Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ҶАВПАЗАК
Мактуби сегӯшаи падарам дар яке аз рӯзҳои ҷавзо расид. Онро дар рӯи суфаи ҳавлӣ, зери дарахти зардолу бо муаллими деҳаамон хондем. «Ҷанг бо ғалабаи мо тамом шуд, – навишта буд падарам, – ба қарибӣ бармегардам. Ба писарам сумкаи мактабӣ мебарам, сумкаи чармӣ...» Аз ягон номаи падар ин қадар хурсанд нашуда будам. Ин тамоман дигар буд, сумкаи мактабӣ ва боз чармиаш ақлу ҳушамро батамом рабуд. Чигунагии рангу намуд, қуфлаку банд, ҳаҷму андозаи онро тасаввур карда, рӯзу шаб мешумурдам. Бо сӯмкаи нави чармӣ бори аввал ба мактаб хоҳам рафт. Албатта, гапи маълум,дигар талабаҳо чунин сӯмка надоранд. Онҳо сӯмкаи маро даст расонда, тамошо хоҳанд кард, ман онро бо остинам пок намуда мегӯям, ки падарам аз аскарӣ, аз Москва овардаанд. Чунин буданд фикру андешаҳои ман баъди гирифтани ин хати сегӯшаи падар. Рӯзе модарам болои суфа бӯрё партофта, рӯи он нишаст ва куртаи пурдарбеҳи маро аз барам кашида остини даридаашро дӯхтан гирифт. Пас аз он ки дар курта дарбеҳи нав илова шуд «фардо мешӯям»-гӯён онро як афшонда ба ман пӯшонду гуфт:
– Писарам, акнун калон шудаӣ, дастёри хонаӣ, боақл шав, – модарам ба зардолуи болои суфа назар карда, ба хаёл фурӯ рафт. Ман аз дил мегузаронидам, ки рӯзҳои охир ягон баттолие накардаам, барои чӣ модарам ҳоло танбеҳ доданист.
– Ҷавпазаки падарат зард шудааст, як сатил чида, ба бозор бубар, пули қаламу дафтарат мебарояд. Охир, пагоҳ-бегоҳ падарат сӯмкаро биёранд, ба мактаб сӯмкаи холиро намебарӣ-ку? Инро шунидан замон ба шохи зардолуи ҷавпазак часпида баромадам. Ин дарахти ҷавпазакро аз рӯи ҳикояти модар падарам соли аввали муаллимиаш шинонда будааст. Шаддаҳои марҷоносои ҷавпазакро мечидаму худ ба худ андеша мекардам, ки чаро ин фикр пештар ба сарам наомадааст. Хуб шуд, ки модарам инро гуфтанд, вагарна сумкаи холиро чӣ навъ ба мактаб мебурдам, бе қаламу дафтар сумка чӣ даркор? Донаҳои тарафи офтобраси зардолу чун нигини ягона ангуштарини модарам, ки аз бибиам ёдгор монда будааст, мисли ёқути сурх метофтанд. Ин зардолуи мо аз дигар зардолуҳо барвақттар мепухт, баробари сар кашидани ҷав, бинобар ин номаш ҳам ҷавпазак буд.
Саҳаргоҳони рӯзи дигар сатилро аз ҷавпазак пур карда, ҳамроҳи хаткашони колхозамон роҳи бозорро пеш гирифтам, ӯ барои сабук кардани бори ман сатили зардолуро дар паллаи хӯрҷинаш андохт. Баробари маркабаш қадам мепартофтаму раҳораҳ нақша мекашидам, ки агар тамоми зардолуро фурӯшам, пули қаламу дафтар ва китобу рангро ҷудо карда, дар локиам мебандам ва ба пули боқимонда барои худаму модарам нону нахӯдшӯрак мегирам. (Аз рӯи шунидам дар бозор нони гандум мефурӯшанд ва нахӯдшӯрак ҳам ёфт мешавад. Мо фақат нони зағора мехӯрдем). Вале ба бозор даромада ҳангам канд. Ягон ҳашт-даҳ нафар мӯйсафед ва се-чор нафар зани саргиракдошта дар сабадҳои калон ҷавпазак мефурӯхтанд. Зардолуҳои онҳо ба назарам калонкалон менамуданду бештар сурхчатоб буданд, гӯё офтоб боғоти онҳоро аз чор тараф саховатмандона нуру ҳарорат бахшида бошад. Он гумонҳои ман, ки дигарон ҷавпазак надоранд ва агар дошта бошанд ҳам, мисли ҷавпазаки мо ширину сурх ва хӯрданбоб нестанд, дар як лаҳза барбод рафтанд... Ҳавои бозор серчанг буд, шӯру ғиреви мардум ба фазо мепечид, ҳама дар тапу талош буданд.
– Ҷавпазак, навгонӣ, ба пулат асал мехӯрӣ, -зардолуашро ситоиш мекард мӯйсафеде.
– Қандак хӯр, қандак хӯр, – дигаре аз ӯ гузаштанӣ буд. Ба ҳар ҳол ман ҳам дар растаи зардолуфурӯшон ҷой гирифтам. Бар замми он ки сифати ҷавпазакам хуб набуд, ман бо сатили хурд дар паҳлӯи ҷуссаҳои калони дигар зардолуфурӯшон ва сабадҳои пурборашон аз назарҳо нопадид шудам. Ба сӯи ман касе майл намекард ва ягон харидор ҷавпазаки маро «чанд пул?» -гӯён намепурсид. Аз дур бӯи нони гарм, бӯи нони гандум ба машом мерасиду дилам аз шиддати гуруснагӣ гум мезад. Бачае, ки аз растаи мевафурӯшӣ чанд қадам пештар буд, харидоронро ба тарафи моли худ даъват менамуд: «нахӯдшӯрак», «нахӯдшӯрак». Акнун ман дар бораи нони гарму нахӯдшӯрак фикр ҳам намекардам. «Наход ки барои китобу дафтар ҳам пул пайдо карда натавонам» аз дил мегузарондам. Ман ҳамин тавр бо сари хам менишастаму ба касе ва чизе назар намефикандам. Аз чунин вазъияти ногувор ду-се соат гузашта буд, ки ногаҳ ба димоғам бӯи карасин расид. Сарамро беихтиёр боло карда, дар пеши сатили ҷавпазаки худ Шоим-карасинфурӯшро дидам.
Бале, ҳамон Шоим-карасинфурӯшро, ки ба аробааш чор дона чалак бор карда, ба деҳаи мо меомад, худаш ба ароба савор намешуд, аз лаҷоми дарози аспаш дошта, баробари он қадам мезад. Ба одамони деҳаи мо карасин мефурӯхту сонӣ ба қишлоқи ҳамсоя мерафт. Ҳам аз аробаи Шоим-карасинфурӯш, ҳам аз сару тани ӯ, ҳатто аз аспаш бӯи карасин меомад. Бинобар ин ҳоло аз худаш пештар ин бӯй ба димоғам расида, якбора маро ба худ овард. Баъзеҳо мегуфтанд, ки Шоим-карасинфурӯш хеле одами пулдор аст. «Ҳа, вай, албатта, пулдор, чаро пулдор набошад, охир, ҳар рӯз карасин мефурӯшад», андеша доштам. Мана, ҳоло бо дастони карасинолудаш ҷавпазаки маро санҷидан дорад. Ҳатман мехарад, шояд ҳамаи сатилро бихарад, охир пули ним сатил карасин-дия, чӣ шудааст? Бо зану бачаҳояш мехӯрад, хонааш дар маркази ноҳия зардолуи ҷавпазакаш набудагист, ё умуман дар ҳавлиаш шояд ягон дарахти мевадор набошад.
– Бача, ин ғӯра-ку? Чаро хом кандӣ?-инро ба рӯи ман шартӣ гуфта ба тарафи зардолуфурӯши солхӯрда майл намуд Шоим. «Ғӯра!», «Хом!» ин суханон дар буни гӯшам садо медоданд. Шоим-карасинфурӯш ҳаминро таъкид накарда мерафт, беҳтар буд, бо ин суханонаш гӯё маро ду тарсакӣ зад. Вале дар ҳамин вақт аз қафои Шоим-карасинфурӯш овози гулдурросие расид.
– Пӯшт, мардум, хабардор! – Ин овоз аз чӣ бошад, ки ба ман як шарораи умеде илқо намуд. Дар рӯ ба рӯи ман аскари баландқомати шофбуруте рост меистод, ки нишону медалҳои сари синааш ба ҳамдигар бархӯрда ҷиринг-ҷиринг садо мебароварданд.
– Ҷавпазак чанд шуд? – як дона зардолуро аз сатил гирифта ба даҳонаш партофт ӯ. Ман нархашро гуфтам.
– Баҳ-баҳ бӯи замин мекунад, чор соли ҷанг дар нияти чашиданаш будам. Панҷ банка те, – гуфт аскар донаки ҷавпазакро аз даҳонаш бароварда ва борхалтаашро аз сари китфаш гирифта. Ман банкаро пури зардолу карда, ба борхалтаи ӯ рехтан гирифтам. Баъд аз банкаи панҷум дар сатил як каф барин ҷавпазак монд. Ман мехостам, ки онро ҳам ба борхалта бирезам. Лекин аскар аллакай даҳони борхалтаашро баста гуфт.
– Бас аст, ба инаш пул надорам.
– Амакҷон, ман инашро бепул медиҳам, гиред, – гуфтам ба ӯ ва сатилро бардошта хостам, ки ҳамаашро лабрез кунам.
– Ба бепулаш одат накардаам, ба ягон насибахӯри дигар медиҳӣ, – аз киссааш якчанд коғази шақарросӣ бароварда, ба ман дароз карду пурсид: – Падарат дар куҷо?
– Дар ҷанг, – пулро ба локиам печонда ҷавоб додам ман. – Ба қарибӣ меоянд, мактуб навиштанд. Ба аскар боз гуфтан мехостам, ки падарам ба ман сӯмкаи мактабӣ меоранд, сӯмкаи чармӣ. Аммо ӯ саросема сарамро сила карда:
– Офарин, ҷиян, дилат соф будааст, пула нашумурда гирифтӣ,
– гуфту бардам-бардам қадам монда рафт. Сонӣ ман ба тарафи нахӯдшӯрак давидам. Аммо вай косаю табақашро ҷамъ мекард. Дарвозаи нонвойхона ҳам баста буд. Бо вуҷуди набудани нахӯдшӯрак ва нони гандум ман чандон ғамгин нашудам. Акнун бовар доштам, ки сӯмкаи чарминам холӣ намемонад, бо қаламу китобу дафтар пур мешавад. Барои эътимоднок шудани орзуям пули дар локӣ печондаамро бо дастам ду-се дафъа зер кардам. Пул дар ҷояш буд. Дар назди нонвойхона аробакаши деҳаамон Қодир – боборо дидам, ки бо кӯмаки шахсе халтаи вазнинеро ба ароба бор мекард. Қодир-бобо лангон-лангон роҳ мерафт, барои ҳамин як умр ӯ аробакаш буд. Вақтҳои охир, шабонгоҳон ба даст милтиқ гирифта, анбори хоҷагиро ҳам дидбонӣ мекард.
– Бобо, ба хона намеравед? – хушҳолона пурсидам.
– Аспа қатӣ кунам, меравем, – ҷавоб дод Қодир-бобо ва илова намуд. – Ту ба ароба баромада шин. Ман дар соғуи ароба, паҳлӯи халтаи орд нишастам. Ҳамин вақт ваҷоҳати ду шахс, ки ба тарафи халтаи болои ароба чоплусона ишораҳо мекарданд, диққати маро ҷалб намуд. «Дар бозор дуздон ҳастанд, эҳтиёт бош!» – гуфтани модарам ба хотир расиду беихтиёр боз пулро даст-даст кардам. Аробакаш бо кори худ андармон шуда, ба ин ду одам аҳамият намедод. Сонӣ Қодир-бобо ба ароба наздик шуда буд, ки яке аз он ду нафар ба вай муроҷиат кард:
– Ҳамшаҳрӣ, орда намефурӯшӣ? Баъди наздик шуданаш дидам, ки чашми вай олус будааст.
– Не, наметавонам, бародар, – бо нармӣ ҷавоб дод Қодир-бобо,
– моли халқ аст, ба хоҷагӣ мебарам.
– Чаро наметавонӣ? – бо тундӣ гуфт шарики олус, ки кундаи чинор барин ғафс буда, дар болои биниаш холи гӯштин дошт. – Мана, пул, – бағалашро кушод ӯ, – ҳар қадар хоҳӣ медиҳам, барои фатират як мушт орд ҳам мемонем. Пула гирифта маишат мекунӣ.
– Ҳа, маишат, – илова намуд олус, – колхоз туро поида нагаштааст-ку?
– Ба дигар ҷо раветон, ман ба ризқи беваю бечораҳо зомин намешавам, – ин гуфтугӯи беҳударо хотима дод Қодир-бобо ва ба ароба баромада, қамчинро ба болои сари асп бардошт. Он ду нафар худро ба канор гирифтанду чархҳо ғиҷироскунон садо бароварданд. Роҳи деҳа аз давродаври кӯҳнақалъа, аз роҳи дукӯтала мегузашт. Дар пушти кӯтали дуюм дашти фарохе доман паҳн карда буд, ки як тарафи он ба киштзори деҳаи мо рафта мерасид. Қодир-бобо носкадуро ба сари зону зада, зери забон як каф нос партофта хомӯш менишаст. Фақат гоҳ-гоҳе лаҷомро мекашид. Аспи лоғарбадани бобо аробаро базӯр болои кӯтали аввал ка31 шида баромад. Бадани асп ларзида, аз миёни қабурғаҳои ҷаста баромадааш арақ шашқатор мешуд. Қодир-бобо ҳам мисли аспаш ниҳоят лоғарандом буд, пӯсташ ба устухонаш часпида, дар бадани чандири ӯ рангҳои хунгардаш кабудчатоб менамуданд. Гимнастёркаи аскарие, ки бобо пӯшида буд, ягонта ҳам тугма надошта, аз арақи баданаш шӯр зада, мисли чарми ширешмолидаи дафак шахшӯл шуда буд. Қодир-бобо аробаро боздошта, носро туф кард ва гуфт:
– Агар ба ин ҷонвар коҳ надиҳем, аз кӯтали дуюм нагузашта по дароз мекунад. Аробакаш аз соғу тубраро гирифта, каме коҳ андохту ба гардани асп овезон кард. Ман аз ароба фуромада, рӯи сабза ғел задам. Осмон соф буд, ҷӯрҳои чобукбол дар фазо чуғур-чуғуркунон парвоз доштанд. Қодир-бобо ба соғуи ароба такя карда дам мегирифт. Ҳамин вақт асп аз чизе хӯсида, «тап-тап»-кунон пои худро ба замин зад. Ману бобо ба тарафи муқобил, ҷониби кӯтали дуюм нигариста, ҳамон ду нафарро дидем, ки аз паҳлӯи дигари кӯҳнақалъа роҳро миёнабур карда, дар сари роҳи мо шинак гирифта будаанд. Ҳоло истодани аробаро дида ба тарафи мо меомаданд. Ман бо ҳамон тарафи локӣ, ки пулро печонда будам, ба замин дароз кашидам. Як лаҳза ҳавоси Қодир-бобо парешон шуда бо дасташ дар соғуи ароба чизеро ҷустуҷӯ карда ёфту пас дар чеҳраи пурожангаш ҳисси дилпурӣ таҷассум гашт. Ӯ аз ғазаб оби даҳонашро фурӯ бурда буд, ки ман дар гардани борикаш ду бор боло-поён рафтани хекиртакашро мушоҳида кардам. Дар ин дам он ду нафар ба мо наздик шуданд.
– Хӯш, орда мефурӯшӣ ё не? – бо заҳрханда ба бобо нигарист холдор ва интизори ҷавоб нашуда, ба шарики олусаш ишора намуд. Олус халтаро чобук ба пушташ бардошт.
– Ба ҳаққи беваю бечораҳо даст назан, ҳаромхӯр! – бобо пеши роҳи олусро гирифт. Ба хаёлам, тамоми банду пайванди ӯ ба як мушт рагу пай монанд шуда буд. Ман ҳам сангеро ба даст гирифта, ба паҳлӯи вай ҳозир шудам. Холдор, ки аз қафои олус меомад, пеш гузашта ба бари синаи Қодир-бобо муште бизад. Бобо пуштнокӣ ба замин хӯрд. Сонӣ маро ҳам аз локиам дошта, ба болои Қодир-бобо ҳаво дод. Локӣ кушода шуда, пули ман, пуле, ки барои харидани китоб ва дафтару қалам бар ивази ҷавпазаки падар пайдо карда будам, бар замин афтод.
– Ғинг нагуфта, дар ҷоят шиштан гир, пирсаг, – гуфт холдор ба бобо муроҷиат карда ва пули ғиҷимшударо ба киссаи кӯлбораш тиққонда, – агар боз ҷунбӣ, ба бехи гарданат чунон мезанам, ки сарат хомак барин парида меравад. Ҳа, ин ҷо ҳеч кас ба додат намерасад. Ман хостам, ки ба тарафи холдор санг андозам, вале Қодирбобо дастамро дошта, ба сӯям маънидорона нигарист. Дуздон тақрибан понздаҳ қадам боло рафта буданд, ки Қодирбобо аз ҷояш хеста, лангида ба назди ароба омаду аз даруни пахоли соғу милтиқашро баровард ва аз болои сари дуздон ба осмон тир андохт. Дар ин хомӯшии дашти холӣ тир ниҳоят баланд садо баровард. Олус халтаи ордро сар доду худашро ҳам ба замин партофта, дар паси халта пинҳон шуд. Холдор бошад, ду дасташро боло карда, дир-дир меларзид, чашм аз милтиқи дасти бобо намеканд.
– Э-э-э, – бобоҷон, ба шумо чӣ шуд, охир, мо шӯхӣ кардем, – тавалло менамуд ӯ. – Ордатон аз худатон. Пулатонро ҳам гиред.
– Ман ҳам шӯхӣ кардам, вагарна мағзи сарат тухми палағда барин пош хӯрда, ин сабзаро ҳаром мекард, – Қодир-бобо бо дасти қаиши худ дастгоҳи милтиқро чолокона ба ҳаракат дароварду ба тирдон тири дигар ҷой карда фарёд кашид: – Дафъ шавед! Оқи падарҳо! Ман ҳеч гумон надоштам, ки Қодир-бобои наҳифпайкар аз гулӯи худ чунин овози гулдурросӣ мебарорад. Дуздон ба лаҳзае пушти кӯтал хазида, аз назари мо гум шуданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё