Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун, ман дар бораи он ки то чӣ андоза муҳим будани фавран аксуламал нишон додан дар вазъияти хатарнок, он гунае, ки ман ҳангоми “юриши–ҷаҳиши бузург” амал намудам, ҳикоят мекунам.

Сабаби анҷом додани “юриши – ҷаҳиши бузург” куштори хоинонаи княз Нобунага аз ҷониби Митсухидэ буд. Ин бадкирдорӣ аввалин хатои вай буд, ки анҷом дод.

Иштибоҳи дуюмаш ин интихоби нодурусти қосид барои бурда расонидани паём ба иттифоқчиён мебошад. Баъди ба ҳалоқат расонидани сарвари мо, Митсухидэ хаткашонро бо паём дар бораи марги Нобунага ба душманони мо аз қабилаи Морӣ фиристод. Аммо дар торикӣ қосиди кундзеҳн қароргоҳи моро бо қароргоҳи қабилаи Морӣ аралаш кард ва ба даст афтод.

Мактуби дастгиршуда дар бораи марги ҷанобам, маро моту мабҳут кард. Чун фаҳмидам, ки ин корро Митсухидэ муқобили хости Осмон ва Замин анҷом додааст, ба даҳшат омада, он чунон гиря кардам, ки гӯё падарамро аз даст дода бошам. Ин лаҳза қалби ман гӯё ба санг табдил ёфта буд. Ман қасам ёд кардам, ки барои марги княз Нобунага аз душман қасос гирифта, кори бузурги оғознамудаи ӯро анҷом медиҳам.

Вале чӣ тавр? Ман ҳамин ҳоло бо муваффақият қалъаи Такаматсуро зери об кардам ва ба ҳуҷуми ниҳоии аркаи қабилаи Морӣ омода ҳастам. Ин ғалаба бояд дар кори муттаҳид сохтани Ҷопон зери ҳокимияти марказӣ нақши муҳим бозад. Вале маро зарур буд, ки барои гирифтани қасоси ҷаноби худ фавран ба ҷониби Киото ҳаракат намоям. Чӣ гуна дар як вақт ду вазифаро иҷро кунам?

Қарибиҳои субҳ бароям чӣ гуна амал кардан, маълум гашт. Агар ба одамони Морӣ маълум шавад, ки княз Нобунага кушта шудааст, онҳо рӯҳбаланд гардида, пешниҳоди собиқаи бе ҷанг таслим шуданро рад мекунанд. Бинобар ин, ман қарор додам ин хабарро эълон накунам ва таъҷилан матни шартнома оид ба сулҳи муваққатӣ тартиб додам, ки онҳо субҳи ҳамон рӯз имзо карданд. Баъд аз ин, мо қароргоҳро ҷамъ карда, сарфи назар аз шамоли сард ва боридани борон бо суръати баланд ба ҷониби Химэдзӣ ҳаракат намуда, дар як шабонарӯз яксаду даҳ километрро тай кардем. Маҳз ҳамин гуна “юриши ҷаҳиши бузург”, ки барои гирифтани қасос аз қотили княз Нобунага равона шуда буд, оғоз ёфт.

Дар мавриди дигар вассалҳои Ода бошад, паём дар бораи марги сарвари мо онҳоро ниҳоят маъюс кард ва ба ягон амалҳои ҷиддӣ даст назаданд. Ба ҳодисаҳои ақиб назар карда, метавон гуфт, ки суръатнокӣ ва қатъият, ки ман баъди шунидани хабари марги княз Нобунага нишон додам, омилҳои ҳалкунандае буданд, ки дар кори ба қуллаи сарварӣ расидани ман кумак карданд.

Қушунҳои ман ба шаҳри Химэдзӣ, ки дар қисмати ғарбии Киото қарор дорад, аз юриши тӯлонии беист, ки зиёда аз биступанҷ соат идома ёфт, ниҳоят хастаю афгор омада расиданд. Ман анборҳои қалъаро холӣ карда, то охирин тангаро ба одамони худ тақсим намудам ва онҳо якбора ними маоши солонаи худро гирифтанд. Ин амали хуб онҳоро рӯҳбаланд кард ва баъди истироҳати кутоҳ, мо ба ҷониби Киото раҳсипор гаштем.

Дар ин миён хиёнаткор Митсухидэ қалъаи Адзутӣ, қароргоҳи пешина ва ганҷинаи княз Нобунагаро ишғол намуд. Вале баъд аз ин, ӯ ба иштибоҳи марговар роҳ дод.

Митсухидэ беҷуръатӣ нишон дод, ки ин барои ҳама гуна душман хатари ҳалокатро дорад!

Митсухидэ ба кумаки чунин қабилаҳо, аз қабили Хосокава, ки бо оилаи вай риштаи ақди никоҳӣ дошт, умеди калон дошт. Аммо сарварони Хосокава кӯшишҳои княз Нобунагаро дар самти муттаҳид сохтани Ҷопон таҳти ҳокимияти як шамшер дастгирӣ мекарданд ва аз иштирок дар суиқасди хунин даст кашиданд.

Баъд аз он ки кумак наомад, Митсухидэ аз шубҳаи зиёд минбаъд надонист чӣ кор кунад ва ҳар як дақиқаи беҷуръатӣ ӯро ба ҳалокат наздик мекард. То вақте ки вай дудила буд, ба артиши ман боз якчанд генералҳои Ода, ҳамчунин писари сеюми княз Нобунага, Нобутака ҳамроҳ шуданд. Теъдоди умумии қувваҳои мо ба чил ҳазор нафар баробар шуд, ки ин бартарияти чандкаратаи артиши моро бар қушунҳои душман таъмин намуд.

Ниҳоят Митсухидэ қарор дод, ки ӯ танҳо як роҳ дорад:

тамоми қувваҳои худро дар назди Ямадзакӣ, шаҳраки хурд дар канори вилояти Киото ҷамъ намояд. Қушунҳои худро баъди дарё, дар зери борони сел саф ороста, ҳуҷуми моро интизор шуд. Кӯшиши вай дар мавриди ҷойгир намудани як қисми одамони худ дар ҷангали ҳамсоя барор нагирифт, зеро яке аз иттиҳодчиёни мо тавонист ин мавқеи судмандро пештар ишғол намояд. Вақте генералҳои ман муқовимати қаноти асосии артиши Митсухидэро шикаст доданд, ман фармон додам, ки бо тамоми қувваҳои мавҷуда ҳамла намоянд ва ошубгаронро торумор кунанд. Худи хоинро анҷоми шармандавор интизор буд: вай аз майдони муҳориба фирор кард, вале дар лой дармонд, дастгир гардид ва аз ҷониби ғоратгарон кушта шуд.

Ман оҷилан ба ҳамаи ҳокимони ҳарбӣ дар бораи он ки бароям муяссар гардид аз қотили княз Нобунагӣ интиқом бигирам, хабарнома фиристодам. Он вақт зарур буд, ин хабар ҳарчӣ зудтар паҳн карда шавад ва аҳолӣ бовар дошта бошад, ки қабилаи Ода ба мисли собиқ нируманд боқӣ мондааст. Афкори ҷамъиятӣ метавонад аз ҳама артишҳои пуриқтидор тавонотар бошад, барои ҳамин, ман ҳамеша ба обрӯю эътибори ташкилотамон аҳамияти аввалиндараҷа медодам.

Агар дар он рӯзҳои душвору хатарнок ман беҷуръатӣ нишон медодам ва вақтро аз даст медодам, ҳарифонам ғалаба мекарданд. Вале, чун ман зуд амал намудам, бартарӣ ба ҷониби мо майл кард. Дар дилхоҳ соҳаҳои ҳаёт – тиҷоратӣ, маъмурӣ ё низомӣ – он сарвароне бурд мекунанд, ки “асрори бартарӣ”: аввалин шуда аз паси кор шавед, то ки онро аввалин шуда анҷом диҳедро, медонанд.

Амалҳои худро бо далелҳои эътимоднок нишон диҳед Одамон дар бораи истеъдоди фавқулоддаи ба фоидаи худам равона кардани ҳама гуна гардиши фалакро ҳикоят мекунанд. Вале, тавре бузургтарин стратеги Чин Сун–тсзӣ гуфтааст, “ҳар як муҳориба ҳанӯз то лаҳзаи оғоз ёфтанаш, ғолибаш маълум аст. Он касе, ки наметавонад нақша тартиб диҳад, қабл аз ворид шудан ба майдони ҷанг, шикаст мехӯрад.

Нақши муҳимтаринро дар ин ҷо омилҳои сиёсӣ мебозанд. Шумо бояд ҷонибдоронро ҷалб, теъдоди душманонро кам намоед ва ҳама нозукиҳои вазъиятро ба фоидаи худ мубаддал гардонед. Ва қабл аз он ки “бузургтарин юриши–ҷаҳиши – бузург”-ро анҷом диҳам, ман аз пайи ташкили иттиҳоде шудам, ки дар ниҳояти кор бартарии қувваи маро таъмин намуд.

Калиди дигари комёбӣ – ин асоснокии эътимоднокии мақсади худ мебошад. Барои мо ниҳоят муҳим буд, ки писари княз Нобунага, Нобутака, қабл аз он ки мо ба қувваҳои Митсухидэ ҳамла мекунем, ба неруҳои мо ҳамроҳ шавад. Дар ин лаҳза ба мо рамз зарур буд, ки дигаронро ба тарафи худ ҷалб намоем ва Нобутака барои ин нақш ниҳоят мувофиқ буд. Таҳти ливои ман ба майдони набард ворид шудани вай, ҷанги оддиро ба интиқоми ҷавонмардонаи писар барои қатли падари ӯ, мубаддал гардонид.

Агар шумо мехоҳед иттифоқчиёнро барои пешбурди ҷанг ё ҳамкорӣ дар бозор ҷалб намоед, “асрори ростӣ”:

амалҳои худро бо далелҳои эътимоднок нишон диҳед.

Ноомади корро ба комёбӣ мубаддал созед Мо наметавонем, қартаҳоеро, ки қисмат ба мо пешниҳод мекунад, интихоб намоем. Вале мо метавонем ба чунин як қароре биоем, ки чӣ гуна бо ин қартаҳо бозӣ кунем ва дар он ғолибият ба даст орем. Сарварро зарур меояд, ки мисли капитани киштӣ амал намояд. Шумо наметавонед туфони уқёнусро идора намоед. Вале шумо метавонед аз рӯйи харита роҳи киштиро муайян кунед ва он имкон медиҳад, ки натанҳо аз хатар наҷот ёбед, балки ба мақсади деринаи худ ноил гардед.

Хоин Митсухидэ мурда буд. Интиқоми ҷаноби мо, ки разилона кушта шуда буд, ситонида шуд. Вале қабилаи Ода бе капитане, ки қодир бошад онро дар мубориза ба муқобили тӯфони маккори баҳр ғалаба оварад, монда буд.

Комёбии “юриш–ҷаҳиши бузург” обрӯю эътибори маро боло бурд. Сарфи назар аз он ки Нобутака, писари сеюми княз Нобунага ба ҳайси сарвари рамзии мухолифони Митсихудэ баромад мекард, тамоми масъалаҳои банақшагирӣ ва гузаронидани шикори хоинон аз ҷониби ман ҳаллу фасл мешуданд. Баъди ғалабаи мо, бисёриҳо сарвари қабилаи Ода маро ҳисоб мекарданд, на Нобутакаро. Ва ман омодагӣ медидам он нафаре шавам, ки маро чунин меҳисобиданд.

Бо вуҷуди он ки унвони генералӣ доштам, аслу насаби паст ва мақоми доштаам имкон намедоданд, ки ба шумораи ворисони Нобунага шомил шавам. Писарони дуюм ва сеюми ӯ – Нобукатсу ва Нобутака дер боз интизори чунин лаҳзаи қулай буданд. Онҳо фарзандони ғайриқонунӣ ба шумор мерафтанд, зеро аз канизакҳо таваллуд шуда буданд ва расман ҳуқуқи ворисӣ надоштанд. Бо вуҷуди ин, ҳарду умедвор буданд, ки аз молу мулки падар мерос бигиранд ва соҳиби унвони сёгунро соҳиб шаванд. Як гурӯҳи вассалҳои Ода Нобукатсуро дастгирӣ мекард, гурӯҳи дигар бошад, номзадии Нобутакаро афзалтар мешумурданд.

Мубориза дар байни ин гурӯҳҳо, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои худ, номҳои ҳомиёни худро истифода мебурданд, бояд оғоз меёфт.

Дере нагузашта, баъд аз куштори княз Нобунага дар қалъа барои муайян кардани вориси қонунии ӯ шӯро даъват карда шуд. Барои иштирок дар машварат Нобукатсу ва Нобутака бо ҳамроҳии сарвассалҳо, ҳамчунин чор генерали қабила, аз ҷумла ман хозир шуданд.

Азбаски писарон аз ҳама бештар ба масъалаи дарёфти манфиати моддӣ ҳавасманд буданд, ба ҳама аҳли нишаст маълум гардид, ки ягон нафари онҳо аз падарашон истеъдоди сарвариро ба мерос нагирифтаанд. Онҳо дарҳол баҳсро дар бораи он ки кадоме аз онҳо ҳуқуқи бештари ишғоли ҷойи холишударо доранд, шурӯъ карданд. Бо гузашти вақт ва суханронии ҳар як иштирокчӣ ба тарафдории номзади худ тарсу ваҳм ҳамоно зиёд мешуд.

Тақдири ман дар болои мӯе истода буд. Княз Нобунага пуштибони ман, одаме буд, ки ба ман имконият дод аз гумномӣ баланд шавам ва мақоми намоёнро ишғол намоям. То он рӯзе, ки вай зинда буд, ҳасудони ман аз ҷумлаи вассалҳои Ода хусумати худро пинҳон нигоҳ медоштанд.

Вале агар акнун инони ҳокимият ба дасти онҳо гузаранд, онҳо маро мисли гамбускча маҷақ мекунанд. Пешравиҳои ман дар самти баланд шудани вазифаҳои нав ба нав кинаву адовати махсуси Сибатаро ба амал овард. Дар синну сол вай аз ман чордаҳ сол калонтар буд ва ҳамеша маро маҳмадоно, аҳли табақаи поён меҳисобид ва ба унвони самурай нолоиқ медонист. Ӯ хеле хушҳол мешуд, агар ба ҷойи болоравӣ дар вазифа, марги маро медид. Нобукатсу ва Нобутака ҷанҷол ва ба ҳамдигар носазогӯйро идома медоданд, ман бошам, аз Сибата, ки онҳоро наззора мекард, чашм намекандам. Вай ҳамеша ришу мӯйлаби пасткардашуда дошт ва ҳоло, ки бародарони угай ҷанҷол мекарданд, Сибата каме дуртар нишаста, табассум мекард ва манаҳашро мепучид. Баъд аз ин вай пай бурд, ки ман ӯро поида истодаам, ба ҷониби ман нигоҳи мағрурона партофт. Ин лаҳза гӯё ба гарданам шамоли сарди яхин вазида гузашт, вале нигоҳамро ба дигар тараф набурдам.

Ман тақрибан шунида истода будам, ки Сибата дар ҷониби муқобили охири толори пур аз одам нишаста, фикр мекард: “Соати ту ба наздикӣ фаро мерасад, Хидэёсӣ.

Интизор шав – ва хоҳӣ дид, ин чӣ гуна хоҳад буд”.

Ман медонистам, ки ӯ ҳақ аст, вале намехостам интизор шавам. Ман қарор додам, ки вақти амал кардан фаро расидааст. Ҳаёти минбаъдаи ман ба мавҷудияти қабилаи Ода зич алоқаманд буд. Ҳам барои ман ва ҳам барои қабилаи Ода ягона роҳи зинда мондан, – ҳоло ки ман чунин имконият дорам, ин дар вақташ омода намудани шароити зарурӣ барои ғасби ҳокимият мебошад. Ягон вақт аз ин пештар дар ҳаёти ман аз ин лаҳзаи қулайтар барои истифода бурдани вазъияти хатарнок ҳамчун имконияти созгор ва мубаддал намудани ноомади кор ба туҳфаи тақдир, пайдо нашуда буд!

Дар он муддате, ки писарон бо муштҳои худ якдигарро таҳдид мекарданд, ман ба утоқи ҳамшафати кӯдакона ворид шуда, набераи хурдсоли княз Нобунага, Самбосиро рӯйи даст гирифта, ба толори зал даровардам.

– Ҳамсафони гиромӣ, сарзаниши шумо комилан одилона аст, вақте ҳама ба тарафи ман баргаштанд, бо овози баланд гуфтам ман. – Вале имрӯз мо барои он дар ин ҷо ҷамъ омадаем, ки қарзи худро дар назди кишвар иҷро намоем, на барои он ки мубоҳиса дар мавзӯи валиаҳдӣ ташкил кунем. Аз ин рӯ, биёед аз иброз намудани ақидаҳои шахсӣ худдорӣ намоем ва масъаларо аз рӯйи адолат ҳал кунем, тавре инро урфу одати қадимӣ талаб мекунад. Ман дар дастам ягона вориси арзандаи княз Нобунага – набераи ӯ Самбосӣ, писари Нобутадаро нигоҳ дошта истодаам.

Нобутада ягона писари княз Нобунага буд, ки аз ақди никоҳи қонунӣ ба дунё омадааст. Бо ин суханони ман аз се генерали Ода ду нафараш розӣ шуданд, бинобар ин, аъзои шӯро ба ҷуз эътирофи Самбосӣ ҳамчун вориси қонунӣ роҳи дигар надоштанд. Бинобар сабаби он ки кӯдаки яксола худаш наметавонист идораро ба даст гирад, маро устоди ӯ таъин карданд. Дар натиҷа барои он шароит муҳайё карда шуд, ки ҷойи сарвари нави қабилаи Одаро одаме ишғод карда тавонад, ки дорои қобилияти зарурӣ бошад, на аз рӯйи аслу насаби хуб. Нигоҳи Сибата боз ҳам сардтар шуда буд, вале аз дасташ коре намеомад. Ман аз муодила омили аслу нажодро хориҷ кардам – акнун дар мубориза бо ман ҳарифонам метавонистанд танҳо ба хизматҳои шахсиашон умед банданд.

Онҳое, ки кӯшиш мекунанд зинда монанд – ва муваффақият ба даст оваранд – дар даврони хатарнок бояд “асрори зинда мондан”: ноомади корро ба комёбӣ мубаддал сохтанро, аз худ намоянд.

Тарсро аз байн баред Баъд аз ба қатл расонидани княз Нобунага бисёр сарвассалҳои қабилаи Ода ба афтодаруҳӣ гирифтор шуда, минбаъд чӣ кор карданашонро намедонистанд. Аммо то вақте ки онҳо дар ҳолати карахтӣ қарор доштанд, ман амал кардам. Сарварони қавӣ дарк мекунанд, ки амалиёти фаъол беҳтарин даво аз беҷуръатӣ мебошад.

Дар вазъияти хатарнок одамро аксар вақт тарс карахт мекунад. Тарс ҳиссиёте табиие мебошад, ки метавонад дар паси мизи машваратҳои масъулиятноки тиҷоратӣ ва ё майдони муҳориба пайдо шавад. Оё маро ҳисси тарс фаро гирифта буд, вақте ҳангоми ақибнишинӣ аз Канэгасакӣ омодагии худро барои ҳимояи ақибгоҳи артиш изҳор карда будам? Албатта! Ман ҳам ба мисли ҳама гуна одамон аз марг метарсам. Аммо дар самти мубориза бо тарс ман бартарии зиёд доштам. Ба туфайли тарбияе, ки ман дар шароити ниҳоят сахти камбизоатӣ гирифта будам, ҳамеша дар чунин андеша будам, ки чизи аз даст медодагӣ надорам.

Дар ҳолатҳои фавқулодда одамоне, ки дар бисоти худ чизи аз даст медодагӣ доранд, метарсанд ба ягон коре даст зананд. Онҳо чӣ гуна бояд тарси худро бартараф намоянд? Бояд ба ҳодисаҳо имкон дода шавад, ки дар навбати худ равон шаванд. Тавре дар зарбулмасали қадимаи чинӣ омадааст: “Ҳамаро тасодуф идора мекунад”. Кӯшиш кунед ба мисли ман аз ӯҳдаи бӯҳронҳо бароед: ҳар чӣ мумкин аст иҷро кунед, боқимондаашро ба қисмат умед бандед.

Маҳорати пахш кардани тарси карахткунанда ҳам дар майдони муҳориба ва ҳам дар ҷаҳони тиҷорат ба кор меояд.

Ба ин бовар кардан душвор аст, аммо дар ҳолатҳои фавқулодда ба сарварон осон аст, одамонро бовар кунонанд, ки аз паси онҳо раванд. Бигузор бӯҳронҳо дар симои мо сифатҳои сарвариро ошкор намоянд!

пешина
аз 30
навбатӣ