менамуд. Дар хоҷагии мо бошад, деҳқон аз раис фақат фармон ва дӯғу пӯписаро мешуниду натиҷаи меҳнатро барои манфиати ҳаёти шахсии худ заррае ҳам намедид. Боре айёми баҳорон селоб оббанди қитъаи пахтазори хоҷагии моро хароб кард. Айнан чунин осеб ба оббанди хоҷагии ҳамсоя низ расид. Ин ду қитъа киштзор паҳлӯ ба паҳлӯ воқеъ гашта буд. Ба бригадаи бинокории мо супориш доданд, ки оббандро таъмир намоем. Ба назди оббанди вайроншуда санг кашондем, вале дар анбори хоҷагиамон семент набудааст, ки корро оғоз намоем. Дар оббанди киштзори хоҷагии ҳамсоя кори таъмир бо суръат давом менамуд. Мо ба тартиби кори ҳамсояҳо ҳасад мебурдем.
Оқибат ба мо ҳам семент доданд, вале хеле кам, ним рӯз кор кардем, ки семент тамом шуд ва кор таққӣ истода монд. Ман асабӣ гаштам ва пас чӣ шуду чӣ монд, ки ба сарам фикре омад: биё гуфтам, як халта сементи ҳамсояҳоро гирифта, саҳарӣ барвақт корро сар кунем, баъди ба мо овардани семент молашонро бармегардонем. Ман аслан бегоҳӣ сементи онҳоро пурсида гирифтанӣ будам, вале устоҳояшон барвақттар рафта будаанд. Бинобар ин шомгоҳон, ҳангоми говгум буд ва як халта сементи ҳамсояҳоро пуштора карда, ба тарафи оббанди худамон меомадам, ки аз пешам якбора мошини Раҳматулло-раис баромад. Халтаи семент дар сари китфам буду дар ҷоям карахту шах шудам.
– Халтаро ба замин гузор, ки ба миёнат зӯр меояд, – гуфт Раҳматулло-раис. Бо шунидани ин суханон ба худ омадаму халтаро ба замин гузоштам. Раҳматулло-раис ба чеҳраам дуру дароз нигарист, вале чизе нагуфт. Ин нигоҳ ҳақиқатан ҳам як ҷаҳон маъно дошт. Ӯ чун огоҳ гашт, ки ман халтаи сементро ба кори шахсии худ не, балки ба кори умум мебарам, танбеҳам накард. Фақат гуфт, ки «хабар медодӣ, кӯмак мекардем, охир мо ҳамсояем, солҳои дуру дароз дар як хоҷагӣ будем ва аз як дастархон нон хӯрдаем». Рӯзи дигар Раҳматулло-раис ба мо ҳам семент ёфта дод ва ман халтаи онҳоро баргардондам. Хуб шуд, ки пас аз чанд муддат хоҷагиҳои мо муттаҳид гаштанд ва ҳоло таҳти роҳбарии чунин раиси ғамхору кордон меҳнат кардан бароям ҳаловате дорад...
Дар нафъи ҷамъият барои Раҳматулло-раис кори хурду ҷузъӣ вуҷуд надорад. Масалан, фермаи чорводории хоҷагӣ дар даврони нобасомониҳо ба тороҷ рафта буд. Сарвари хоҷагӣ бо мушкилоти зиёд онро аз нав барқарор кард ва дар ин соҳа навгонӣ ҷорӣ намуд: киштзор ба ферма хӯрокворӣ медиҳад ва ферма ба киштзор пору! Бо дастури раис дар байни ин ду нуқтаи кор як навъ иртиботи тарафайн ташкил гардид, ки вобастагию фоидаи дутарафа дорад. Раҳматулло-раис табиатан барои вазифаи роҳбарикунанда офарида шудааст, ҳарчанд ки мутаассифона ба кори роҳбарикунанда хеле дер интихоб гардидааст. Лекин ӯ воқеан ҳам роҳбари даврони ҳозира, яъне айёми иқтисоди бозаргонӣ мебошад. Қарорҳое, ки ӯ барои манфиати кори ҷамъият қабул менамояд, ҳамеша саҳеҳ ва аксаран ҷасурона буда, дар фарҷоми андешаҳои тӯлонӣ ба миён меоянд.
Одамон дар ҳар лаҳзаю соати зарурӣ ба назди ӯ меоянд. Муроҷеин Раҳматулло-раисро дар баромадгоҳ боздошта метавонанд ва ҳангоми дар мошин нишастанаш ҳам хоҳиш менамоянд, ки доир ба ин ё он кори заруру оҷил хатчае навишта бидиҳад. Ҳамчунин бо кор ба хонааш меоянд. Ӯ ҳеч вақт не намегӯяд. Вайро меҳру муҳаббати самимонааш ба одамон ба ин водор месозад, зеро ӯ хуб медонад, ки муаммоҳои деҳқононро ҳар чи зудтар ҳал бикунад, рӯҳияи онҳо ҳамон қадар хубтар мегардаду ба кори умум бо дасту дили гарм муносибат менамоянд. Раҳматулло-раис ба кори худ содиқ буда, қудрате дорад, ки тамоми рӯз ва зарур ояд, то дамидани субҳ аз меҳнат кардан хаста намешавад.
Одамоне, ки дар атрофи ӯянд, ба мисли роҳбарашон дилсӯзони кори халқу ҷамъиятанд. Раис доимо дар фикру хаёли он аст, ки даҳ дирами хоҷагӣ ба як сомонӣ бадал гардаду як сомонӣ ба даҳ сомонӣ афзоиш биёбад. Бо ҳамин мақсад ӯ бригадаҳои алоҳидаи сабзавоткорию боғдорӣ ташкил намуда, дар минтақаҳои кӯҳдоман ва гирду атрофи дарё заминҳои нав кушод. Супориш дод, ки боғпарварон ба боғоти хоҷагӣ, ки қисман нобуд гардида буд, якчанд ҳазор бех ниҳоли меваҳои гуногун шинонанд.
– Иқлими Қубодиён барои сабзавоткорию боғдорӣ ҳам хеле мусоид аст, – изҳори ақида менамояд Раҳматулло-раис, – имконияти пурра фароҳам меоварад, ки дар як сол ду ва се ҳосили сабзавот рӯёнида шавад. Мо аз меваю ангур, харбузаю тарбуз ҳам фоидаи калон гирифта метавонем. Сабзавоти барвақтие, ки дар заминҳои обчакории мо мерасанд, кони ҳама гуна витаминҳои пурманфиат мебошанд. Хоҷагии мо метавонад, ки як қисми ин сабзавотро ба сокинони шаҳрҳо пешниҳод намояду ҳиссаи дигарро консерв созад...
Бо ҳамин мақсад хоҷагӣ дар рӯзҳои наздик соҳиби коргоҳи консерв мегардад. Ин коргоҳи нав ҳам ба шарофати дурандешию кордонии Раҳматулло-раис ба фаъолият шурӯъ карда, имконият фароҳам меоварад, ки дар баробари маҳсулоти хоҷагии ҷамъиятӣ ҳосили дастранҷи хоҷагиҳои шахсиро низ коркард намояд. Дар фарҷом рӯзгори деҳқон боз ҳам ободтар мегардад. Баъзе роҳбарони хоҷагиҳо чунин ақида доранд, ки баъд аз ғундоштани ҳосили пахта ё дигар зироатҳо заминро шудгор карда, онро дам додан даркор асту дар ин вақт деҳқон ҳам бояд фароғат намояд. Раҳматулло-раис дар ин бобат тамоман ақидаи дигар дорад.
– Замин ҷисми зиндаро мемонад, – мегӯяд ӯ, – инро ба ман падарам таълим додаст. Чор фасли сол бояд аз замин дур набошӣ, сирру табиати онро омӯзӣ, дар он сурат дари ганҷи замин кушода мешавад. Ганҷи замин бе ранҷ дастрас намегардад, барои ин меҳнати босуботи оқилона лозим аст... Охирҳои зимистон, ҳангоме ки ғӯзапоя ҷамъоварӣ гашта, замин шудгор карда шавад, раис корҳои ободонии киштзорро шурӯъ менамояд. Деҳқонони солхӯрдаю пуртаҷриба ба ӯ ҳамроҳӣ мекунанду ҳар як қитъаро аз назар гузаронида, дақиқона мулоҳиза менамоянд. Бо маслиҳати ҳамдигар муайян мекунанд, ки дар кадом минтақа ҷӯй кофтан зарур асту дар кадом минтақа баръакс бояд оббанди хурдакаке бисозанд, то обёрии он беҳтар шавад. Ва ё дар куҷо поруро бештар бирезанд...
Оре, ҳақиқатан ҳам замин ҷисми хеле мураккаби зинда аст. Раис мувофиқи панди падар кӯшиш мекунад, ки заминро хубтар бидонад. Ин амали ӯ то оғози кишт идома меёбад. Дар чунин давраи мураккаб, ки нуриҳои минералӣ камёбу дарёфти васоити техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва рӯғаниёту сӯзишвории он душвор аст, вале бо вуҷуди ин хоҷагии «Авасто» ҳар сол нақшаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят ва ҷумҳурӣ ҳам аввалин шуда иҷро менамояд. Магар омили пешравии хоҷагӣ ба ҳамин такопӯҳо, кӯшишу ғайрат, худфарсоию ҷустуҷӯҳо ва бозёфтҳои Раҳматулло-раис вобаста нестанд? Чанде пеш ӯро ба маҳфили хатмкунандагони мактаби таҳсили ҳамагонии деҳа даъват намуданд. Бинои мактаб, ки бо имдоди созмонҳои байналхалқӣ таъмир гардидааст, ба назари вай зебою дилрабо менамуд. Як вақтҳо раис ҳамин мактабро хатм намуда, бар арсаи ҳаёт қадами мустақилона ниҳода буд.
– Зиндагӣ мубориза буда, мубориза низ зиндагӣ аст, – гуфт Раҳматулло-раис дар маҳфили хатмкунандагон, – ҳамон шахс хушбахт аст, ки зиндагӣ ва муборизаи ӯ барои саодату некии одамон равона гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё