Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
УМЕДИ МОДАР
Ду мактуб... ду мактуби бо мурури солҳо фасурдаву зардгашта. Ин мактубҳоро ҳазорон бор аз даст ба даст гирифтаанд, хатҳои зебою хонои онҳо сутурда шудаанд. Ду мактуб... Ду нишонаи фарзандони шуҷоатманди тоҷик, малҳами захмҳои хунфишони дили азияткашидаи модар. Оишабибӣ ин мактубҳоро дар кафи пурожангаш ниҳода, ба сӯи ман дароз мекунад. Шояд ин маротибаи садумин бошад, ки ҳамин тавр мактубҳоро ба ман мехононаду худ гӯшу ҳуш мешавад. Оиша-бибӣ ҳар як сатр, ҳар як ҷумла, ҳатто ҳар як калимаи он ду мактубро медонад. Агар вақти хондан дар ягон ҷо дармонам, дарҳол он калима ё ҷумларо аз ёд хонда, ба ман кӯмак мерасонад.
...Дар давраи таътил, ҳар гоҳ ки ба деҳа оям, албатта, рӯзи дуюм даричаи ҳавлии Оиша-бибиро мекушоям. Чун ҳарвақта кампир зери воиш болои суфа нишастааст: ӯ бо дастони чандири худ урчуқ мересад, дугдонаш дар рӯи гилеми кӯҳна пур аз риштаю латтапораҳои гуногунранг. Аз ҳикояти кампир фаҳмидаам, ки писаронаш Ҳабибуллою Юсуф ҳамин токро шинонда, сонӣ воиш сохтаанд. Суфа ҳам нақшҳои дастони қӯшакабӯтарони модарро дошт. «Аз якдигар ҷудо намешуданд, кафтарҳо ворӣ якҷо мегаштанд, ҳар як корро бо маслиҳат мекарданд» ситоиш менамуд Оиша-бибӣ. Ин дафъа ҳам ба суфаи кампир наздик шуда будам, ки ӯ маро бидиду пазироӣ намуд.
– Биё, бачем, сиҳат ҳастӣ, тану ҷонат соғ? Мана, бубин халтачаҳоро қариб дӯхта тамом кардам. Насиб бошад, имсол хӯшаҳои ангур калон-калон мешаванд, халтачаҳоро ҳам муносиби ҳамин дӯхтан дорам. Сонӣ Оиша-бибӣ бе ҳарфу сухане аз рӯи одат мактубҳоро ба ман дароз кард. Ман яке аз мактубҳоро ба хондан шурӯъ намудам. «Модари меҳрубон! Маро бубахш, дигар роҳ надоштам. Ҳар як рафиқи ҳамяроқи ман ҳам чунин рафтор мекард.
Ман ҳозир ба иҷрои амри Ватан меравам ва... шояд дигар барнагардам. Ба қафо барнагаштани ман боиси пеш рафтани аскарони мо мешавад. Ин роҳро ихтиёрӣ қабул кардам ва аз он фахр менамоям, ки чунин вазифаи муҳимро бо боварӣ ба ман супурданд. Модарҷон! Ман орзу доштам, ки пас аз хатми мактаб бинокор шавам, барои одамон хонаю қасрҳои дилнишин, шаҳрҳои нозанин бино кунам. Аммо бар сари башарият вабо пайдо шуд, вайронкунандагони бинои умри одамӣ фашистони лаъин омаданд. Ва ба мисли ҳазорҳо фарзандони халқ ман ба даст аслиҳа гирифта, ба мудофиаи ҳаёти осоиштаи оламиён хестам.
Ман аминам, ки заққуми фашизм абадан решакан мешавад ва наслҳои оянда ба мо – боғбонон таҳсин хоҳанд гуфт.
Модарҷони азизам! Маро тарбият кардӣ, ба мактаб додию хонондӣ, вале ба ивази ҳамаи ин хизмататро адо карда натавонистам. Ба ту аз маоши худ ягон курта, қарс ё кафш тӯҳфа накардаам. Бинобар ин супориши охирини худро ба номи ту, барои ту 25 ҳамчун қарзи фарзандӣ иҷро мекунам. Ҳарчанд ки ин дар пеши хизматҳои ту ҳеч аст! Ман ҳалок мешавам. Вале ин марг ба ман умри ҷовидон мебахшад. Бале, ман зиндаам! Дар шаъшаапошии офтоб, ки ба олами мавҷудот гармӣ медиҳад, дар рухи гулҳои шукуфон, ки ба истиқболи рӯшноӣ чашм мекушоянд, акси маро мебинӣ. Хайр, модари арҷманд! Алвидоъ, диёри дилбанд! Фарзанди ту – ЮСУФ, 20.01.42».
Ман сар аз мактуб бардошта, ба сӯи Оиша-бибӣ назар дӯхтам. Ӯ ҳайкал барин карахт шуда буд. Аз чашмони камнураш, ки наваду чор сол боз оламу одамро медиданд, ду-се қатра сиришки симобгун чакида, чеҳраи пурчини ӯро мешуст.
– Хон, писарам, хон, – гуфт кампир базӯр. Гиря гулӯгираш карда буд. Ӯ барои нишондани гиреҳи гиря оби даҳонашро фурӯ бурда буд, ки рагҳои гардани камгӯшташ баланд хестанд. Ман ҳарфе назада, мактуби дуюмро хондам. Дар он сатрҳои поён сабт ёфта буданд: «Мӯҳтарам Оиша Ҳомидова! Мактуби маро гирифта, ҳайрон нашавед. Мо ҳама ёру бародарони писари шумо Ҳабибулло ҳастем.
Ротаи мо аз русҳо ва украинҳо, тоторҳо ва тоҷикон, гурҷиён ва қазоқон иборат аст. Ҳамаи мо аз рӯзҳои аввали ҷанг бо Ҳабибулло унс гирифта, тамоми душвориҳоро якҷоя ба сар бурда истодаем. Мо аҳд бастем, ки баъди ҷанг ба Тоҷикистони офтобрӯя рафта, шаҳру деҳоти зебоманзари онро тамошо кунем, аз кӯҳҳои сабзпӯшаш гул бичинем, аз чашмасори пурхурӯшаш об бинӯшем...
Ҳабибулло ҷасорати бисёр нишон дод. Корнамоиҳои ӯро агар тасвир намоем, як китоби калон мешавад. Мана, як қаҳрамонии ӯ дар роҳи озодии Ватан. Дар беруни шаҳр, дар ақиби як теппа фашистон миқдори зиёди сӯзишвориро захира карда буданд. Командир ба Ҳабибулло супориш дод, ки ҳамроҳи ду кас рафта, сӯзишвории душманро тарконад.
Гитлерчиён атрофи чалакҳои пур аз сӯзишвориро бо симхори панҷқабата иҳота карда, сагҳою аскарони бисёре ба дидбонӣ гузошта буданд. Ба он ҷо на рӯз рафтан мумкин буд, на шаб. Вале Ҳабибулло ҳамроҳи дӯстонаш ин муамморо ҳал кард. Шуҷоатмандон бо ҷӯйчаи хушкидае ба чалакҳо наздик мешаванд ва моддаҳои таркандаро дар зери онҳо мегузоранд. Вақти бозгашти онҳо фашистон хабардор шудаанд. Тирандозии сахт ба амал меояд, аммо талвосаи душман натиҷае намебахшад. Таркиш гитлерчиёнро ба коми оташ фурӯ мебарад. Вақти тирандозӣ як нафар рафиқи Ҳабибулло шаҳид гашт, худи ӯ захмдор шуд. Писаратонро ба шифохона равон кардем. Мо бовар дорем, ки вай боз ба саф бармегардад, зеро ӯ шикастнопазир ва қавирӯҳ аст. Имрӯз мо ба ҳуҷум мегузарем. Далерии писари шумо ба мо ҳам ҷасорат мебахшад. Бинобар ин ба шумо барои тарбияи чунин фарзанди ватанхоҳ ва асоратнописанд ташаккур мегӯем. Аз номи ҷанговарони қисм Алӣ Ҷаъфар ӯғлӣ Мамедов. 14.12.43».
Ман мактубҳои сегӯшаро ба таври аввалаашон қат карда, дар дугдон болои риштаю латтапораҳои рангоранг ниҳодаму аз ҷои худ бархостам. Нағз медонам, ки Оиша-бибӣ аз ин латтапораҳо якчанд адад халтача дӯхта, хӯшаҳои пуршарбати каҳраборанги ангурро аз ҳамлаи парандаю занбӯрҳо нигоҳ медорад. Бо умеде нигаҳ медорад, ки писаронаш меоянду ҳосили меваи ангури шинондаашонро худашон ҳам мечашанд. Вақте ки барои берун рафтан даричаи ҳавлиро мекушодам, аз ақиб овози кампирро шунидам:
– Ин тирамоҳ ҳам, албатта, биё. Аз ангури акаҳоят мечашӣ, барои бастани халтачаҳо ёрӣ медиҳӣ. Ризқи қӯшакафтарҳоям канда нашавад, мегӯям. Модар ба дидори фарзандон умедвор аст. Умедворӣ умри ӯро дароз кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё