Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
МУЗОКИРОТ ВА ДИПЛОМАТИЯ
Аз ҳама қобилиятҳои лашкаркашӣ, ки маро машҳур кардаанд, ман бештар аз маҳорати худ дар идораи корҳои давлатӣ ифтихор мекунам. Ман ҳамеша дипломатияро аз ҷанг афзалтар медонистам. Аксарияти фатҳҳои ман бидуни хунрезӣ ба даст омадаанд, барои ҳамин бисёриҳо маро беҳтарин дипломат дар таърихи Ҷопон мешуморанд.
Агар шумо мехоҳед, ки бо душманони худ бидуни буридани сарҳои онҳо созишномаи судманд ба имзо расонед, пайравӣ аз муносибати ман ба нафъи шумо хоҳад буд.
Барои он ки чизе ба даст орӣ, аввал бояд чизе диҳӣ Маҳорати истисноии ёфтани дили одамон бароям кумак кард, ки устоди пеш бурдани машварату музокираҳо шавам. Солҳои дар оворагардӣ гузаронидаам, ба ман зинда мондан, умед бастан танҳо ба ақли худ ва роҳ ёфтан ба ҷойи пинҳонии замири инсонро омӯзонданд.
Зиндагӣ маро маҷбур кард, ки як дарси ниҳоят муҳимро азхуд намоям: ҳатто он касе, ки ниҳоят эҳтиёҷ дорад, вазъияти худро беҳтар мекунад, агар дар навбати аввал дар бораи ниёзҳои одамони дигар фикр кунад.
Ин принсипи фалсафӣ дар назари аввал содда менамояд, вале дар асл чунин нест. Танҳо як қисми ками одамон қодиранд худро ба ҷойи дигар одам тасаввур кунанд ва гирду атрофро бо чашмони вай нигаранд.
Ба ҳар сурат истифодаи ин принсип сарфи меҳнати махсусро талаб намекунад. Танҳо зарур аст, ки мавқеи дурусти ҳаётиро интихоб намоӣ.
Барои мисол, мавқеи ман чунин аст: ҳар дафъа, баъди вохӯрдани иттифоқчии эҳтимолӣ, аз худ мепурсам: “Чӣ кореро ман метавонам анҷом диҳам, то ки ҳузуру ҳаловати ин одам таъмин гардад?” Ва баъд ин корро иҷро мекунам!
Ба ҳама принсипи “ту ба ман, ман ба ту”ошно ҳаст.
Агар шумо меҳохед ин формуларо дар ҳақиқат самаровар намоед, ҷойҳои ҷамъшавандаи онро иваз кунед ва диққати асосиро ба он равона созед, ки ба шахси дигар чӣ дода метавонед. Сарвароне, ки умед доранд иттифоқчиёнро ҷалб намоянд, нахуст бояд ба дигарон кумак кунанд, то ки он чӣ мехоҳанд дарёфт намоянд. Вале чӣ гуна метавон фаҳмид, ки ба шахси дигар чӣ зарур аст? Барои ин аз вай пурсидани “Ту чӣ мехоҳӣ“ кифоя нест.
Ба шумо усули оддӣ, ки аз ду қадам иборат аст, кумак мекунад. Аввалан, кӯшиш кунед ба вазъи одами дигар ворид шавед ва вазъияти мавҷударо аз нуқтаи назари вай арзёбӣ намоед. Дуюм, ҳамаи он чизеро, ки ӯ мехоҳад нақл кунад, боддиқат гӯш намоед. Ҳамин ду қадамро иҷро намоед, ба шумо маълум мегардад, ки дигарон чӣ мехоҳанд.
Ин қобилият аст ва агар онро ба таври зарурӣ инкишоф диҳӣ, ҳангоми зарурати сару кор доштан бо иттифоқчиён ё душманон ба миён ояд, ба шумо хизмати хуб хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ бо Мототика, сарвари қабилаи Тёсокабэ ман маҳз ҳамин амалро таҷриба кардам.
Мототика, самурае буд, ки дар набардҳо обутоб ёфта, ба туфайли нотарсии истисноӣ тавонист тамоми ҷазираи Сикокуро фатҳ намояд. Барои таҳти як парчам муттаҳид намудани Ҷопон, ба ман лозим буд, ки ин қисмати кишварро тобеъ созам. Чун ҳамеша ман аз усулҳои дипломатӣ оғоз кардам. Ман ба Мототика хабар додам, ки агар ӯ ихтиёрона ба тарафи мо гузарад, метавонад ҳокимиятро дар ин қаламрав, ки бо чунин душворӣ ба даст овардааст, нигоҳ дорад.
Чунин пешниҳод дар таърихи стратегияи ҳарбии Ҷопон амсоли гушношунид буд. Вале, худро дар ҷойи вай тасаввур карда, фаҳмидам, ки аз ҳама бештар дар дунё ӯ мехоҳад соҳибмулки замине бошад, ки барои фатҳи он қувваи ниҳоят зиёд сарф кардааст. Дар баробари ин, кафолати иҷрои ин пешниҳодро барояш манзур намудам ва бо ин кор дафъатан эҳтимолияти то охирин сарбозаш ҷанг кардани Мототикаро кам кардам.
Дар ин ҳолат ҳам, ӯ ҳанӯз ба таслим шудан омода набуд. Баъд аз он, ки ман мукофот пешниҳод кардам, вақти бо шамшер таҳдид намудан фаро расида буд. Бо ин мақсад ба вилояти вай яксаду бист ҳазор аскар фиристодам.
Чунин намоиши қувваи мағлубнашаванда барои он рӯи даст гирифта шуда буд, ки беҳуда будани муқобилиятро нишон дода, аз хунрезии бемаънӣ пешгирӣ карда шавад – ва он натиҷа дод.
Мототика муборизаи бемаънӣ ва бе умедвории ғалаба ба даст оварданро дарк карда, ба таслимшавии бечуну чаро розӣ шуд, баъд аз ин, ман ба ваъдаи худ вафо кардам ва роҳбари пурраи вилоятро ба ӯ бахшидам.
Муносибати эҳтиромонаи ман қалби ӯро саршор аз сипосгузорӣ намуд ва аз ин баъд вай вассали вафодор гардид. Бо душманони мағлубшуда ва маҳкумшуда ҳамчун бо иттифоқчиён муомила кардан, бароям имкон дод, ки ҳамаи чор ҷазираи асосии Ҷопонро бе хунрезӣ фатҳ намоям. Қобилияти аз нуқтаи назари душман баҳо додани вазъият имкон медод, дарк намоям, ки онҳо чӣ мехостанд ва бо камоли майл ин хоҳишҳояшонро иҷро мекардам.
Сарварони хуб “асрори мубодила”: барои он ки чизе ба даст орӣ, аввал бояд чизе диҳиро, дарк мекунанд.
Дигаронро бубахшед Онҳое, ки фикр мекунанд, сарварон доимо душманонро таъкиб намуда, онҳоро бо қувваи афзалиятноки худ несту нобуд месозанд, иштибоҳ мекунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунин нест! Онҳо вазъияти мавҷударо аз нигоҳи душман арзёбӣ намуда, ба таври мувофиқ амал менамоянд. Истифода бурдани қувва ва хун рехтан танҳо дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин ва набудани дигар чора рӯй овардан мумкин аст.
Дар вақти пешравии артиши мо ба дохили ҷазираи Кюсю, ман ончуноне амал кардам, ки бо Мототика анҷом дода будам. Дар ин ҳолат ҳам бароям муяссар гардид, князи пуриқтидор Ёсихиса, сарвари қабилаи Симадзу ва лашкаркаши барҷастаро маҷбур созам, таслим шавад.
Андаке пеш аз ин, Ёсихиса тавонист бо артиши даҳшатноки худ қариб тамоми ҷазираро ба худ мутеъ созад ва нияти додани онро надошт. Ман якчанд маротиба барояш паём бо талаби таслим шуданро фиристодам, вале онҳоро бе ҷавоб монд. Баъд аз ин ман қарор додам, артишро барои ҳамла кардан ба сарзамини вай омода намоям.
Пеш аз бо зури қувва зада даромадан, ман дар муддати чанд моҳ ба ҷазираи Кюсю ҷосусонро зери либоси тоҷирон фиристодам. Ҳатто ман онҳоро ба ватани Ёсихиса, ба вилояти Сатсума фиристодам, ки аз он ҷо як қисми ками фиристодаҳои мо зинда бармегаштанд. Ман мехостам, ки ҷосусҳои мо дар бораи қабилаи Симадзу ҳарчӣ бештар маълумот ҷамъ намоянд. Бароям ҳама гуна маълумот шавқовар буд: устувории вазъият дар дохили оила, муносибат дар байни князҳо ва вассалҳо, баҳсҳо дар байни иттифоқчиён ва душманон, ҳамчунин харитаҳои ҷуғрофии ҷазира. Илова бар ин, ҷосусон дар дигар қабилаҳо корҳои иктишофӣ мебурданд, харитаҳои қасрҳои онҳоро тартиб медоданд, теъдоди артиш ва муносибати дуҷонибаи онҳоро бо оилаи Симадзу муайян мекарданд.
Танҳо баъд аз ба даст овардани маълумоти мукаммал, ман корро оғоз кардам. Таърихшиносон ин амалиётро барқвор ном бурданд, вале дар асл бошад, қабл аз он амали кашшофии ҷиддӣ ва ҳаматарафа анҷом дода шуд.
Дар байни генералҳои худ Ёсихиса князи обрӯманд ва шӯҳратпараст Акидзукиро махсус таъриф мекард. Ҷосусони мо хабар доданд, ки ӯ дигар вассалҳоро даъват менамояд, ки то охир мубориза баранд. Барои он ки шахси аз ҳама золим дар урдугоҳи душман аз байн бурда шавад, ман қарор додам, аз вай шурӯъ намоям.
Артиши генерал Акидзукӣ ҷасурона меҷангид, вале наметавонист дар муқобили неруи аз ҷиҳати шумора ниҳоят зиёд истодагарӣ кунад, бинобар ин, мулки вай ба дасти мо гузашт. Баъд аз он ки қувваҳои асоси ман қалъаи оилаи вайро муҳосира карданд, Акидзукӣ барои эълон намудани таслимшавии пурра ва бечуну чаро ба наздам ҳозир шуд.
– Шумо метавонед ҷони маро нигоҳ доред ё фармон диҳед, ки худамро ба ҳалокат расонам, – гуфт ӯ. – Ман ба тамом дар ихтиёри Шумо мебошам.
Овози Акидзукӣ қавӣ буд ва ман медонистам, ки ӯ ба қавлаш вафо мекунад, вале мушоҳида кардам, ки дастонаш каме меларзанд. Ҳатто самурайҳо вақти мурдан саросема намешаванд.
Бо ишораи ҷунбонидани сар нишон додам, ки мақсадашро фаҳмидам ва баъд бо эҳтиром аз ӯ пурсидам, оё ба ман мумкин аст, бастаи асбоби чойнӯшӣ, ки дар оилаи вай аз насл ба насл мегузарад, бубинам. Ӯ, ки шавқу завқи маро ба маросимҳои анъанавии чойнӯшиҳои ҷопонӣ медонист, ин бастаи асбоби чойнӯшро бо худ оварда буд, ҳамон лаҳза ҳамчун туҳфа ба ман тақдим кард.
– Шумо ниҳоят меҳрубон ҳастед, – гуфтам ба ӯ.
– Майли муқовимат кардан бо ман, барои чунин самурайи асил чун шумо, ин амали табиист. Акнун баъди таслимшавии Шумо, ман мехоҳам, ки дар байни мо ягон хусумат боқӣ намонад. Заминҳои Шумо таҳти ҳукмронии худатон боқӣ мемонанд ва чун ҳарвақта метавонед минбаъд онҳоро идора намоед.
Баъди шунидани ин суханҳо Акидзукӣ, ки интизори фармони иҷро кардани оини худкушӣ буд, забонаш аз сухан гуфтан монд. Аксуламали сарварони артиши ман, ки хунхории онҳо аксар вақт бар қобилияти хоксоронаи давлатӣ бартарӣ доштанд, айнан чунин буд. Вале ман кайҳо азхуд карда будам, ки дипломатияро бояд на танҳо пеш аз ғалаба, балки баъди он ҳам истифода бурд. На ҳар кас қодир аст, дар худ хоҳиши шикастани гардани душмани сарнагунгаштаро фурӯ нишонад ё артиши аз пирӯзӣ мастгаштаро аз таъқиби рақибон нигоҳ дорад. Сарварони аслиро бо ин сифату хислатҳо мешиносанд.
Хабар дар бораи он ки Акидзукии мағлубшуда идораи мулки худро идома медиҳад, дар байни князҳои ҷазираи Кюсю бо суръати фавқулодда паҳн шуд. Баъди ин, хабарҳо оид ба таслимшавӣ аз ҷониби дигар генералҳо пайдо шуданд. Онҳо низ ба мисли Акидзукӣ ба ман бастаи асбоби чойнӯшӣ ва арзишҳои оилавиро тақдим намуданд. Ҳамагӣ дар муддати як ҳафта баъди ҳамлаи мо ба Кюсю тактикаи ғайриоддии ман ба он оварда расонид, ки қисмати зиёди фармондеҳони Симадза аслиҳаро ба замин гузоштанд.
Аммо моро зарур буд, ки бо душмани аз ҳама даҳшатнок – бо худи Ёсихиса биҷангем.
Ман ба ин вохӯрӣ омодагии ҳамаҷониба дидам ва зери байрақи худ чоряк миллион аскарро ҷалб намудам. Дар муқоиса бо артиши ман қувваҳои вай ниҳоят ночиз менамуданд.
Ёсихиса бо маҳорати фавқулодда ҷанг мекард, вале дар ҳар сурат ман ғалабаи қатъӣ ба даст овардам. Ӯ байрақи таслимшавиро баланд намуда, ба қароргоҳи мо бо сари тарошида ва либоси сафеди роҳиб ҳозир шуд ва бо ин нишон дод, ки Роҳи Ҷанговарро тарк мекунад.
Собиқ ҳукумрони тамоми ҷазираи Кюсю омода буд сари сарбаланди худро дар назди ман хам кунад. Вассалҳои ман муҳофизони ӯро ба хаймаи ман роҳ надоданд, бинобар ин, танҳо ва бе шамшер ворид шуд.
– Ёсихиса, дар паҳлӯи ман бишинед, – ба курсии паҳлӯи худ нишон дода, гуфтам ман. Ман шамшерро аз камари худ гирифта, онро дар масофаи дасти дарозкардашуда аз самураи тавоно, ки ҳамагӣ чанд соат пеш душмани марговари ман буд ва санъати усулҳои ҷанги даст ба гиребони ӯ аз ман бартарии зиёд дошт.
– Барои он ки муҳофизони ман яроки шуморо мусодира карданд, узр мехоҳам, – узр хостам. – Баъзан онҳо ӯҳдадориҳои худро бо ҷидду ҷаҳди зиёд иҷро мекунанд.
Илоҷи дигар нест. Кӯшиш мекунам, сарзаниш кардани онҳоро фаромӯш накунам. Ҳозир бошад, – илова намудам ман ва ба шамшер ишора карда – агар хоҳед метавонед яроқи маро гиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё